Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 September 2011

Ба таваҷҷӯҳи сокинони алоҳидаи ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Шоҳмансур расонида мешавад, ки бо мақсади иҷрои корҳои таъмири асосии роҳи кӯчаи Дӯстии халқҳо, аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то ҳалқаи роҳи мошингарди назди ҶСК «Комбинати хуроквории Тоҷикистон» баҳри пайваст намудани қубурҳои ивазгардидаи обтаъминкунандаи диаметрашон 300 мм  аз соати 8-00 28 –уми сентябр то соати 8-00 29 сентябри соли 2011 интиқоли оби нӯшокӣ мувақкатан дар қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Беҳзод, Маҳамадулло Қурбонов ва бинои ҶСК «Комбинати хуроквории Тоҷикистон», воқеъ дар ноҳияи И. Сомонӣ ва маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А. Аҳмадов, Репин ва Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур қатъ карда мешавад.

16 September 2011

Муроҷиати Ташкилоти иттиҳодиявии «Ҷавонони асри 21» № 56 аз 2 августи соли 2011-ро баррасӣ намуда, бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаи нақлиёти экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва солимгардонии шаҳрвандон дар шаҳри Душанбе ва дар назардошти Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 375 аз 24 июни соли 2010 «Дар бораи ваколатдор намудан» оид ба бо сифати баланд татбиқ намудани марҳилаи аввали Лоиҳаи муштараки Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе БРСММ/ФГЭ «Дастгирии идораи боустувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» UNDP/NU/PU/173, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

7 September 2011

Шоу- барномаҳои  идонаи армуғони ҷашнӣ – иншооти  мўҳташами ба истилоҳ  Диснейленд  - Боғи пойтахт, ки 6 сентябри соли 2011 дар расми ба истифодадиҳии он  бо иштироки Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида,  тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев баҳри фароғати идонаи сокинон ва меҳмонони пойтахт шоми рўзҳои 7, 8, 9, 10 ва 11 –уми сентябри соли 2011 дар Боғи мазкур  ройгон баргузор карда мешавад.

1 September 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ба таваҷҷўҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки рўзҳои 2-3 сентябри соли 2011 тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо ташаббуси шаҳрдорӣ ва вазорати кишоварзӣ  дар чор мавзеи  шаҳри Душанбе : Боғҳои фароғатии «Дўстии Халқҳо», ба номи Садриддин Айнӣ, майдони 800-солагии Москва ва гулгашти Александр Мироненко  ба ифтихори истиқбол аз 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  ва ғановати дастурхони идонаи Шумо намоиш - фурўши асал ва дигар маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои арзон  доир менамояд.

Марҳабо, аз намоишгоҳҳо фаровон истифода намоед!

22 August 2011

22 августи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

8 August 2011

Мутобиқ ба анъанаи ҷойдошта ва татбиқи амалии сиёсати Сарвари давлат оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи эҳтиёҷманд ба ифтихори фарорасии 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва инчунин моҳи шарифи Рамазон Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси Қарорҳои дахлдори худ 5057 нафарро бо кўмакпулиҳои якдафъина сарфароз гардонид.

3 August 2011

Дар  бораи   гузаронидани  озмуни

«Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона

 ва ошхона» дар шаҳри Душанбе

 

2 August 2011

1 августи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ зери раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа  дар радифи масъулини сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ намояндагони бахши савдо ва тиҷорати шаҳр, аз ҷумла соҳибкорони ба интиқол ва фурӯши маҳсулоти гӯштӣ ва маводи сӯзишворӣ машғулиятдошта, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ иштирок намуданд.

27 July 2011

1.     Комиссияи тендерии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 336 аз 22 июли  соли 2011 довталабон- молистеҳсолкунандагонро барои иштирок дар озмуни хариди номгӯи зерини мол, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

18 July 2011

18 июли соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2011 бо иштироки фаъолони пойтахт баргузор гардид.