«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 April 2015

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  аз 7 то 30 апрели  соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 5 майи  соли 2015 эълон менамояд.

 

        Довталабон барои ишғоли мансаби холии мазкур ҳуҷҷатҳои зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод   намоянд:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 

  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома.

            

       Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ  ва ё хориҷи кишварро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намуда, дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд,  афзалият дода мешавад.

        Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

        Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 30  апрели соли 2015

        Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи  кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд. Тел: 221-62-56, 221-35-68.

Қарори раиси шаҲри Душанбе №186  аз  3  апрели   соли 2015 

 

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли

мансаби холии маъмурии хизмати давлатии

мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии 

дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

          

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1.Барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе   аз 7 то 30 апрели  соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар  аз 5  майи  соли 2015 эълон карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                            М. УБАЙДУЛЛОЕВ