Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / ҚОИДАҲОИ ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТӢ, ОБОДОНИ ВА САНИТАРӢ ДАР Ш. ДУШАНБЕ / Фасли 3. Қоидаҳои нигаҳдошти манзил ва руи ҳавлӣ
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт

Қоидаҳои мазкур асосҳои ҳуқукии таъмини тартиботи чамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян намуда, ҷавобгариро ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои вайрон намудани онҳо муқаррар менамояд.

  

Фасли 3. Қоидаҳои нигаҳдошти манзил ва руи ҳавлӢ

 

10. Фонди манзили шаҳри Душанберо биноҳою хонаҳои истиқоматӣ,  инчунин дигар биноҳое, ки пас аз қабул ба истифода ва ба қайдгирии  қонуни тибқи муқаррароти қонун ба фонди манзил дохил шудаанд, ташкил медиҳад.

     Шаклҳои фонди манзилро фонди манзили давлатӣ, фонди манзили  ҷамъиятӣ, фонди манзили кооперативҳои манзилу сохтмон ва фонди манзили инфиродӣ ташкил медиҳанд.

            Шаҳрвандон вазифадоранд:

            а) хонаи истиқоматиашонро эҳтиёт кунанд, онро мутобиқи таъиноташ истифода баранд, қоидаҳои истифодаи манзил ва зисту зиндагониро мутобиқи муқаррароти  қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон риоя   намоянд,   инчунин   пардохти   саривақтии  ҳаққи  манзил  ва хизматрасонии коммуналиро ба ӣо оранд;

            б) биною хонаҳои  истиқоматиро  шаҳрвандон  ҳақ надоранд  ба зарари манфиатҳои давлат ва ҷамъият истифода баранд;

            в) талаботи пешбининамудаи қонунҳоро оид ба риояи қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ, санитарию эпидемиологӣ, экологӣ, меъморию шаҳрсозӣ ва зидди сӯхтор ба ҷо оранд;

            г) ҳудуди назди  биноҳоро  бе  зарар  расонидан ба  манфиати  дигар шаҳрвандон ва ҷамъият истифода баранд.

     Шахсоне, ки  уҳдадориҳояшонро  оиди дуруст истифода бурдани фонди манзил иҷро  намекунанд,  мувофиқи  қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон мавриди ҷавобгари қарор мегиранд.

            Инчунин шаҳрвандон вазифадоранд, муҳофизати хонаҳои истиқоматиро таъмин намуда, ба таҷҳизоти техникӣ ва дигар таҷҳизоти истифодаи умум эҳтиёткорона муносибат кунанд, қоидаҳои нигаҳдошти хонаи истиқомати ва минтақаҳои атрофи бино ва қоидаҳои зидди сӯхторро риоя, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту  панҷараи  зинаҳо  ва  дигар  ҷойҳои мавриди  истифодаи   умуми қарордоштаро таъмин кунанд.

              Чойгир кардан, бунёд ва ба истифода додани объектҳо дар асоси ҷуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқшуда, хулосаи мусбати экспертиза, қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иҷозати мақомоти назорати давлатии сохтмон оиди иҷро намудани корҳои сохтмонию васлкунӣ ва риояи дигар қоидаҳои сохтмонии иншоот, анҷом дода мешавад.

           Истифода ва таъмири фонди манзили давлати ва кооперативҳои манзилу сохтмон, инчунин хонаю квартираҳо, ки моликияти шахсии шаҳрвандон мебошад, бо риояи ҳатмии қоида ва меъёрҳои ягонаи истифода ва таъмири фонди манзил анҷом дода мешавад.

            Раёсатҳои манзили-коммуналӣ, кооперативҳои манзили- сохтмони, комендантхои хобгоххои умуми, ширкатхо ва чамъиятхои сохибмулкони манзил, раисони махаллаву шахракхо, шахрвандон ва дигар шахсони масъул вазифадоранд, ки нигахдошти муназзами худудхои бинохои марбуташонро таъмин намуда, бевосита ба холати техники ва намуди берунаи бинохо ва кисмхои алохидаи онхо, балконхо, бомхо, кубурхои обгузар, инчунин тачхизоти баркии дохилу беруни  бино назорати катъи намоянд ва зимни таъмири асосии бинохои истикомати хифзи тамоми нишонахои пайвандии барктаъминкуни, дохилшавии обро ба коррез ва дигар шабакахои мухандиси таъмин намуда, нигахдошти лавхахои ракамхои бинохо, даромадгоххо ва равшании онхоро бо фарорасии торики ба рох монанд.

11. Раёсатхои манзилӣ-коммуналӣ, кооперативҳои манзилӣ-сохтмонӣ, комендантҳои хобгоҳҳои умумӣ, ширкатҳо, ҷамъиятҳо ва кооперативҳои соҳибмулкони манзил, раисони маҳаллаву шаҳракҳо, шаҳрвандон, кироягирон  ва соҳибони манзилҳои истиқоматии инфиродӣ инчунин вазифадоранд:

            а) қоидаи истифода ва нигаҳдошти фонди манзил ва қоидаҳои зиддисухтории барои манзилҳои истиқоматӣ муқарраргардидаро қатъиян риоя намоянд;

            б) ба ҳолати коршоямии хатҳои барқӣ назорат намуда, бо қубурҳои газгузар ва плитаҳо эҳтиёткорона муносибат намоянд, ба чакидани об аз чумакҳо ва  колонкаҳои қубурҳои обгузар ва ба ифлосии нишастгоҳҳои халочо роҳ надода, асбобҳои гармидиҳиро пайваста бо тартиб нигоҳ доранд;

            в) асбобхо ва обченкунакхои кубурҳои обгузари корезии дохили биноӣ ва рӯиҳавлигиро дар ҳолати коршоями нигоҳ доранд.

12. Соҳибони манзилҳои истиқоматӣ вазифадоранд:

            а) манзилҳои истиқоматиашонро аз ҳисоби худ таъмири ҷорӣ намоянд;

            б) саривақт хаққи хизматрасониҳои коммуналиро (газ барқ, гармидиҳӣ, алоқа, кашонидани партов) тибқи тарифҳои муқарраргардида пардохт намоянд;

            в) оби ошомидани ва қувваи барқро бо мақсад ва сарфакорона истифода намоянд.

13. Манъ аст:

            а) дар ҳавлиҳои биноҳои истиқомати, инчунин дар ҳудуди корхонаҳои савдо ва коммуналӣ (мағозаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо, устохонаҳо ва ғ.) ҷамъовари ва нигаҳдошти молу ашё ва шишаҳо;

            б) истифода бурдани плитаҳои газӣ барои гармкунӣ, гирифтани оби гарм аз шабакаҳои гармидиханда;

            в) иҳота намудани балконҳо бо панҷара, шишабандӣ кардани пешайвон ва инчунин дар балконҳои хонаҳои истиқоматӣ овехтани ҳаргуна анҷому либосҳо;

            г) барои ҳавли ва гулзоркунӣ забт намудани қитъаҳои замин ва иҳота намудани онҳо бо панҷара;

            д) бунёд намудани гузаргоҳ ва даромадгоҳҳо ба манзилҳои истиқоматӣ бидуни лоиҳаҳои мувофиқашудаи зарурӣ;

            е) худсарона дигар кардани сохти хонаҳои истиқоматӣ, таҷдид кардан ва тағйир додани нишонаи таъиноти биноҳо, иншоот ва қисмҳои онҳо, инчунин тағйир додани ҷузъҳо, конструксияҳо, унсурҳои ороиш ва накшу нигори намуди беруна.

14. Зарари ба квартира ва биноҳои истиқоматии шахси расонидашуда бояд аз ҳисоби гунаҳгорон бартараф карда шаванд.

15. Пайвастшави ба қубури об, коррез, шабакаҳои обёри, магистралҳои газу гармидиҳӣ, шабакаҳои барқӣ, телефонӣ ва радиошунавонӣ танҳо бо иҷозати роҳбарони ташкилотҳои дахлдор дар асоси лоиҳаҳои мувофиқагардида бо анҷом додани шартҳои техникии пайваст сурат мегирад. Шабакаҳои муҳандисии зеризаминию руизаминии худсарона гузаронидашуда аз ҷониби кормандони ташкилотҳои дахлдор бартараф карда шуда, нисбати шахсони гунаҳгор чораҳо тавассути мақомоти ваколатдор татбиқ карда мешавад.

16. Ба шахсоне, ки талаботҳои зеринро риоя намекунанд мувофиқи   Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашда мешаванд:

а) риоя накардани қоидаҳои истифодабарии биною манзилҳои истиқоматӣ, нигоҳубини онҳо, таҷҳизоти муҳандисӣ, бесарусомон нигоҳ доштан, ғайримақсад истифода бурдан ва ё вайрон кардани биною манзилҳои истиқоматӣ, расонидани зарар ба таҷҳизоту объектҳои ободонии фонди манзил;

б) риоя накардани қоидаҳои нигоҳдошти ҳолати санитарии ҷойҳои истифодаи умум, аз ҷумла зинапояҳо, лифтҳо, даромадгоҳҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва ҳудудҳои назди ҳавлӣ;

в) бе иҷозати хадамоти дахлдор вайрон намудани тамомият шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти қубурҳои обгузар, корезу системаи гармидиҳии марказӣ, ки дар дохили биною манзилҳои истиқоматӣ мавҷуданд;

г) дар зери об монондани хонаҳо, таҳхонаҳо ва ҳуҷраҳои хизматӣ, ки дар натиҷаи вайрон будани ҳолати техники асбобҳои санитарӣ, шабакаҳои обу корез ва гармидиҳӣ, иншоот ва дастгоҳҳои онҳо ба амал омадааст;

д) риоя накардани қоидаҳои истифодаи лифтҳои мусофиркаш