Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 April 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе №180 аз 02.04.2015

 

Дар бораи баргузории чорабинии авто-мототсиклронӣ (авто-мотопробег) бахшида ба ҷашни 70-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе

 

Муроҷиати Намояндагии Россотрудничества дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2015 таҳти  № 45-21-ро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор мекунам:

1.  Ба Намояндагии Россотрудничества дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маросими оғози авто-мототсиклронӣ (автомотопробег) бахшида ба ҷашни 70-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе рӯзи 25 апрели соли 2015, дар  Боғи «Ғалаба» ва гузашт тариқи кӯчаҳои Шотемур, Шероз ва хиёбонҳои  Исмоили Сомонӣ-Нусратулло Махсум тавассути баромад ба дарвозаи Ғарбии шаҳри Душанбе, ки тибқи хатсайри «Душанбе–Турсунзода» мегузарад, иҷозат дода шавад.

2.  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», шуъбаи фарҳанги Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Россотрудничества дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур чораҳои амалӣ андешанд.

3.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷойи баргузории ин чорабинӣ тадбирҳои лозимӣ андешанд.

4.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

М.Убайдуллоев