Шаршара дар Душанбе
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт

Дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти №521

аз 27 марти соли 2009 ба қайд гирифта шудааст.

 

«ТАСДИК ШУДААСТ» 

                                                                           Бо Карори Мачлиси вакилони

                                                           халки шахри Душанбе

                                                              тахти № 150-15 аз 16-10-2008

 

ҚОИДАҲОИ

ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТӢ, ОБОДОНИ ВА САНИТАРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 
            Қоидаҳои мазкур асосҳои ҳуқукии таъмини тартиботи чамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян намуда, ҷавобгариро ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои вайрон намудани онҳо муқаррар менамояд.

Фасли 1.  Қоидаҳои умумӢ

 

 1. Асосҳои ҳуқуқии Қоидаҳои мазкурро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷмхҳрии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамоянд.

2. Масъалаҳои ба ҷавобгарӣ кашидан ва масъулияти кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд бо шарт ва тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  амали мегардад.