Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 Май 2011

4 майи соли 2011 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Маҳмадсадид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдории Душанбе бо иштироки фаъолони пойтахт, раисони шӯроҳои шахрии Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳизбҳои сиёсӣ,  шӯроҳои шахраку маҳаллаҳо, ширкатҳои соҳибмулкони манзил, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ва намояндагони дигар институтҳои шаҳрвандӣ баргузор гардид.

3 Май 2011

Мутобиқ ба анъанаи ҷойдошта ва татбиқи амалии сиёсати Сарвари давлат оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи эҳтиёҷманд, гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ ва  дар рӯҳияи матонату далерӣ тарбия намудани шаҳрвандон ба ифтихори таҷлили 66-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси Қарорҳои дахлдори худ 1350 нафарро бо кӯмакпулиҳои якдафъина сарфароз гардонид.

 

28 Апрель 2011

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

№209  аз 26 апрели  соли 2011

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои протоколии шаҳри Душанбе аз VIP зали Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе» то гардиш ба маҳаллаи Қулписта бинобар сабаби гузаронидани  корҳои таъмири роҳҳо

27 Апрель 2011

26 апрели соли 2011 зимни баргузории ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкиму  ғановати фазои фарҳангии  шаҳр ва фарохсозии шароитҳо ба истироҳату фароғати сокинон илова ба тадбирҳои феълан бо ин мақсад аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар рўзҳои истироҳат амалишванда, муқаррар карда шуд, ки ҳамарўза ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар кулли боғҳои фароғатии пойтахт дар таносуби ҳар як ноҳия соати 18-00 базмҳои шеъру суруд бо иштироки овозхонону дастаҳои ҳунарӣ то санаи 9-уми сентябри соли 2011 баргузор карда мешавад.

 

26 Апрель 2011

25 апрели соли 2011 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид.

Дар ҷаласа дар радифи масоили мубрами хаёти хоҷагидории шаҳр, пеш аз ҳама ташкили хизматрасониҳои коммуналӣ, фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ, ғановати бозори истеъмолӣ ва нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, таъминоти мактаб-интернатҳо ва хонаҳои кўдакон бо маводи хўрокворӣ, ободонию беҳбудбахшии вазъи санитарӣ ва экологии шаҳр, истифодаи мақсадноки моликияти коммуналӣ, риояи қоидаҳои меъмориву сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда, ба рафти корҳои омодагӣ ба 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ тавачҷўҳи хоса зоҳир карда шуд.

19 Апрель 2011

16 апрели соли 2011 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштирок дар фазои индона, соати 8-00, дар  хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо суханронию табрикоти хеш, варзишгарон-иштирокчиёни дуюмин Ниммарафони байналмилалии Душанберо, ки  дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат, Президенти  кишвар,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавияти варзиш ва ҷалби доираи васеи мардум ба тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ таври анъанавӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ амалӣ мегардад, кулли меҳмонону  иштирокдоронро самимона шодбош намуда, ба сабқати варзишгарон ифтитоҳ бахшид.

15 Апрель 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар робита ба маҳдудиятҳои муваққатии ҷойдоштаи интиқоли  нерўи барқ дар қаламрави шаҳр ва сипосмандӣ аз ҳусни тафоҳуми сокинон нисбати ин чораи иҷбории ШСХК «Барқи тоҷик», ба таваҷҷўҳи кулли сокинон мерасонад, ки бо иқдоми Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурўъ аз 15 апрели соли 2011 дар қаламрави шаҳр маҳдудияти нерўи барқ бардошта шуда, аз рўи низоми муқаррарӣ таъминоти он ба роҳ монда мешавад..

 

15 Апрель 2011

- Дар чор ноҳияҳо аз субҳ ҳашари умумишаҳрӣ;

 

- соати 09-00 дуюмин  Ниммарафони байналмилалӣ, старт- кучаи Ҳ. Шерозӣ –назди Наврӯзгоҳи пойтахт;

 

- соати 09 00 нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис ба муносибати Рӯзи пойтахт дар Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри теннис» - и шаҳри Душанбе;

 

- соати 10-00 расми тантанавии Рӯзи  пойтахт ва ҷамъбасту мукофотонии ғолибони  хама озмунҳои анъанавии касбии шаҳрдорӣ: Маҳаллаи, беҳтарин, хонаи беҳтарин, ширкати соҳибмулки манзили беҳтарин, роҳруби беҳтарин, мактаби сол, боғчаи сол, директории сол мураббии сол, муаллим сол, соҳибкори беҳтарини сол, ронандаи сол ва ғайраҳо бо инобати мусобиқоти варзишӣ бо иштроки Раиси шаҳр доир карда мешавад.

 

- рӯзҳои ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе оғоз мешаванд: дар боғи «Дӯстии Халкҳо»- ноҳияи Файзобод, дар гулгашти А. Мироненкошаҳри Турсунзода.

11 Апрель 2011

11 апрели соли 2011 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории  шаҳрдорӣ оид баррасии масоили ҳаёти хоҷагидории шаҳр баргузор гардид.

11 Апрель 2011

ХАРИДИ  ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ ВА ТАҶҲИЗОТ

 Даъвати мазкур барои иштирок дар озмуни харид дар асоси огоҳинома оид ба хариди умуми барои лоиҳаи мазкур, ки  8 марти соли 2010  дар веб-сайти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд интишор шудааст, пешниҳод мегардад.

Шаҳри Душанбе (харидор), минбаъд ҳамчун «Харидор», истифодабарии қисми маблағҳои Қарзӣ ва Грантии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (Бонк) дар қисмати масрафҳои лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» пешбинӣ намудааст.

 English version