«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 March 2015

31 марти соли 2015 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ифтихори таҷлили сазовори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе «Эстафетаи Хотира» идома ёфт.

Ҳайати бонуфузи иштирокчии Эстафетаи мазкур аз Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти сарварии узви Кумитаи масъалаҳои аграрии Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Жексенбай Дуйсебаев бо ҳамроҳии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Қурбон, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Ҷӯрахон Маҷидзода, Раиси Шӯрои Ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Қудратов ва Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Мизроб Саидов ва дигар шахсони ҳамроҳикунанда дар Боғи Ғалаба бо иштироки ҳайати қаровули ифтихории Вазорати мудофиа  дар назди оташи фурӯзони ҷовидони Комплекси мемориалии «Ғалаба» гулчанбарҳо гузошта, шуълаи оташи мазкурро дар капсула баҳри тақвияти оташи ҳамсон дар расми истиқболи 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Москва, бо худ гирифтанд.  

Сипас, нимаи аввали ҳамин рӯз  меҳмонони олиқадр аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев  пазируфта шуданд.

Зимни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ибтикори роҳбарияти Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар иртибот ба ин иқдоми беназири эҳтиромгузорӣ нисбат ба фавтидагон, ветеранҳо ва кормандони ақибгоҳ-  таъминкунандагони Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки баҳри амалисозии ташаббуси Сарони кишварҳои  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шудааст, бо сипосмандӣ, нек арзёбӣ карда, зикр сохт, ки ин амал баҳри поси хотираи қаҳрамонони роҳи озодӣ аз фашизм, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қатори дигар мардумони Иттиҳоди Шӯрваӣ саҳми беназир гузоштаанд ва таблиғи зиндагии осоиштаю мусолиатомези халқҳои Сайёра дар ҷаҳони пуртазоди феълӣ басо ибратомӯз мебошад. Сазанда аст, ки баҳри сулҳу оромӣ ва пешрафти зиндагии мусолиатомези башарият, бо ибрат аз  ҷоннисориҳои ниёгонамон алайҳи ҳамагуна зуҳуроти номатлуби тафриқаангез тадбирҳои аввалиндараҷа андешем.

Ҳайати бонуфуз аз пазиройӣ ва муҳтавои андешаҳои иброздоштаи Раиси Маҷлиси миллӣ якояк изҳори сипос намуда, бобати дар Тоҷикистон бо ғамхориҳои арзанда фарогир будани маъюбон, иштирокчиён ва кормандони ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори сипос карда, эътимод бастанд, ки чунин анъана боиси таҳсин ва дастгирист.

Дар фарҷоми мулоқоти самимӣ аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев  иштирокчиёни «Эстафетаи Хотира»- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ду ҷониб бо медалҳои ҷашнии «70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида, бо ибтикори Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Раиси Маҷлиси миллӣ бо соати барои қаҳрамонони Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки  барориши  соли 1945 мебошад, қадрдонӣ карда шуд.