Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 March 2015

27 марти соли 2015 дар ҳавзаи бисёрмандатаи шаҳри Душанбегии интихобот  оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи бавоситаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он аз 219 вакилон-интихобкунандагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 210 нафар ширкат варзиданд.

Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пӯшида аз ҷониби вакилон – интихобкунандагон номзадии  Худоёрзода Бахтиёр Тавар – Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи                Исмоили Сомонӣ, Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич – ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи Шоҳмансур, Раҳмонова Наргис Шарифовна – котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Сино, Шоев Нуралӣ Наботович- ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ ва Маҳмадсаид Убайдуллоев – Раиси шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби  Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамчун номзад пешниҳод гардидааст ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе интихоб гардиданд.

Бо анҷоми интихобот дар назди вакилон –интихобкунадагон аз номи аъзоёни тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои боварӣ ва изҳори иродаашон дар интихоби онҳо  ба ҳайси аъзогӣ ба ин мақоми олии қонунгузорӣ ба кулли сокинони шаҳр ва вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он изҳори сипосгузорӣ намуд.

Ҳамзамон М. Убайдуллоев бо даъвати институтҳои намояндагии шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт ба ҳиссагузории бемисл дар раванди ободонии Душанбешаҳр ва татбиқи барномаҳои иҷтимоии шаҳрдорӣ, ки баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаи  ҳар сокини пойтахт нигаронида шудааст, таъкид сохт, ки фиристодагони шаҳр дар Маҷлиси миллӣ потенсиали мавҷудаашонро дар роҳи таҳкими фазои қонунгузории кишвар баҳри эъмори ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёди дар асоси конститутсионӣ асолати дунявидошта бо истифода аз таҷрибаи дастовардҳои ҷаҳони мутамаддин раҳнамун месозанд.