«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 Ноябрь 2011

14  ноябри соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

10 Ноябрь 2011

ХАРИДИ  КОР БАРОИ  БЕҲТАРГАРДОНИИ  ҚИТЪАИ  ПАРТОВГОҲИ ШАҲРӣ : ИДОРАКУНИИ ОБҲОИ ҒАЛИЗ ВА ГАЗ, МУСТАҲКАМКУНИИ НИШЕБИҲО

English version

6 Ноябрь 2011

5 ноябри соли 2011 таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ  доир   гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами ҳаёти шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

5 Октябрь 2011

Дар шаҳри Душанбе шурӯъ аз 15 октябри соли 2011 мутобиқ ба Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 101 аз 22 сентябри соли 2011 нархи амалкунандаи пардохти оби нӯшокӣ ва оби ихроҷӣ  тағйир меёбад.

4 Октябрь 2011

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 октябр дар шаҳри Душанбе бо шукӯҳи тоза таҷлил карда мешавад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев Қарори дахлдор ба тасвиб расонд, ки тибқи он 5-октябри соли 2011, соати 18-00 дар Боғи устод Рӯдакӣ бо ширкати аъзоён ва намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, зиёиён ва аҳли эҷоду сокинони пойтахт базми фарҳангӣ доир гардида, худи ҳамон рӯз соати 17-00 дар боғҳои фарҳангу фароғатии  «Дӯстии халқҳо», ба номи С. Айнӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Москва сайругашти оммавии шаҳрвандон, базмҳои шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ  ташкил карда мешаванд.

Марҳабо ба базмгоҳҳои шаҳрдорӣ!

30 Сентябрь 2011

29  сентябри  соли 2011  Иҷлосияи ҳафтуми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

 

27 Сентябрь 2011

Ба таваҷҷӯҳи сокинони алоҳидаи ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Шоҳмансур расонида мешавад, ки бо мақсади иҷрои корҳои таъмири асосии роҳи кӯчаи Дӯстии халқҳо, аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то ҳалқаи роҳи мошингарди назди ҶСК «Комбинати хуроквории Тоҷикистон» баҳри пайваст намудани қубурҳои ивазгардидаи обтаъминкунандаи диаметрашон 300 мм  аз соати 8-00 28 –уми сентябр то соати 8-00 29 сентябри соли 2011 интиқоли оби нӯшокӣ мувақкатан дар қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Беҳзод, Маҳамадулло Қурбонов ва бинои ҶСК «Комбинати хуроквории Тоҷикистон», воқеъ дар ноҳияи И. Сомонӣ ва маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А. Аҳмадов, Репин ва Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур қатъ карда мешавад.

16 Сентябрь 2011

Муроҷиати Ташкилоти иттиҳодиявии «Ҷавонони асри 21» № 56 аз 2 августи соли 2011-ро баррасӣ намуда, бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаи нақлиёти экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва солимгардонии шаҳрвандон дар шаҳри Душанбе ва дар назардошти Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 375 аз 24 июни соли 2010 «Дар бораи ваколатдор намудан» оид ба бо сифати баланд татбиқ намудани марҳилаи аввали Лоиҳаи муштараки Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе БРСММ/ФГЭ «Дастгирии идораи боустувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» UNDP/NU/PU/173, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

7 Сентябрь 2011

Шоу- барномаҳои  идонаи армуғони ҷашнӣ – иншооти  мўҳташами ба истилоҳ  Диснейленд  - Боғи пойтахт, ки 6 сентябри соли 2011 дар расми ба истифодадиҳии он  бо иштироки Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида,  тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев баҳри фароғати идонаи сокинон ва меҳмонони пойтахт шоми рўзҳои 7, 8, 9, 10 ва 11 –уми сентябри соли 2011 дар Боғи мазкур  ройгон баргузор карда мешавад.

1 Сентябрь 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ба таваҷҷўҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки рўзҳои 2-3 сентябри соли 2011 тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо ташаббуси шаҳрдорӣ ва вазорати кишоварзӣ  дар чор мавзеи  шаҳри Душанбе : Боғҳои фароғатии «Дўстии Халқҳо», ба номи Садриддин Айнӣ, майдони 800-солагии Москва ва гулгашти Александр Мироненко  ба ифтихори истиқбол аз 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  ва ғановати дастурхони идонаи Шумо намоиш - фурўши асал ва дигар маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои арзон  доир менамояд.

Марҳабо, аз намоишгоҳҳо фаровон истифода намоед!