Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №211 аз 8.04.2015

 

Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи озмуни    «Стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба варзишгарони умедбахши шаҳри Душанбе» 

 

Бо мақсади рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва  варзиш,  иҷрои Қарори Раиси  шаҳри Душанбе № 142-1 аз 1 марти  соли 2011 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Бо инобати  суратмаҷлиси №2 аз 3 апрели соли 2015–и Кумитаи тадорукот рӯйхати ҷамъбастии ғолибони озмуни стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои дастовардҳои соли 2014 тибқи  ҳисобномаи пешниҳодгардида, тасдиқ карда шавад.

2.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ дар шаҳри Душанбе 224 800 (дусаду бисту чор ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ҷудо  намояд.

3. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағи ҷудогардидаро мувофиқи тартиби муқарраргардида, таъмин намояд.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад. 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ