Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 June 2011

Имрӯзҳо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо даъвати Мири шаҳри Москваи Федератсияи Россия - Сергей Собянин аз 23 майи соли 2011, бо мақсади  боздиди дӯстона дар шаҳри Москва аз 2 то 4 июни соли 2011 сафари хизматӣ анҷом медиҳад.

3 June 2011

1+1А Экспресс

Фурудгоҳ-маҳаллаи Гулбутта

1

ФурудгоҳСП «Терминал»

1 А

СП «Терминал»-маҳаллаи Гулбутта


............................... .

2 June 2011

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №251 аз 24 майи соли 2011 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар  шаҳри  Душанбе»

1 June 2011

Дар бораи  баргузории Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Душанбе

31 May 2011

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси

шаҳри Душанбе №251 аз 24 майи соли 2011 «Дар бораи

тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар  шаҳри  Душанбе»

31 May 2011

30 майи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаҳои хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ бо инобати аз 1 июни соли 2011 дар асоси хулосаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ мутобиқ ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе  № 251 аз 24 майи соли 2011 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар  шаҳри  Душанбе» тарифҳои нав ҷорӣ гардидан ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаҳои коммуналии  мусофиркашонӣ, кулли ҷамъиятҳои ба хизматрасонии хатсайрҳо дар шаҳр вобаста буда ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ  доир гардид.

 

31 May 2011

1 июни соли 2011 дар доираи нақшаҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи кӯдакони пойтахт чорабинии идона доир карда мешавад. Барои истироҳату фароғати  кӯдакону наврасон дар боғи мазкур  намоиши беҳтарин расмҳо ва аксҳои кӯдакони шаҳр, мусобиқаҳои варзишию бозиҳои шавқовар ва консерти дастаҳои ҳаваскорони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои пойтахт  ташкил мегардад.

24 May 2011

Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар  шаҳри  Душанбе

24 May 2011

Комиссияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №238 аз 19 майи соли 2011 «Дар бораи баргузории тендер» ҷиҳати интихоби пудратчии иншооти:

- «Таъмири асосии хатҳои обёрии мансуб ба Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе»,

ТЕНДЕР  ТАРИҚИ  ИШТИРОКИ  НОМАҲДУД ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.   

23 May 2011

 

Шаҳрдории Душанбе дар доираи татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 388 аз 23 августи соли 2008 «Дар бораи чораҳо оид ба татбики Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» муроҷиати Ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳи нор»-ро барои баргузор намудани  озмун - намоишгоҳи рассомӣ  таҳти унвони «Мубориза бар зидди коррупсия» бо қабули қарори дахдори худ дастгирӣ намуд.

 

Дар асоси қарори марбутаи шаҳрдорӣ ба Ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳи нор» иҷозат дода шудааст, ки аз 22 то 25 майи соли 2011 ҳамарўза аз соати 8-00 то соати 17-00 озмуни мазкурро дар  гулгашти майдони «800-солагии Москва»-и ноҳияи Шоҳмансур  доир намояд.