Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 March 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №112-2 аз 19.02.2015

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

           Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2014, № 785 «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

    1. Нақшаи  чорабиниҳои замимагардидаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   тасдиқ карда шавад.

        2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  татбиқи ҳамаҷонибаи Нақшаи чорабиниҳои зикршударо таъмин намоянд.

        3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе  инъикоси васеи  Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

       4.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Қурбонова Р.А. гузошта шавад.                                

М. УБАЙДУЛЛОЕВ