Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 Август 2010

Шаҳрдории Душанбе барои ташкили низоми хуби хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди маҳсулоти ниёзи мардум  ва ғановати он дар бозорҳои марзи шаҳр тасмимҳои ҷадидро мавриди амал қарор хоҳад дод.

28 Июль 2010

27 июли соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  таҳти раёсати  Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ бо иштироки раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва масъулини сохторҳои шаҳрӣ  баргузор гардид.

19 Июль 2010

 

 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТӣДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо мақсади интихоби беҳтарин аттраксионҳо бо назардошти таҳвил ва васли онҳо дар иншооти «Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт»,

 

Тибқи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 440 аз 16 июли соли 2010 « Дар бораи баргузории тендер » ба

 

озмун даъват менамояд

 

ШАРТҲОИ

Озмуни интихоби беҳтарин аттраксионҳо бо назардошти таҳвил ва васли онҳо дар иншооти «Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт»

 

1.Мақсади баргузории тендер:

 

           Мақсади асосии тендер аз интихоби беҳтарин аттраксионҳо бо назардошти таҳвил ва васлии онҳо дар иншооти «Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт» иборат мебошад.

 

 English version of Tender (click to view full document)

 

Барои маълумоти иловаги лутфан ба

Раёсати сохтмони асосии шахри Душанбе

бо телефонхои зерин занг занед.

Тел.:  +992 372 21 14 45

Moб.: +992 919 -24 -18 -00, 905057722

e-mail: zokirk@yandex.ru

 

 

 

5 Июль 2010

ХАРИДИ  ВОСИТАҲОИ  НАҚЛИЁТИ  ВА    ТАҶҲИЗОТҲО 

English version

Номгуи лоиҳа

Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе»

давлат

Тоҷикистон

Бахши фаъолият

Инфраструктураи муниципали ва экологи

Раками мушаххаси Лоиха

38901

Манбаъи маблағгузори

Бонки Аврупоии Тачдид  ва Рушд

Намуди Қарордод

Молу хизматрасонӣ

Намуди огохонидан (эълон)

Даъват барои иштирок дар озмуни харид

Санаи пешниҳод

29  июни соли 2010

Мўҳлати охирин

16 августи соли 2010, соати 10.00 бо вақти Душанбе

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


22 Июнь 2010

22 июни соли 2010 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. Дар кори иҷлосия дар радифи вакилон роҳбарони мақомоти марбутаи шаҳрӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

22 Июнь 2010

 

Бо забони англиси (зер намоед)

Даъвати мазкур барои иштирок дар Озмуни харид дар асоси Огохинома оид ба Хариди Умуми барои Лоихаи мазкур, ки дар веб-сайти Бонки Аврупоии Тачдид ва Рушд аз 8 марти соли 2010 интишор шудааст, пешниход мегардад.

 

Шахри Душанбе (Харидор), минбаъд хамчун «Харидор», истифодабарии кисми маблагхои Карзи ва Грантии Бонки Аврупоии Тачдид ва Рушд (Бонк) дар кисмати масрафхои Лоихаи «Идоракунии партовхои сахти маишии шахри Душанбе» пешбини намудааст.

 Харидор ҷиҳати пешниҳоди лифофањои махкамкардашуда аз ҷониби довталабон барои озмун ва Карордоди зерин, ки аз хисоби маблагхои Карзи ва Гранти амали мегарданд, даъват менамояд:  

·           Хариди  8 000 (хашт хазор) адад контейнерхои партовчамъкунии иборат аз 3 (се) намуд бо гунчоиши аз 0,60 то 0,75 м3 хар як контейнер.

21 Июнь 2010

Рӯзи 15 июни соли 2010 Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати  намояндагони Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии роҳбари гурӯҳи Лоиҳаҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Пьер Франческо Мантованӣ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили  ҷараёни татбиқи Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанберо, ки аз ҷониби Бонки мазкур маблағгузорӣ шудааст мавриди баррасӣ карор дода, перомуни таҳияи Консепсияи ҷадиди фарогири рушди минбаъдаи системаи обтаъминкунии шаҳри Душанберо ҳамчун идомаи марҳилаи дуюми Лоиҳаи мавҷуда табодули назар намуданд.

 

18 Июнь 2010

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТӣДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо мақсади ба талаботи муосири меъморӣ мувофиқ намудани ороиши дохилии(интерери) ошиёнаҳои 1-20-и иншооти «Душанбе-Плаза» аз рӯи таъиноту рангҳои мувофиқ,

 

Тибқи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 337 аз 11 июни соли 2010 «Дар бораи озмуни кушод  оид ба интихоби беҳтарин лоиҳаи оромши дохилии (интерери) ошиёнаҳои 1-20-и иншооти «Душанбе-Плаза»» ба

 

озмун даъват менамояд

 

ШАРТҲОИ ОЗМУН

ва номуӯйи ҳуҷҷатҳои аз тарафи довталабон пешниҳодшаванда

 

18 Июнь 2010

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №343 аз 11 июни соли 2010 «Дар бораи баргузории тендер» оиди «Сохтмони чоҳҳои нави обтаъминкунанда дар қитъаи 2-юми Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавию илмӣ-истеҳсолии «Гулпарвар» бо мақсади самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва фароҳам овардани шароити рақобати солим, ташкилотҳои сохтмонии пудратӣ ва ширкатҳои ватанию хориҷиро ба сифати «Иштирокчӣ»  аз 18 июни соли 2010 то рӯзи 9 июли соли 2010 ба озмун даъват менамояд.  

17 Июнь 2010

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТӣДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

                                        

Тибқи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 349 аз 15 июни соли 2010 «Дар бораи эълони озмуни асарҳои беҳтарин бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ба

 

озмун даъват менамояд