«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 June 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба маълумоти шаҳрвандон - сокинони шаҳр  мерасонад, ки  тибқи талаботи моддаи 30 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 28, 29 ва 30-и Кодекси манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2011 дар Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе  25495 адад муроҷиати сокинони шаҳри Душанбе барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматии индивидуалӣ  ба қайд гирифта шудаанд.

9 June 2011

9  июни соли 2011 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи панҷуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рўзномаи иҷлосия ба баррасии 37 масъалаҳои дар он шомилгардида, шурўъ намуданд.

9 June 2011

8  июни соли 2011 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

         Дар ҷаласа аъзои Шўро 37 масъалаҳоро бо инобати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъектҳои  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаро мавриди муҳокима қарор доданд.

6 June 2011

6 июни соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр сурат гирифт, ки дар кори он дар радифи раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаҳои коммуналии  мусофиркашонӣ, кулли ҷамъиятҳои ба хизматрасонии хатсайрҳо дар шаҳр вобастабуда, намояндагони васеи воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

3 June 2011

Имрӯзҳо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо даъвати Мири шаҳри Москваи Федератсияи Россия - Сергей Собянин аз 23 майи соли 2011, бо мақсади  боздиди дӯстона дар шаҳри Москва аз 2 то 4 июни соли 2011 сафари хизматӣ анҷом медиҳад.

3 June 2011

1+1А Экспресс

Фурудгоҳ-маҳаллаи Гулбутта

1

ФурудгоҳСП «Терминал»

1 А

СП «Терминал»-маҳаллаи Гулбутта


............................... .

2 June 2011

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №251 аз 24 майи соли 2011 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар  шаҳри  Душанбе»

1 June 2011

Дар бораи  баргузории Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Душанбе

31 May 2011

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси

шаҳри Душанбе №251 аз 24 майи соли 2011 «Дар бораи

тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар  шаҳри  Душанбе»

31 May 2011

30 майи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаҳои хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ бо инобати аз 1 июни соли 2011 дар асоси хулосаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ мутобиқ ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе  № 251 аз 24 майи соли 2011 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар  шаҳри  Душанбе» тарифҳои нав ҷорӣ гардидан ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаҳои коммуналии  мусофиркашонӣ, кулли ҷамъиятҳои ба хизматрасонии хатсайрҳо дар шаҳр вобаста буда ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ  доир гардид.