Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 April 2010

Рушди меъморӣва ташкили шароитҳои мусоид ба иштироки соҳибкорон дар ин самт аз аввалиятҳои сиёсати шаҳрдорӣ буда, баҳри дастгирии ташаббусҳои онҳо иқдомоти пайваста амалӣкарда мешаванд.

14 April 2010

Ба шарафи таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе ба истифодадиҳии як идда иншооти муҳиму таъиноти мухталифдоштаи ба нафъи сокинони пойтахт нигаронидашударо мутобиқ ба анъаноти созандагӣ армуѓони  ҷашнӣ мегардонад.

13 April 2010

Дар доираи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт барои мактабиён - хатмкунандагони фаъоли шаҳр 14 апрели соли 2010 як рӯйдоди фараҳбахш ба вуқуъ мепайвандад.

21 March 2010

 

МУРОҶИАТНОМАИ

вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ба сокинони пойтахт

 

Сокинони  азизи шаҳри Душанбе!

               

Мо,  вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум, дар доираи ваколатҳое, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» муқаррар намудааст, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ, бо изҳори сипосгузорӣаз интихобкунандагони худ дар иҷлосияи нахустин ироаи ҳамин Муроҷиатномаро ба кулли сокинони шаҳрамон зарур мешуморем.

20 March 2010

 

Шаҳрдории Душанбе  ҷиҳати  мувофиқ ба талаботи муосири хизматрасонӣ роҳандозӣнамудани фаъолияти иншооти таъиноти  зебоию фароғатидоштаи моликияти коммуналӣ тадбирҳои муассир меандешад.

19 March 2010

 Бо мақсади амалисозии ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба дастгирии  оилаҳои камбизоат  дар пойтахти кишвар аз ҷониби шаҳрдории Душанбе ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай тариқи баргузории хатнасури кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд тадбирҳои мушаххас  андешида мешаванд.  Рӯзҳои 19 ва 27 марти соли равон дар Маркази равобити пойтахт дар маҷмӯъ хатнасури 380 кӯдакони шаҳри Душанбе дар расми тантанавию бошукӯҳ доир карда шуд.

15 March 2010

15 марти соли 2010 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  иҷлосияи нахустини Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони тозаинтихоб  намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

9 March 2010

9 марти соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа назди фаъолони пойтахт роҷеъ ба масъалаи ба низом даровардани хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, аз натиҷаи кори анҷомдодаи комиссияи марбутаи ҷамъиятӣ гузориши раиси комиссияи мазкур С. Сафиоллоев – раиси Кумитаи шаҳрии ҲКТ шунида шуд.

2 March 2010

Шаҳрдории Душанбе барои сазовор истиқбол намудани Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад омодагиҳои ҳамаҷониба мебинад.  Таври анъанавӣ Рӯзи пойтахт барои кулли сокинон аз ҷониби шаҳрдорӣ рӯзи меҳнати созанда  ба рушду ободонии Душанбешаҳр муқаррар гардидааст. Дар ин рӯз тамоми озмунҳои касбии дар тӯли сол эълондоштаи шаҳрдорӣ ҷамъбаст ва ба ғолибон мукофтотҳо тақдим мегардад.

1 March 2010

Ба ифтихори Рӯзи модарон- 8-уми март  ва фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шаҳрдории Душанбе мутобиқ ба анъаноти худ  фаъолзанони пойтахт, аз ҷумла роҳрӯбони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳрро бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.

 

Саҳифаҳо: