Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 Февраль 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 барои ишғоли мансабҳои холӣ аз 31 январ то 20 феврали соли 2011

озмун эълон менамояд

     мудири шўъбаи назорати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе;

     сардори Раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе

9 Февраль 2011

Дар  бораи  чораҳои Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ дар шаҳри Душанбе оиди ҷорӣ  намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

8 Февраль 2011

7 феврали соли 2011 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати намояндагони Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Кяра Бронкӣ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои фарогири Консепсияи нави рушди минбаъдаи системаи обтаъминкунии шаҳри Душанберо ҳамчун идомаи марҳилаи дуюми Лоиҳаи мавҷуда табодули назар намуданд.

7 Февраль 2011

7 феврали соли 2011 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масъалаҳои мубрами ҳаёти хоҷагидории пойтахт таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид.

4 Февраль 2011

3 феврали соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми ситоди омодагиҳо ба Наврӯзи байналмилалии 2011 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

29 Январь 2011

29 январи соли 2011 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев нахустин ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагиҳо ба баргузории Наврӯзи байналмилалии соли 2011 дар  шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар кори ситод муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Р. Қурбонова, мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Ҳ. Факеров,  вазирони фарҳанг ва маориф М. Асрорӣ ва А. Раҳмонов, ректорони донишгоҳҳои олии дар пойтахт фаъолиятдошта, кулли санъаткорону ҳунармандон ва  композиторони дар сенарияи наврӯзӣ ширкаткунанда иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи тамоми масъулинро ба моҳият ва аҳамияти Наврӯзи байналмилалии дар пойтахт таҷлилшаванда, ки дар соли 20-солагии Истиқолияти давлатӣ истиқбол карда мешавад, нигаронида, вобаста аз ҷузъиёти сенарияи тасдиқгардида бобати шурӯи корҳои омодагӣ дастурҳои мушаххас дод.

25 Январь 2011

Чорабиниҳои ба низом даровардани савдои кӯчагӣ дар шаҳр, ки аз ҷониби кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои шаҳр имрӯзҳо ҷараён дорад ин амалест, ки масъулин оид ба иҷрои вазифаҳои таъинотӣ мутобиқ ба талаботи қарорҳои дахлдори дар ин самт ба тасвибрасидаи Раиси шаҳри Душанбе  ба иҷро мерасонанд.

Хотирнишон бояд кард, ки дилхоҳ фаъолияти соҳибкорӣ дар марзи маъмурии шаҳр маҳз дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ бо риояи меъёрҳои санитариву бехатарӣ роҳандозӣ мегарданд ва амали хилофи он пазируфта нахоҳад шуд.

24 Январь 2011

 

Ба директори Шабакаи якуми

телевизиони Тоҷикистон

Муҳаммад Ғоиб

 

Нусха: Ба Раиси Кумитаи

телевизион ва радиои назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмонов А.Қ.

 

Мӯҳтарам Муҳаммад Ғоиб,

            Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо нигаронии қатъӣ ба иттилоъ мерасонад, ки 14 январи соли 2011 тавассути барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон соатҳои 20-30 ва 22-00 дақиқа оид ба ҳолати роҳҳои шаҳр ва поксозии он аз барф гузориши махсус пахш карда шуд, ки дар он аз ҷониби мухбир Ш. Мустафоқулов таъкид гашт, ки «имрӯз, субҳи барвақт баъди аз назар гузаронидани кӯчаю хиёбонҳои пойтахт ба хулоса омадан мумкин буд, ки дар баъзе минтақаҳои роҳҳо барои сар назадани  ҳаргуна ҳодисаҳо қуму намак  истифода бурда шуда буд. Вале барои тоза намудани барф ва бартараф намудани дигар камбудиҳо  аз ҷониби масъулон фориғболӣ ба назар мерасиданд. Дар роҳҳои пойтахт ягон техникаи барфтозакунӣ истифода намегардид

24 Январь 2011

24 январи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи аҳли ҳузорро ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни хулосаҳо аз натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2010 унвонии шаҳрдорӣ ироа гардиаанд, нигаронида баҳри татбиқи ҳар кадоми онҳо бо мушаххас сохтани масъул ва мӯҳлати анҷоми корҳо тадбирҳои воқеӣ андешид.

22 Январь 2011


Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиколи оби нӯшокии шоҳқубури д-600мм-и  кучаим  Айни.  

            Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   №605 аз 23 ноябри соли 2010 «Оид ба давраи дуюми марҳилаи якуми Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Кулма», дар қитъаи «Душанбе-Данѓара», бо дарназардошти муроҷиати Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе-Чанак» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   №4 аз 18 январи соли 2011 ҷиҳати пайваст намудани қубурҳои ивазгардидаи д-600мм ва д-300мм дар  кӯчаи Айнӣ, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни  Конститутсионии Точикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Кодекси оби Ҷумхурии Тоҷикистон.