Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 March 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 146 аз 05.03.2015

 

Оид ба нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни занону ҷавондухтарон

 

Бо мақсади пешгирии омилҳои ифротгароёна, хурофотпарастию бегонапарастӣ, ташаннуҷи мазҳабӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор  мекунам:

1.Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни занону ҷавондухтарон, тибқи замима тасдиқ карда шавад ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ  дар  шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешанд.

2.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ