Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 April 2015

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе   аз 2 то 25 апрели  соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 28 апрели соли 2015 эълон  менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ҳуҷҷатҳои  зеринро:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи    

  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

 

ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

        Ба довталабоне, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва ё  донишкадаҳои  хориҷи кишварро бо ихтисоси сохтмони роҳҳои автомобилгард хатм намуда,  таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд, инчунин бевосита ба ҳайси пудратчӣ ва фармоишгари шоҳроҳ, роҳҳои автомобилгарди категорияҳои 1-3 фаъолият намудаанд, афзалият дода  мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 25 апрели  соли 2015.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо  телефони  221-62-56  муроҷиат  намоянд.

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе №177  аз  1 апрели соли  2015

  

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли

вазифаи директори  Корхонаи  воҳиди давлатии

«Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти

давлатӣ дар шаҳри Душанбе

  

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

         

                                    ҚАРОР МЕКУНАМ:

        1.Барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе   аз 2 то 25 апрели  соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 28  апрели  соли 2015 эълон карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                                М.УБАЙДУЛЛОЕВ