Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 March 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 141 аз 04.03.2015

 

Дар бораи таъсиси Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №601 аз 9 сентябри соли 2014 “Дар бораи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва дар ин замина ҳамоҳангсозии фаъолияти  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, муассисаю ташкилотҳо, ҷамъиятҳои таълимӣ ва касбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои рушди кӯдак, оила, мактаб ва ҷомеа  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1. Дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Шӯрои рушди маориф таъсис дода шавад.

         2. Низомнома ва ҳайати Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд .

         3. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои фаъолияти Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе шароити мусоид фароҳам орад.

         4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ