Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 March 2015

ҚАРОРИ РАИСИ   ШАҲРИ ДУШАНБЕ №155 аз 12.03.2015

 

         Дар бораи Барномаи гузаронидани

         озмуни «Авто-Бону - 2015»

 

         Муроҷиати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №3-49 аз 10-уми марти соли 2015 оид ба Барномаи гузаронидани озмуни «Авто-Бону-2015»-ро баррасӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда, такмили шаклу усулҳои кор оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатар идора намудани воситаҳои нақлиёт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Қарор мекунам:

1. Ба Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани озмуни «Авто-Бону-2015» дар шаҳри Душанбе санаи 13-уми марти соли 2015 аз соати 900 то 1800 дар пойгоҳи мошинронии ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнӣ иҷозат дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» сурат гирифта, баъдан қатораи автомобилҳои иштирокчиёни озмун бо мушоиати автомобилҳои патрулии Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мотосиклронҳои Клуби умумитехникии Ҷамъияти мададгори мудофиа ҳаракатро тавассути хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ-С.Шерозӣ-С.Айнӣ то пойгоҳи автомобилронии ба номи А. Турсунов ба роҳ монанд.

 3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонзода С.Қ.) таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳангоми гузаронидани озмуни «Авто-Бону-2015» таъмин намояд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин гардонад.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

                                          М. УБАЙДУЛЛОЕВ