Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 April 2015

Комисияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №179 аз 1 апрели соли 2015 «Дар бораи баргузории тендер» ҷиҳати интихоби пудратчии асосии иншооти «Соҳилмустаҳкамкунии дарёи Душанбе, мавзеи якҷояшавии дарёҳои Душанбе ва Кофарниҳон дар маҳаллаи Гулбутта (шафати ҳавзаҳои биологӣ)»


ТЕНДЕР ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУДИ ДОВТАЛАБОН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

 Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ бо тахассуси сохтмонӣ ва иҷозатнома барои корҳои сохтмонӣ, иштирок карда метавонанд.

      Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниход намоянд:

  1. Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер (то санаи 22 апрели соли 2015);
  2. Пешниҳоди тендерӣ;
  3. Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда (низомнома ё оиннома);
  4. Иҷозатнома (Литсензия) барои иҷрои корҳои сохтмонӣ;
  5. Гувоҳиномаи Нозироти андоз ва гувоҳиномаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ оид ба мавҷудияти қарзҳо;
  6. Маълумотнома оид ба ҳаҷми корҳои иҷронамуда дар 3 соли охир;
  7. Маълумотнома оиди базаи моддӣ-техникии корхона;
  8. Таъминоти пешниҳоди тендерӣ дар ҳаҷми 1%-и арзиши умумии пешниҳоди тендерӣ (Кафолати бонкӣ);
  9. Пешниҳоди нусха аз тарафи Нозироти андоз тасдиқшудаи тавозуни муҳосибии соли 2013-2014;
  10. Харҷномаи иншоот мувофиқи тартиби муқарраргардида;
  11. Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер.

 Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ, довталабон метавонанд ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, бо суроғаи кӯчаи Н. Карабаев-24, бо телефонҳои     233-73-52,    221-14-45 ба ҳамоҳангсози гузаронандаи тендер муроҷиат намоянд.

Рӯзи гузаронидани тендер: 29 апрели соли 2015, соати 15:00

Макони баргузории тендер: Бинои Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе,     кӯчаи Неъмат Қарабоев-24

Эзоҳ: Мӯҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 17:00-и 27 апрели соли 2015.

 

 

  ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №179 аз 1 апрели соли 2015

                Дар бораи баргузории тендер

Бо мақсади иҷрои Амри Раиси шаҳри Душанбе №295 аз 30 декабри соли 2014 ҷиҳати интихоби пудратчии асосии корҳои сохтмонии иншооти «Соҳилмустаҳкамкунии дарёи Душанбе, мавзеи якҷояшавии дарёҳои Душанбе ва Кофарниҳон дар маҳаллаи Гулбутта (шафати ҳавзаҳои биологӣ)» бо инобати Протоколи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №36 аз 24 феврали соли 2015, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 23 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 12-14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳодшуда оид ба интихоби пудратчии асосии иҷрои корҳои сохтмонии иншооти «Соҳилмустаҳкамкунии дарёи Душанбе, мавзеи якҷояшавии дарёҳои Душанбе ва Кофарниҳон дар маҳаллаи Гулбутта (шафати ҳавзҳои биологӣ)», дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

2.Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Шарифов З.Р.) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» (Анваров С.С.), мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда эълон ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер таъмин намояд.

3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Хайруллоев Н. гузошта шавад.

                                                                           М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замима

Ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№179 аз 1 апрели соли 2015

  

Ҳайати

Комиссияи тендерӣ барои интихоби пудратчии иҷрои корҳои сохтмонии иншооти «Соҳилмустаҳкамкунии дарёи Душанбе, мавзеи якҷояшавии дарёҳои Душанбе ва Кофарниҳон дар маҳаллаи Гулбутта (шафати ҳавзаҳои биологӣ)»

 

1.

Кобулиев З.В.

-директори Институти масъалаҳои об, гидротехника ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия (дар асоси мувофиқа);

 

 

Аъзои Комиссия:

2.

Раҳимов Т.К.

-сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе;

3.

Алиев С.А.

-раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;

4.

Исупов Ф.А.

-директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»;

5.

Анваров С.С.

-сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

6.

Кенҷаев М.М.

-сардори Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе;

7.

Лақаев Ҷ.С.

-директори Муассисаи давлатии Маркази татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Душанбе, дорои сертификати харид.