Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №163 аз 17 марти соли 2015

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар иншооти «Азнавсозии кӯчаи Зебуниссо (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ 

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар иншооти «Азнавсозии кӯчаи Зебуниссо (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ)», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракати роҳ» 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.  Дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Зебуниссо, аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ марҳила ба марҳила бо инобати анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар як самти ҳаракати роҳ ва гузаштан ба самти дигар, аз ҷумла:

- аз кӯчаи М.Мастонгулов то гардиш ба даромади Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати таъминоти сузишворӣ», аз 7 апрели соли 2015 то 20 апрели соли 2016;

- аз гардиш ба даромади Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати таъминоти сузишворӣ» то кӯчаи С.Айнӣ, аз 21 апрел 30 декабри соли 2016 ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ карда шаванд.

2.           Вобаста ба муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Алиев А.), шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Насимов А.Ғ.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе (Камолов Ф.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро, ки аз иншооти «Азнавсозии кӯчаи Зебуниссо (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ)» мегузарад, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот ворид намоянд.

3.      Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва пудратчии асосӣ, вобаста ба тағйири ташкили ҳаракат дар роҳ, дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёт  дар роҳ таъмин намоянд.

4.       Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри   Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад, ки барои танзими мунтазами алоқаи нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти  зикргардида, барои бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ҷораҳо андешад.

5.       Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият доранд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри   Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе хамаҷониба мусоидат намоянд.

6.       Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С.Қ.) барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас  андешад. 

7.       Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

8.            Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ