Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 March 2015

Макон : МД «Наврӯзгоҳи пойтахт»

 ш.Душанбе                         24 марти соли 2015, 10-00

 Ҳозирини арҷманд!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Салтанати Наврӯзи байналмилалиро дар Ватани маҳбубамон, ки имрӯзҳо дар як силсила мамолики олам бо шодию сурури беандоза тантана дошта, бо ибтикори Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми воқеии худро ҳамчун самараи шууру тафаккур ва фарҳанги олии умумибашарӣ аз нав касб намудааст, ба ҳар яки Шумо  самимона шодбош гуфта, бароятон фараҳмандӣ, саодату нишот, сарфарозию пирӯзиҳои навинро аз даргоҳи Офаридгор таманно менамоем!

 Фарорасии Наврӯз - бедорӣ ва эҳёгарии табиат, баробарии шабу рӯзи баҳориро дар пай дошта, бо қудрату тавони азалӣ ҳамасола худро аз нав зинда месозад, зеро инсон ва табиат ду ҷузъи ба ҳам пайванду ногусастании офариниш буда, дар замири худ нерӯи таҳаввулотофаринеро дороянд, ки тавассути он метавонанд бо худии худ хештанро барои зиндагӣ аз нав эҳё намоянд. 

Мартабаи инсон дар ин омезиши баҳампайванди ҳастӣ ба маротиб бузургтар буда, имкон дорад бо ҷавҳари хирад, тафаккуру андеша, донишу таҷриба, кору пайкор, ибтикору амали созанда ва иродатмандии ба ӯ хос  олиҳаи табиатро  мутобиқ ба завқу салиқаи хеш боз ҳам зеботару дилоротар ҷилвагар сохта, ба ин васила рисолати инсонии худро дар мавриди беҳбудбахшии муҳити зисту зебоии табиат, ки дар оѓӯши он зиндагӣ дорем, бо камоли масъулият анҷом диҳад. 

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷараёни таҳаввулоти ҳазорсолаҳои худ Нарӯз - ин ҷашни шодиофарин, тавонист бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти мавҷудаи зиндагӣ ва рафъи мамониятҳои маснуъӣ, дар замири офарандагони ин фарҳанги воло мароми бебаҳои инсонпарварӣ, дӯстӣ, баробариву бародарӣ ва аз ҳама муҳимтар  матонати зиндагидӯстиеро парвариш ва таҳким бахшад, ки боиси ҷовидонияти ин ҷашни фархунда ва мавриди таваҷҷуҳу иродатмандӣ ва пайравии ҷаҳониён қарор гирифтани он гардад.

Наврӯзи бостон бо чеҳраи дилафрӯзу пироҳани  ҳамешаҷавони худ дар тӯли зиндагии мутамаддини инсоният ҳамчун омили бебаҳои ваҳдату якпорчагӣ, ҳамдилию ҳамраъйӣ ва зебоипарастиву ватанпарварӣ низ нақши муҳиме дошта, дар маҷмуъ рамзи ҳамоҳангсозии ваҳдати инсону табиат, замину саморо дар меҳвари ягонаи  коинот ифода мекунад.

Дар сатҳи давлатдорӣ ҳамасола ба таври бошукуҳ таҷлил намудани Наврӯз дар кишвари азизамон, баробари дигар омилҳои ваҳдатофарин барои ҳамгироию ҳамраъйӣ, таъмини ваҳдату рушди ҷомеаамон мусоидат менамояд.  

 Тавре Ҷаноби олӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми наврӯзиашон зикр намудаанд, боиси ифтихор мебошад, ки панҷумин солгарди ҷаҳонишавии Наврӯзро дар фазои суботу созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва ваҳдату эҳёгарии арзишҳои тамаддуни миллӣ таҷлил намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдории навинамон ва расидан ба марому ҳадафи ниҳоиямон -  таъмини шароити зиндагии арзандаву инкишофи озодонаи шаҳрвандони кишвар, заминаҳои устувор мегузорем.

Ифодаи равшани он иштироки фаъолонаи сокинони пойтахт дар интихоботи бавуқуъпайвастаи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад.  Бо истифода аз фурсат ба онҳо барои ширкати фаъолона ва мавқеашон самимона изҳори сипос менамоем.

Мо сокинони шаҳри Душанберо зарур аст, ки ҳамеша бо ташаббусҳои созандаву креативӣ дар пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ мақоми сазовор  ва ба худ хосро нигоҳ дорем. Ба ҳайси пешоҳангони тафаккури созандагӣ ва меросдорони рисолати бунёдкорӣ, бо илҳом аз нақши эҳёгарии Наврӯзи оламафрӯз дар шукуфоии ҳарчи бештари  шаҳрамон бояд ҳар яки мо саҳми шоиста гузорем. 

Расидан ба ин ҳадафи нек дар заминаи асосҳои муҳайёгардидаи ҳуқуқӣ, ки самараи воқеияти истиқлолияти миллист, аз мо  ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстиро, ки омили тараққиёту пешрафти минбаъда мебошад, тақозо менамояд.

Дӯстони азиз!

Чунон ки хабар доред, субҳи оламафрӯзи Наврӯз дар чор баландии шаҳр истиқбол гардида, корвони наврӯзпаём бо муждарасонӣ ба маҳаллаву шаҳракҳо барои таҷлили тантанаҳои наврӯзӣ раҳнамун гашта, феълан то ба Наврӯзгоҳ расидааст.

Умедворем, ки набзи Наврӯз бо софиҳои сафои қатраҳои шаршара муҳаббати зиндагиро, ки қимматарин эҳдои Офаридгор аст, дар қалби мову Шумо ҳамнаво  месозад.

Бори дигар фархундарӯзи ҷаҳон -Наврӯзро ба Шумо табрик гуфта, бо изҳори сипос аз ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи ин базми ҷамшедӣ саҳмгузоранд, ба кулли сокинону меҳмонони пойтахт саломатӣ,  комгорию муваффақият, хонадони обод ва бахту иқболи  беназирро орзу менамоем.

Хушбахтию пирӯзмандӣ насибатон бод, дӯстони азизу гиромиқадр!