Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 March 2015

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ифтихори таҷлили сазовори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 рӯзҳои 30 ва 31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе «Эстафетаи Хотира» доир мегардад.

Бо ин мақсад субҳи имрӯз - 30 март ҳайати бонуфузи иштирокчии Эстафетаи мазкур аз Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти сарварии узви Кумитаи масъалаҳои аграрии Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Жексенбай Дуйсебаев ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Меҳмононро дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Қурбон, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Ҷӯрахон Маҷидзода, Раиси Шӯрои Ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмат Қудратов ва Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ  Мизроб Саидов пешвоз гирифтанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи Эстафетаи мазкур, ки асосан чорабиниҳо дар Боғи Ғалаба  роҳандозӣ гардида, дар интиҳо шуълаи оташи фурӯзони ҷовидон аз Комплекси мемориалии «Ғалаба» дар капсула  баҳри тақвияти оташи ҳамсон дар расми истиқболи 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Москва гирифта мешавад,  ҳамзамон дар шаҳри Душанбе аксияи «Амвоҷи сабз» низ дар майдони «Ғалаба» доир мегардад.

Нимаи аввали рӯзи 31-уми  март мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати «Эстафетаи Хотира»-и Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат мегирад.