Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 172-1  аз 31.04.2015

 

Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокии қубури Ø = 300 мм, воқеъ дар кӯчаи Гагарини ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 

         Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №1/95-1 аз 27 марти соли 2015 - ро баррасӣ намуда, бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №575 аз 19 декабри соли 2015 «Дар бораи ѓолиби тендер»  оид ба «Азнавсозии кӯчаи Гагарин (аз хиёбони Рӯдакӣ то маҳаллаи Хуҷамбиё)», ҷиҳати пайваст намудани қубури Ø=300мм ба қубурҳои амалкунанда дар кӯчаи Гагарин, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

               1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои мувофиқагардидаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба  муваққатан аз соати 800 рӯзи 14 то соати 800 рӯзи 15 апрели соли 2015 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури  Ø=300мм, воқеъ дар кӯчаи Гагарин,  ҷонибдорӣ карда шавад.

              2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни пайваст намудани қубури Ø=300мм ба қубурҳои амалкунанда, воқеъ дар кӯчаи Гагарин, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Ҳ.Ҳакимзода, З.Нозим, Лутфӣ, Темурмалик, Охунбобоев, Гулистон, П.Толис, Ҳамзалиев, Ҳазора, М.Осимӣ ва Куприн қатъ мегардад.

              3. Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

               4. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонов А.Ҷ. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш, сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

                   5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

                   6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.  гузошта шавад.

 

                                                                                 М.УБАЙДУЛЛОЕВ