Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 April 2015

Қарори РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №193 аз 8.04.2015

 

Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори

беҳтарини  шаҳри Душанбе дар соли 2014»

 

       Бо дарназардошти саҳми арзандаи  соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети шаҳри Душанбе ҷиҳати муттасил баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаву созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муҳайё  намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №224 аз 6 апрели соли 2010 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 5 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя  ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

                   1.Протоколи замимагардидаи ҷаласаи Комиссияи озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2014» аз 7 апрели соли 2015 тасдиқ ва дар ҳар як номинатсия ғолиби озмун эътироф намудани соҳибкорони зерин:

                   I.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи шири Саодат» Комилов Илҳом Наврӯзович – номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ»;

                   II. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Техноинвест»  Раҷабов Файзалӣ Қурбоналиевич - номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»;

                   III.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпромнефть – Таджикистан» Мирзоев Фарҳод Султонбекович - номинатсияи «Савдо»;

                   IV.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Тоҷикинтурсервис» Қобилов Зафар Наримонович - номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;

                   V. Филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷина»- МТФ «Рамашка» Муҳаббатов Қурбоналӣ Абдулҳаевич - номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ»;

                   VI.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ИИ Нассоҷии Тоҷик» Ҷомаҳмадов Хушмаҳмад Ҳасанович - номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»;

                   VII.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиб барои Шумо» Ҷаборов Фаридун Маҷидович - номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

                   VIII. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сити Сервис» Умаров Игор Қувватович- номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология»;

                   IX.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саманд 2010»   Фаткулаев Қосим Махмедович- номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»;

                   Х.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» Муҳабатов Муфарах Муминҷонович - номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ»;

                   XI.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомонтаъминот» Хидиров Саидраҳмон Шарифович – номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук»;

                   XII. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Интер» Остонаев Мансур Муртазоевич - номинатсияи «Хӯроки умум»;

                   XIII. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» Никитин Денис Александрович - номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ»;

                   XIV.Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Континент-Инвест» Шарипов Сафаралӣ - номинатсияи «Хизмати маишӣ»;

                   XV.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эр-Граф» Раҷабов Суҳроб Тоирович - номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама»;

                   XVI. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» Ҳукматов Тоҳир Мирзошоевич- номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо»;

                   XVII. Муассисаи таълимии «Гимназияи хусусии Ҳиммат» Ғайратов Қубодулло Ҳиматович - номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ»;

                   XVIII. Муассисаи ҳафтаномаи  «Тоҷикистон» Ҳамдамов Шариф - номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ» тасдиқ карда шаванд.

                   2.  «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2014» ғолиби номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ» Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» (Никитин Денис Александрович) - дониста шавад.

                   3.  Ғолибони озмун аз рӯи ҳар як номинатсия бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2014» ғолиби номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ» Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» - Никитин Денис Александрович бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва Ҷоми фахрии Ғолиб, дигар довталабон – иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  сарфароз  гардонида  шаванд.

        4.Муқаррар карда шавад, ки:

- супоридани Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравии  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дар расми таҷлили  Рӯзи пойтахт сурат мегирад;

- пардохти хароҷоти ташкилу баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, инчунин таъсиси мукофотҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ғолибони озмун аз ҳисоби маблағҳои махсуси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардонида мешаванд.

                   5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намуда, интишори онро дар васоити чопию электронӣ ба роҳ монад.

                    6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ