Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №173 аз 01.04.2015

 

   Дар  бораи  гузаронидани  чорабиниҳои

   гузариши колоннаи дӯстдорони мототсиклҳо

        

               Муроҷиати Ҷамъияти дӯстдорони мототсиклронҳо таҳти №40-266 аз 27-уми марти соли 2015 ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои гузариши колоннаи дӯстдорони мототсиклҳо дар кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанберо баррасӣ намуда, бо инобати муроҷиати Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе таҳти №795 аз 28 марти соли 2015, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор мекунам:

1. Ба Ҷамъияти дӯстдорони мототсиклронҳо, ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои гузариши колоннаи дӯстдорони мототсиклҳо санаи 4 апрели соли 2015 аз соати 1200 то соати 1600 дар  «Автодром»-и ба номи Турсунов иҷозат дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён бо хатсайри хиёбони Ҳ.Шерозӣ аз Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» сурат гирифта, баъдан қатораи иштирокчиён бо мушоиати автомобилҳои патрулии Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳаракатро тавассути баромад то чорроҳаи хиёбони Рудакӣ - Ҳ. Шерозӣ, собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳаракат ба тарафи рост бо хиёбони Рудакӣ то майдони Дустӣ, бо баромад ба хиёбони Рудакӣ – кӯчаи Бухоро, харакат ба тарафи чап бо кӯчаи Турсунзода, ҳаракат ба тарафи рост бо кӯчаи Шотемур, майдони Заводи пивобарорӣ, кӯчаи Дӯстии халқҳо, ҳаракат ба тарафи чап бо кӯчаи Айнӣ то километри 7-ум -«Автодром» ба роҳ монанд.

3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонзода С.Қ) таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳангоми гузариши колоннаи дӯстдорони мототсиклҳо дар кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе таъмин намояд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин гардонад.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ