Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 Январь 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори  Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе» аз 15 декабри соли 2011 то    15   январи соли 2012  озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз  20 январи соли 2012 эълон менамояд.

14 Январь 2011

14 январи соли 2011 дар КВД “Маркази равобити пойтахт” таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки фаъолони пойтахт, институтҳои шаҳрвандии шаҳр  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2010 баргузор гардид.  Дар кори ҷаласа муовини аввали Савазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ва раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров ширкат варзиданд.

 

10 Январь 2011

10 январи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати  Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гашт.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолони пойтахтро бо охирин тағйироти кадрии аз ҷониби Президенти мамлакат дар шаҳри Душанбе андешида: Қурбонов Аламхон Ҷалилович- раиси ноҳияи И. Сомонӣ, Алиев Саиднуридин Акрамович – раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Хайруллоев Насрулло Муродович- муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе шинос карда, бо таманниёти муваффақият ва масъулият дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳар кадоми онҳо масоили мубрами хоҷагидории шаҳрро матраҳ намуд.

4 Январь 2011

4 январи соли 2011 тибқи нақшаи шаҳрдорӣ майдончаҳои варзишию фароғатӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ барои кўдакон дар 4 ноҳияи Душанбешаҳр, ки  сохтмонашон бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №552-6 аз 8 сентябри 2010 аз ҳисоби буҷети шаҳр то охири сол ба анҷом расонида мешуданд, дар мўҳлати муқарраргардида  ба истифодабарии сокинон дод шуданд.

 

4 Январь 2011

4 январи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев нахустин ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сохтмонӣ дар соли нав бо иштироки масъулини Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашии фаъоли кишвар баргузор гардид.

24 Декабрь 2010

23 декабри соли 2010 дар толори маҷлисгоҳи КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилон, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, роҳбарони институтҳои шаҳрвандӣ, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсии фаъоли ҷумҳурӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

23 Декабрь 2010

ҲИСОБОТИ

Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев  «Оид ба иҷроиши барномаҳои      иҷҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2010, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2011 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2009»

(23 декабри соли 2010)

 

 

Вакилони мӯҳтарам!

Ҳозирини гиромиқадр!

Соле, ки сипарӣ мегардад, бо рӯйдодҳои фараҳбахшу тақдирсоз, аз қабили  баргузории интихоботи вакилон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори ҷумҳурӣ, мақомотҳои намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки фаъолонаи ҳизбҳои сиёсии мамлакат, густариш ва идомаи ҷараёни ислоҳоту дигаргунсозиҳо дар ҷомеа ва чандин чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ, форумҳои байналмилалӣ, таҷлили ҷашни 65 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо нақши хоси худ дар саҳифаҳои таърихи навини кишвар ва пойтахти он сабт хоҳад гашт.

 

 

21 Декабрь 2010

21 декабри соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев лоиҳаи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки дар ин амалкард роҳбарияти Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашии фаъоли кишвар, масъулини  ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Москва ва намояндагон воситаҳои ахбори омма  ширкат варзиданд.

 

20 Декабрь 2010

17 декабри соли 2010 дар толори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз хавзаи интихоботии шаҳри №25- Раиси шаҳри Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Мулоқоти мазкур дар доираи иҷрои муқаррароти қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати чорум, ки бояд ҳар як вакил қабл аз баргузории иҷлосияҳо бо интихобкунандагон вохўриҳо анҷом дода, масъалаҳои ба ташвишовардаи интихобкунандагонро, ки фарогири салоҳияти маҷлиси намояндагии шаҳрӣ маҳсуб меёбад барои баррасӣ пешниҳод намоянд, амалӣ карда шуд.

 

17 Декабрь 2010

Комиссияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №663 аз 14.12.2010 «Дар бораи баргузории тендер» оид ба хариди мебели мактабӣ, томактабӣ,  компютер ва тахтаи электронӣ бо иштироки маҳдуди довталабоне, ки мебели мактабӣ, томактабӣ, компютер ва тахтаи электронӣ истеҳсол менамоянд тендер эълон менамояд.

Иштироки довталабон дар озмун бо назардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бо шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад.

-оинномаи корхона;

-иҷозатнома (литсензия) барои иҷрои корҳои хариду фурўш;

          -кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);

            - гувоҳномаи Нозироти андоз;

            - маълумотнома оид ба коҳои иҷрошуда дар ду се соли охир;

            - пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.