Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 May 2012

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №241 аз 3 майи соли 2012 «Дар бораи баргузории тендер»

ҷиҳати интихоби пудратчии иншооти:

«Ободонии оромгоҳи 28 нафар хизматчиёни ҳарбие, ки дар ноҳияи Тавилдара баҳри барқарор намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ҳалок гардидаанд»

 

4 May 2012

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №236  аз 03.05.2012

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Н.Қарабоев (аз буриши кӯчаи Ҷомӣ то буриши кӯчаҳои Қосимов ва Ҷанубӣ) ва кӯчаи Фирдавсӣ (аз буриши кӯчаи Қосимов то роҳи соҳилии дарёи Душанбе), бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонии гузаргоҳи зеризаминӣ, дар кӯчаи Н.Қарабоев

2 May 2012

Мутобиқ ба анъанаи ҷойдошта ва татбиқи амалии сиёсати Сарвари давлат оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи эҳтиёҷманд, гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ ва  дар рӯҳияи матонату далерӣ тарбия намудани шаҳрвандон ба ифтихори таҷлили 67-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси Қарори худ №228 аз 30 апрели соли 2012  1226 нафарро бо кӯмакпулиҳои якдафъина сарфароз гардонид.

1 May 2012

Қарори раиси шаҲри Душанбе №228 аз 30.04.2012

                                     

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо

оид ба таҷлили ҷашни 67-умин солгарди

Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании

солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе

 

27 April 2012

Сокинони арҷманди пойтахт !

Тавре ҳамагон бархурдоранд, новобаста аз он, ки зимистони гузашта назар ба солҳои қаблӣ хеле сарду тӯлонӣ бо боришоти барфи зиёд омад, дар доираи имкониятҳои худ сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр тавонистанд, ки иҷроиши нақшаву чорабиниҳоро доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 таъмин сохта, бо фаъолияти самарабахши худ, ҷорӣ намудани системаи муташаккили назорати иҷрои кор дар ҷойҳо ва ташкили фаъолияти назарраси мақомоти дахлдор ва ситодҳо ба зимистонгузаронии сокинон ва субъектҳои хоҷагидории шаҳр шароити зарурӣ  фароҳам оваранд.

 

26 April 2012

26 апрели соли 2012 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи ба ифтихори Рӯзи пойтахт, бори нахуст дар Тоҷикистон аз 27-ум то 29-уми апрели соли 2012 таҳти сарпарастии шаҳрдории Душанбе бо  иштироки дастахои беҳтарини 20 кишвари Осиё баргузории Чемпионати 6-уми Осиё оид ба таэквон-до (ITF- Федератсияи байнамилалии таэквон-до), Президенти Федератсияи байнамилалии таэквон-до, узви Кумитаи байналмилалии Олимпӣ, профессор Чанг Унг ва Раиси федератсияи таэквон-до-и Осиё ҷаноби Ким Кёнг Хуро ба ҳузур пазируфт.

26 April 2012

 25 апрели соли 2012  ҷаласаи  кории шаҳрдорӣ оид ба вазифаҳои барномавии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз Паёми Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Сарвари давлат 20 апрели соли равон баргузоргардида бармеоянд, доир гашт.

24 April 2012

Шоми 23 апрели соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили пешгирӣ аз оқибатҳои боришоти сели мавсимӣ дар минтақаҳои хавфноки аҳолинишини шаҳр ва беҳдошти ҳолати каналу селпартоҳои марзгузари пойтахт таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони маҳаллаҳо ва сардорони оилаҳои манзили истикоматияшон осебпазир баргузор гардид.

23 April 2012

Да р толори мӯҳташами КВД «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев расми ҷамъбасти тамоми озмунҳои касбии шаҳрдорӣ баргузор гардид.

 

23 April 2012

Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш бо унвонҳои «Беҳтарин варзишгари шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин соҳибкор-ҳаводори варзиши сол дар шаҳри Душанбе»