«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 March 2015

13 марти соли 2015 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  иҷлосияи нахустини Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони тозаинтихоб  намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Вакилон бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида шурӯъ намуданд.

Дар иҷлосия тибқи рӯзнома  вакилон гузориши Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимоваро дар бораи натиҷаи интихоботи Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида, ваколати  70  нафар  вакилони  тозаинтихоби Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷумро тасдиқ намуданд.

Сипас, вакилон тибқи рӯзнома, аз ҷумла Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Низомнома «Дар бораи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе», интихоби раис ва аъзои онҳоро бо инобати дархосту пешниҳодоти ироашавандаи вакилон оид ба мукаммалсозӣ тасдиқ карданд.

Инчунин вакилони халқ тибқи рӯзномаи иҷлосия дар бораи пешниҳоди номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро якдилона ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Қобили зикр аст, ки  ҳайати интихобгардидаи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ буда, 22 нафар ихтисосмандони соҳаи саноату сохтмон, 16 нафар илму маориф, 8 нафар иқтисодчӣ, 6 нафар ҳуқуқшинос, 5 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ, 3 нафар соҳаи тандурустӣ, 3 нафар аҳли фарҳанг, 3 нафар соҳибкор, 3 нафар аз соҳаи технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ  ва 1 нафар варзишгар мебошад.

         Бояд таъкид дошт, ки дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум  8 нафар докторҳои илм ва 25 нафар номзадҳои илм шомил буда, дар маҷмуъ беш аз 41%-и вакилонро занон ташкил медиҳанд.