Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №195 08.04.2015

 

           Дар бораи натиҷаи озмунҳои шаҳрии  «Мактаби сол - 2014», «Директори сол - 2014», «Муаллими сол - 2014», «Кӯдакистони сол -2014», «Мудири кӯдакистони сол - 2014», «Мураббии сол - 2014», «Синфи беҳтарини сол - 2014», «Волидайни беҳтарини сол - 2014»

 

  Бо  мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии моддии  кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз буҷети  шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ мешаванд ва бо инобати Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №243-22 аз 25 декабри  соли   2014   дар  бораи  «Ҳисоботи Раиси  шаҳри  Душанбе М. Убайдуллоев  «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2014, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2013»,  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе  №136 аз 12  октябри соли 2000  «Дар бораи чораҳои такмили фаъолияти  муассисаҳои  таълимӣ  дар  шаҳри  Душанбе»,  № 224    аз 19 майи  соли  2006 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии  моддӣ - маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт», №743 аз 4-уми декабри соли 2012 «Дар бораи  баргузории озмуни шаҳрии «Волидайни беҳтарини сол-2014» , бо дарназардошти қарори  Кумитаи  тадорукоти  озмунҳои  касбӣ  аз  3 апрели соли 2015, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 35 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.  Протоколи замимагардидаи Кумитаи тадорукоти озмунҳои шаҳрии  «Мактаби сол-2014», «Директори сол-2014», «Муаллими сол-2014», «Кӯдакистони сол-2014», «Мудири кӯдакистони сол-2014», «Мураббии сол-2014», «Синфи беҳтарини сол-2014» ва «Волидайни беҳтарини сол-2014» №1 аз 3 апрели соли 2015 тасдиқ карда шуда:

 а) ба ғолиби озмуни «Мактаби сол-2014» - коллективи меҳнатии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 (директораш Суробова Салима)  ---  ноҳияи Фирдавсӣ  Раёсати ҳисоби хоҷагӣ, баҳисобгирӣ ва     тақсимоти  манзили  шаҳри  Душанбе   тибқи  талаботи  санадҳои меъёрии   ҳуқуқии амалкунанда як хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда, барасмиятдарории онро таъмин намояд;

б) ғолиби озмуни «Директори сол-2014» - директори гимназияи № 53  Боронов Азизбек  бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000  (се ҳазор)  сомонӣ  сарфароз гардонда шавад;

    в) ғолиби озмуни «Муаллими сол-2014» - муаллимаи фанни таърих ва ҳуқуқи гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри  Душанбе  Қувватова Рафоат бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад;

   г)  ғолиби озмуни «Кӯдакистони сол -2014»-  кӯдакистони № 118 ноҳияи Сино  (мудираш Акобирова Гулчеҳра)  дар  ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад;

   ғ) ғолиби озмуни «Мудири кӯдакистони сол-2014» - мудири кӯдакистони № 135 ноҳияи Фирдавсӣ Сабзаева Фазилат  бо мукофотпулӣ  дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ сарфароз гардонда шавад;

  д)  ғолиби озмуни «Мураббии сол-2014» - мураббии кӯдакистони №46  ноҳияи Шоҳмансур  Сафарова Парвина  дар ҳаҷми  1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ мукофотонида шавад;

  е)  ғолиби  озмуни  «Синфи  беҳтарини  сол-2014» -  коллективи синфи 10«ғ» муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 ноҳияи Фирдавсӣ бо Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  роҳбари ҳамин синф  Зумратов  Азизбек дар ҳаҷми 1000 (як ҳазор)  сомонӣ ,  сардори синф  Отаева  Рамзия  500 (панҷсад)  сомонӣ, 34 (сиву чор)  нафар хонандаи синф ҳар кадоме дар ҳаҷми  400 (чорсад)  сомонӣ   сарфароз  гардонида шаванд:

ё) ғолиби озмуни «Волидайни беҳтарини сол-2014» Нурова Шаҳло,  аз  гимназияи  №1  барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе   дар ҳаҷми 5000 (панҷ  ҳазор)  сомонӣ мукофотонида шавад:

2. Кӯдакистони № 52 ноҳияи Фирдавсӣ (мудираш  Сайвалиева Ҳабиба) барои ишғоли ҷойи 2-юм дар озмуни «Кӯдакистони сол-2014» бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми  1500 ( як ҳазору панҷсад) сомонӣ қадр карда шавад.

3. Кӯдакистони № 79  ноҳияи Шоҳмансур  (мудираш Гулова Майсара)  барои ишғоли ҷойи 3-юм дар озмуни «Кӯдакистони сол - 2014» бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 (ҳазор) сомонӣ  қадр карда шавад.

4. Барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда дар пешравии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, иштироки фаъолона дар озмунҳои «Мактаби сол-2014», «Директори сол-2014», «Муаллими сол-2014», «Кӯдакистони  сол – 2014»,  «Мудири кӯдакистони сол–2014»,  «Мураббии  сол–2014» шахсони зерин ҳар кадом ба мабалағи 700  (ҳафтсад) сомонӣ қадр карда шаванд:

·        Одилбекова Лола – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ноҳияи Сино

·        Нурова Анзурат - муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 ноҳияи Исмоили Сомонӣ

·        Сайфуров Маҳмадсодиқ - муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ноҳияи Шоҳмансур

·    Каримова Ашурбибӣ – директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 37 ноҳияи  Сино

·    Муҳиддинов Баҳриддин – директори  муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 29 ноҳияи Шоҳмансур

·    Исоматова Малика - директори  муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 77 ноҳияи Фирдавсӣ

·    Мукумова Парвина  - мудири кӯдакистони № 96  ноҳияи Сино

·    Шарипова Бунафша – мудири кӯдакистони № 159 ноҳияи   Шоҳмансур  

·    Зумратов Азизбек – муаллимаи фанни химияи муассисаи таҳсилоти умумии №24 ноҳияи Фирдавсӣ

·    Обидова Ҷамила – муаллимаи фанни химияи муассисаи таҳсилоти умумии №1 ноҳияи И. Сомонӣ

·    Диловарзода Злашам – муаллимаи  фанни забон ва адабиёти руси литсейи № 55  ноҳияи Шоҳмансур

·     Зиёева Наргис  – муаллимаи фанни забони давлатии  муассисаи таҳсилоти умумии №56 ноҳияи Сино

·     Ғуломова Моҳнамо – мураббияи кӯдакистони №  140 ноҳияи  Сино

·    Бобомуродова  Назира  -  мураббияи кӯдакистони № 40 ноҳияи  Исмоили Сомонӣ

·     Қурбонова Фароғат  – мураббияи кӯдакистони № 123 ноҳияи Фирдавсӣ.

5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети соҳаи маориф  пешбинишуда   37400 (сиву ҳафт ҳазору чорсад)  сомонӣ ва 7200  (ҳафт  ҳазору дусад)  сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе, тибқи ҳисобномаи замимагардида,  ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардондани ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо ҷудо намояд.

6. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои дар сметаи хароҷотӣ ба ин мақсад пешбинишударо таъмин намуда, таҷрибаи ибратбахши омӯзгорону мураббиён, роҳбарони бомаҳорату беҳтарини муассисаҳои таълимии шаҳрро дар байни  ҳамаи мактабу кӯдакистонҳо тарғибу ташвиқ намояд.

7.  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

9.  Назорати иҷрои   Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе  Қурбонова Р. А.   гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Ҳисобномаи

маблағҳо барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни    озмунҳои касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе