Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 Февраль 2012

Комиссияи тендерии Вохиди хариди Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар шахри Душанбе тибки Карори Раиси шахри Душанбе №40 аз 31 январи соли 2012 «Дар бораи баргузории тендер» оид ба хариди 150 адад воситахои наклиёти мусофиркаши хурдхачм (микроавтобусхо) на камтар аз 12 чойи нишаст, бо сузишвории дизели фаъолияткунанда, стандарти экологи на камтар аз Евро-3 ва мутобик ба иклими Точикистон барои корхонахои коммуналии вохиди давлатии шахри Душанбе бахри бехбудбахшии хизматрасони ба мусофирон дар хатсайрхои шахри ва самаранок истифода бурдани маблагхои бучети, фарохам овардани шароити ракобати солим, ташкилотхои ватанию хоричиро ба сифати «Иштирокчи» аз  8 феврал то  29 феврали соли 2012

 

ба озмун даъват менамояд.

2 Февраль 2012

Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокии

шоҳқубури    Ø-600мм, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо

31 Январь 2012

Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ  аз  27 январ то  29 феврали  соли 2012 озмун эълон менамояд.

31 Январь 2012

            Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи сардори Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе аз 24 январи то 24 феврали соли 2012 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 29 феврали соли 2012 эълон менамояд.

31 Январь 2012

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №22 аз 20 январи соли 2012
                   
Дар бораи додани қитъаи замин ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Строй-Комплекс» барои сохтмони Бозори замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшон  


 

26 Январь 2012

 Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №643 аз 30 декабри соли 2011 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

25 Январь 2012

Дар робита ба тақвияти тадбирҳо дар системаи роҳбарӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳу сифат ва беҳбудбахшии раванди таълиму тарбия ва хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар системаи маориф ва тандурустии шаҳри Душанбе роҷеъ ба муқаррароти шаҳрдорӣ бобати дар мӯҳлати ду ҳафта нисбати мудирони шӯбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд андешидани чораҳои ташкилӣ, комиссияҳои салоҳиятноки марбута дар таносуби раёсатҳои зикргардида имрӯзҳо ба фаъолият шурӯъ кардааст.

24 Январь 2012

Бо мақсади бунёди боғ дар ҳамшафати иншооти «Наврӯзгоҳи пойтахт» баҳри таъмини фароғату истироҳати сокинон ва меҳмонони шаҳр ва дар ҳамин замина истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли 2012, барои дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳаи ангории сохтмони иншооти «Боғи Наврӯзгоҳ» дар асоси Низомномаи тасдиқгардида байни шахсони воқеиву ҳуқуқии ватанӣ аз 23 январ то 23 феврали соли 2012 озмуни кушод доир мегардад.

23 Январь 2012

Ба таваҷҷӯҳи субъектҳои соҳибкории пойтахт расонида мешавад, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №224 аз 6 апрели соли 2010 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе», ҳамасола ба таври доимӣ озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» доир мегардад.

      Озмуни мазкур аз рӯи 18 номинатсия дар ду давр – даври аввал то 1 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва даври дуюм байни ғолибони даври якум то 1 апрели соли 2012 баргузор мегардад.

23 Январь 2012

23 январи соли 2012 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки васеи фаъолони пойтахт ва роҳбарони сохторҳои шаҳрию раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.