Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 April 2015

6 апрели соли 2015 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа пеш аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев  аз ҷараёни баррасии муроҷиатҳои қаблии фаъолони пойтахт дар ҷаласаҳои гузашта натиҷагирӣ намуда, идома бар он таваҷҷуҳи масъулинро ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли ҷорӣ, иҷрои нишондодҳои барномавӣ оид ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷамъоварии барзиёди андозҳо ба буҷети шаҳр  нигаронида, дастур фармуд дар ин самт тамоми потенсиали мавҷуда баҳри фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи сокинон сафарбар карда шавад.

Ҳамзамон зикр сохт, ки зиёда аз 114 фоиз иҷро гардидани қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ  имкон фароҳам хоҳад овард, ки барномаҳои иҷтимоии шаҳр беш аз пеш муваффақона таъмин гарданд.

Бо инобати анҷоми мавсими зимистонгузаронӣ  ва бо мақсади роҳандозии омодагиҳои фарогир  ба тирамоҳу зимистони навбатӣ дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар гардид, ки лоиҳаи Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе бо  дақиқ намудани нақшаҳои реалии фаъолияти самарабахш ва вазифаҳои сохторҳои муҳандисии хизматрасону роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ то 15 апрели соли ҷорӣ баъд аз ба мувофиқа расонидан бо раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои ба тасвиб расонидан ба Раиси шаҳр пешниҳод карда шавад.

Гузашта аз ин дастур гашт, ки то 1 июни соли 2015  фаъолияти шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар шаҳр аз ҷониби комиссияи босалоҳияти ҷамъиятӣ ва прокуратураи шаҳр оид ба риоя ва таъмини иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» мавриди санҷиш қарор дода шавад.  Ҳамзамон баҳри мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва таъмини волоияти қонун дар пешбурди фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар шаҳр роҳбарони сохторҳои марбута  муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати роҳ надодан ба санҷишҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор чораҳои муассир андешанд.

Дар иртибот ба таъмини хизматрасонии бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва дар хатсайрҳо ҳамарӯза, шуруъ аз 15 апрел аз соати 6-и субҳ то 70 фоизи иқтидор сафарбар кардани воситаҳои нақлиёти коммуналию хусусӣ дар ҷаласа масъулини соҳа вазифадор карда шуданд. Инчунин баҳри коҳиш додани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳр муқаррар карда шуд, ки ибтидо аз 9 апрел воридшавии ҳамагуна воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрии мусофиркашонӣ ба ҳудуди шаҳр манъ дошта шуда, таваққуфи онҳо дар чор даромадгоҳҳои шаҳр муайян карда шавад.

Дар ҷаласа, ҳамзамон масоили таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию экологӣ, чун самти бебозгашт идомабахшии бартарафсозии сохтмонҳои худсаронаи иҷтимоӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо ва тақвияти чораҳо алайҳи ғасби худсаронаи замин, вусъати корҳои сабзкорию ниҳолшинонӣ, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, 11 апрел мутобиқ ба Қарори марбутаи Раиси шаҳр сафарбарсозии аҳли ҷамоатчигӣ ба маъракаи оммавии ниҳолшинонию ободонӣ, назорати роияи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъ доштани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калон  дар қаламрави шаҳр, безараргардонии сагҳои дайду, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо, раҳнамунсозии зарфияти соҳибкорон, сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию аҳли ҷомеа, сокинону субъектҳои хоҷагидорӣ дар ободонии роҳҳои дохилишаҳраку маҳаллагузар, роҳандозии либоси ягонаи таъинотӣ дар тамоми субъектҳои хизматрасонӣ ва роҷеъ ба иҷрои нишондодҳои Сарвари давлат бобати ҷудо намудани қитъаи замини зарурӣ дар шаҳр баҳри бунёди «Муҷассамаи Модар»  ва маҷмааи кӯдакон бо номи «Меҳри Модар» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас  ироа гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт ва дар доираи салоҳияти шаҳрдор муроҷиати ҳар кадоме баррасию қонеъ  карда шуданд.

Дар идома бар он, бо вуҷуди ҳамарӯза қабул ва мавриди баррасӣ қарор доштани муроҷиатҳои шаҳрвандон тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва почтаи электронии шаҳрдорӣ, инчунин тариқи шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дастур гардид, ки баҳри баровардагии ниёзҳои сокинон қабули шаҳрвандон таври васеъ ва муосир чун анъана дар шаҳраку маҳаллаҳо  низ доир карда шаванд.