Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 April 2015

14 апрели соли 2015 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии роҳбари Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ҷаноби Пйер Франческо Мантованӣ бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо корҳои то ба имрӯз анҷомгирифтаро дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки тӯли панҷ сол бо азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри расидан ба ҳадафҳои пешбинигардида - ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда  ба василаи насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона сафарбар карда шуда, бобати амалисозии он ширкати олмонии  CES Consulting Engineers Saizgitter GmbH  мушовир интихоб гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷараёни корҳои амалигаштаи лоиҳавиро мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Пеш аз ҳама зикр гардид, ки насби ҳисобкунакҳои обӣ, ки имрӯз тибқи Лоиҳа дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳр бо 45% фарогирии муштариёни КВД «Обу корези Душанбе» амалӣ шуда истодааст, барои роҳандозии фарҳанги истеъмоли каммасрафи оби нӯшокӣ аз ҷониби муштариён мусоидат намуда, таъмини фишори об дар ошёнаҳои болоии биноҳои насбшуда дастёб гаштааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид дошт, ки дар марҳилаи феълӣ тамоми потенсиали ҷонибҳо бояд баҳри таъмини хизматрасонии дарозмуддати ҳисобкунакҳои обии насбшуда ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона карда шаванд. Барои ин, дар доираи маблағҳои лоиҳавӣ ҷиҳати роҳнаёбии регмайдаҳои таҳшинӣ ба шоҳқубурҳои интиқоли об, масъалаи шинонидани обполакҳои пуриқтидор дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» ва беҳдошти ҳолати шабакаҳои корезию пойгоҳи обтозакунии корезии КВД «Обу корези Душанбе» аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ матраҳ карда шавад.

Ҷаноби Пйер Франческо Мантованӣ аз пешниҳодоти ироашуда бо қаноатмандӣ пазиройӣ намуда, афзуд, ки баҳри амалпаймойии онҳо тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар сохта, нисбати дар 9 моҳи боқимонда пурсамар татбиқ кардани кулли нишондиҳандаҳои Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе барномаи фаъолияти муштараки ҷонибҳоро тарҳрезию мавриди иҷро қарор хоҳад дод.