«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 April 2015

 

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 113-1 аз 19.02. соли  2015

 

           Дар бораи танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти

           боркаш  ва  фаъолияти  онҳо  дар  ҳудуди марзию

           маъмурии шаҳри Душанбе

 

                   Бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар кӯчаю хиёбонҳо, пурра аз байн бурдани таваққуфи онҳо дар назди бозору марказҳои савдо, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

 

Қарор мекунам:

                1. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

              -бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 таҳти №569 «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудият-ҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум» ҳамасола аз 1 июн то 31 август ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм шудани ҳарорати рӯзонаи ҳаво бо дастрасии ҳуҷҷати расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар роҳҳои автомобилгарди мумфарши шаҳри Душанбе аз соати 1000 то 1900 бо сарборӣ ба меҳвари ягона зиёда аз 6 тонна қувва маҳдуд намоянд;

     -назорати риояи талаботи «Қоидаҳои ҳамлу нақли бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бобати ҳамлу нақли борҳои пошхуранда (сыпучий груз) ба иншоотҳои сохтмонии шаҳри Душанбе таъмин намоянд;

     -ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши иқтидори бор-бардориашон зиёда аз 10 тонна, ки интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайраро ба марказҳои савдо, бозорҳо, анборҳо ва дигар макони таъинот амалӣ менамоянд, дар роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе аз соати 2200 то 500 дар мавсими гармо (аз 1 апрел то 1 октябр) ва аз соати 2000 то 600 дар мавсими сармо (аз 1 октябр то 31 март) маҳдуд намоянд;

      -ҳаракати транзитии воситаҳои нақлиёти боркаши байналмилалӣ, инчунин воситаҳои нақлиёти вазну андозаҳояшон аз меъёрҳои муқаррар- шуда зиёдро тавассути роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе тибқи талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №212 аз 2 майи соли 2007 «Дар бораи ҳаракати транзитии воситаҳои нақлиёти байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили терминалҳои назди сарҳадӣ» ва №779 аз 28 декабри соли 2006 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн аз андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» ба роҳ монанд;

      -ҷобаҷогузории аломатҳои дахлдори роҳро вобаста ба маҳдудияти муқарраршуда дар асоси стандарти давлатии ГОСТ 23457-86 «тартиби истифодабарии воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ» таъмин намоянд;

     -назорати ҳаракати воситаҳои нақлиётро бо дарназардошти маҳдудият-ҳои муқарраршуда таъмин намуда, барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли хавфнок, гаронвазн ва калонҳаҷм дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми шаҳр аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, чораҳои зарурӣ андешанд.

       2. Муқаррар карда шавад, ки дар ҳолати иҷрои корҳои роҳсозӣ, сабзкорӣ, инчунин ҳангоми фалокатҳои табиӣ, садама ва ҳолатҳои фавқулода ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе иҷозат дода мешавад.

       3. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо дар ҳамбастагӣ бо Прокуратураи шаҳри Душанбе, ҷалби шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ҷиҳати барҳам додани истгоҳҳои ғайрирасмии воситаҳои нақлиёти боркаши дар ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди шаҳр худсарона ташкилгашта ва ҷойгир намудани онҳо дар ҳудуди корхонаҳои нақлиётӣ ё корхонаю муассисаҳои дорои имконияти зарурӣ, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин,                ба танзим даровардани фаъолияти онҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои муайян, тадбирҳои мушаххас андешанд.

             4. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута имконияти дар даромадгоҳҳои ғарбӣ ва шимолии шаҳри Душанбе ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони терминалҳои боркашонӣ, марказҳои логистикӣ, инчунин, дар шафати роҳҳои автомобилгарди даромадгоҳҳои шаҳр, ташкил намудани нуқтаҳои назорати вазнӣ-андозавии воситаҳои нақлиёти боркашро ҳамаҷониба омӯхта, аз рӯи имкониятҳои мавҷуда бо мақсади сохтмони иншоотҳои инфрасохтории роҳҳо таклифҳои асоснок пешниҳод намоянд.

       5. Аз Прокуратураи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки  дар  ҳамкорӣ  бо Раёсати Вазорати  корҳои  дохилӣ дар  шаҳри Душанбе, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, ҷиҳати мақсаднок истифода гардидани таваққуфгоҳҳои нақлиётии қаламрави шаҳр санҷиши пурраи иншоот-ҳои мазкурро гузаронида, баҳри дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда ва аз рӯи таъинот ба роҳ мондани фаъолияти онҳо чораҳои қонунӣ андешанд.

      6. Қарори мазкур ҷиҳати бакайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

               7. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикос ва рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

              8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ