Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 April 2015

                                       

              ҚАРОРИ Раиси шаҳри Душанбе  №194  аз 8 апрели соли 2015                       

   Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин

   тарабхона, меҳмонхона ва ошхона дар соли 2014»

 

       Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ барои беҳтарин дастовардҳо ба меҳмонони хориҷӣ, сокинони шаҳри Душанбе ва зина ба зина рушду нумуъ ёфтани сатҳи хизматрасонӣ, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардондани субъектҳои хочагидории хизматрасонӣ, инчунин, рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Душанбе, таҳкими муносибатҳои судманд бо сектори хусусӣ ва муҳайё намудани шароити созгор барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №360 аз 28 августи соли 2011 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 5 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

      1. Протоколи замимагардидаи комиссияи озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона дар соли 2014» №1 аз 11 апрели соли 2014 оид ба ғолиби озмун эътироф намудани соҳибкорони зерин:

 

Беҳтарин меҳмонхона

ҶДММ «Ҳаятт Реҷенси Душанбе»;

 

 

Беҳтарин тарабхона

ҶДММ «Шом-7»;

 

Беҳтарин ошхона

ҶДММ «Мерве»;

 

тасдиқ карда шавад.

 

     2. Ғолибони  озмун  бо  Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе ва Ҷоми фахрии Ғолиб сарфароз гардонида шаванд.

     3. Муқаррар карда шавад, ки:

     - супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҷоми фахрии Ғолиб аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дар расми таҷлили Рӯзи пойтахт сурат мегирад;

     - пардохти хароҷоти ташкилу баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, инчунин таъсиси мукофотҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои махсуси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардонида мешаванд.

     4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намуда, интишори онро дар васоити чопию электронӣ ба роҳ монад.

    5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ