Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 March 2015

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №140 аз 4.03.2015

 

Дар бораи батанзимдарории фаъолияти бозори «Яккачинор»-и Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»

 

Бо мақсади татбиқи чораҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва батанзимдарории фаъолияти бозори «Яккачинор»-и зертобеи Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» дар самти таъмини риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, оташнишонӣ, меъморию шаҳрсозӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 3, 6 ва 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» 

 

Қ АРОР     М Е К У Н А М:

1. Аз замимаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №5 аз 12 январи соли 2000 «Дар бораи тасдиқи ҷойгиршавӣ ва таъиноти бозорҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолиятдошта» аз сутуни 4-и мансуб ба бозори «Яккачинор» калимаҳои «хариду фурӯши парранда, ҳайвонҳои хурди хонагӣ ва хӯроки онҳо» хориҷ карда шаванд.

    2. Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» (Баротов Р.У.), риояи қатъии талаботҳои санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, оташнишонӣ, меъморию шаҳрсозӣ ва истифодаи мақсадноки ҳудуди бозори «Яккачинор»-ро ҷорӣ намуда, камбудию нуқсонҳои мавҷударо фавран бартараф ва нисбати масъулони ба чунин камбудиҳо роҳдода чораҳои интизомӣ андешида, аз натиҷаи он ба Раиси шаҳри Душанбе ҳисоботи мушаххас пешниҳод намояд.

     3. Ҳуқуқи истифодаи замини ба бозори «Якачинор»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» вобастабуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шуда, ҷиҳати ба танзим даровардани иншоотҳои истифодашаванда чораҳои таъхирнопазир андешадида шавад.

  4. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (Ҳабибов А.Ҳ.), Раёсати назорати давлатии байторӣ (Қармишев Б.Д.), Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ (Назаров И.Ҳ.), Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ (Файзуллоев Қ.Ф.), Раёсати ҳифзи муҳити зист (Раҳимов Т.К.) ва Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе (Абдуалимов Б.А.) назорати риояи талаботу қоидаҳои санитарию байторӣ, оташнишонӣ, муҳити зисту экологӣ ва меъморию истифодабарии замини ҳудуди бозори мазкурро таъмин намуда:

- дар ҳолати хуби санитарию эпидемиологӣ ва гигиенӣ нигоҳ доштани ҳудуди бозор, аз ҷумла, дӯкону мағоза ва ҷойҳои  фурӯши маҳсулот;

 - риояи талаботҳои  байторӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯштию ширӣ;

 - дар асоси аттестатсия ва шаҳодатномаи байторию санитарӣ  фаъолият намудани соҳибкорони ҳудуди бозор;

 - гузаронидани дастурамал ба фурӯшандаҳо бобати риояи талаботи қоидаҳои санитарию байторӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор;

 - ташкили фурӯши маҳсулот бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарӣ, аз ҷумла, сертификати сифат ва қоидаҳои нигоҳдорӣ;

 - пешниҳоди намунаҳои маҳсулот барои санҷиши озмоишӣ;

 - мунтазам гузаронидани сироятгудозии (дизенфексияи) ҳудуди бозор тибқи қоидаҳои байторию санитарӣ;

 - гузоштани қуттиҳои партовғундорӣ дар ҷойҳои муайянгардида;

  - таъмин намудани бозор бо аломатҳои ишоравӣ ва воситаҳои аввалиндараҷаи оташхомӯшкунӣ;

 - санҷиши риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ва меъмории биною иншоотҳои ҳудуди бозор ва хусусии гирду атрофи он;

-   муайян намудани сарҳад ва ҳудуди замини ба бозор вобастабударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

   5. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонзода С.Қ.) бартараф намудани савдои кӯчагиро дар гирду атрофи бозор ва риояи фосилаи таваққуфи нақлиётҳоро бобати банд нашудани роҳҳои мошингард дар рӯзҳои шанбею якшанбе, инчунин роҳ надодан ба хариду фурӯши парранда ва ҳайвонҳои хурди хонагӣ чораҳои мушаххас андешад.   

    6. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе  ҷараёни  иҷрои  Қарори  мазкурро тавассути  воситаҳои  ахбори омма инъикос намояд.

   7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе -  сарпарасти соҳа  гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ