Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №212 аз 8.04.2015

 

Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мураббии  варзиши сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин толори варзиши сол дар шаҳри Душанбе»   

 

Бо мақсади рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва  варзиш,  иҷрои Қарори Раиси  шаҳри Душанбе аз № 142-1 аз 1 марти  соли 2011 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.              Бо инобати суратмаҷлиси замимагардидаи №1 аз 3 апрели соли 2015 Кумитаи тадорукоти озмунҳои «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мураббии  варзиши сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин толори варзиши сол дар шаҳри Душанбе» ғолибони озмуни:

а) «Беҳтарин мактаби варзишии сол дар шаҳри Душанбе» Мактаби варзиши махсуси кӯдакону  наврасони захираҳои олимпии №3-и шаҳри Душанбе оид ба варзиши сабук;

б) «Беҳтарин толори варзиши сол дар шаҳри Душанбе» толори варзишии Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе;

в) «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» Қармишев Ҷаҳонзеб-мураббии Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №2-и шаҳри Душанбе оид ба таэквондо ва камонварӣ дониста шуда мутаносибан ба маблағҳои 3500 (се ҳазору панҷсад), 2500 (ду ҳазору панчсад) ва 3000 (се ҳазор) сомонӣ қадрдонӣ карда шаванд.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 9 000 (нуҳ ҳазор) сомонӣ тибқи харҷномаи замимагардида ҷудо  намояд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А.  гузошта шавад. 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замимаи №2

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

212 аз 8.04.2015

ХАРҶНОМАИ

маблағҳо барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳои касбии соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш дар шаҳри Душанбе

 

Номгӯйи озмун

Маблағ 

Маблаги умумӣ

1.       

Ғолиби  озмуни   «Беҳтарин мактаби варзишии сол дар шаҳри Душанбе»

1х 3 500 сомонӣ

3 500 сомонӣ

2.       

Ғолиби  озмуни   «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе»

1х 3 000 сомонӣ

3 000 сомонӣ

3.       

Ғолиби  озмуни   «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе»,

1х 2 500 сомонӣ

2 500 сомонӣ