Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 March 2015

№13  аз 17  марти соли  2015

Ба директори Шабакаи якуми

 Телевизиони Тоҷикистон

Самариддини Айниддин

 

Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо баррасии маводи телевизионии барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, ки 13 марти соли 2015  оид ба фаъолияти Боғи «Наврӯзгоҳ» ва фаввораҳою шаршараи он пахш гардид, бо нигаронӣ маълум медорад, ки зимни таҳияи мавод бо сӯистифода аз озодии баён ба таҳрифи воқеият роҳ дода нашавад.

Зеро Боғи «Наврӯзгоҳ» ва фаввораҳою  шаршараи он, тавре дар гузориши журналисти «закӣ» «воқеъбинона» зикр гашт, ки то ҳол барои нигоҳдорӣ роҳбарият надорад, гуфтанием, ки осуда бошанд, он бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 221 аз 20 майи соли 2014 «Дар бораи тасдиқи санади комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта» ба тавозуни Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» супорида шудааст ва мутобиқ ба он дар нигаҳдории иншоот Муассисаи мо масъулият дошта, вазифаашро иҷро менамояд.

Аз он, ки журналист рисолаташро танҳо дар истифодаи андешаи шахси ғайримасъул анҷомдода ҳисобидааст, қазоваташро ба ҳукми касбияташ ҳавола медорем.

Вобаста ба масъалаи дар ҳамин шабу рӯз фаъолият надоштани фаввораҳою шаршара, ҷойи таъкид аст, ки он аз хоҳиши журналист манша нахоҳад гирифт, балки ҳаст меъёри муқаррарӣ ва оғози мавсими хизматрасонӣ, ки аз ин солҳост сокинони шаҳр бархурдоранд.

 

Бо эҳтиром,                                              

Директори Муассисаи давлатии

«Наврӯзгоҳи пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар шаҳри Душанбе,                                                            Эшонқулов А.П.