Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / ҚОИДАҲОИ ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТӢ, ОБОДОНИ ВА САНИТАРӢ ДАР Ш. ДУШАНБЕ / Фасли 4. Беҳдошти ободони дар шаҳри Душанбе
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт

Қоидаҳои мазкур асосҳои ҳуқукии таъмини тартиботи чамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян намуда, ҷавобгариро ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои вайрон намудани онҳо муқаррар менамояд.

 

 

Фасли 4. Беҳдошти ободони дар шаҳри Душанбе

 

17. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шахр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилотҳо ва тамоми сокинон  доир ба беҳбудии соҳаи ободонии шахр бояд саҳмгузор бошанд. Фармоишгарони сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ӯҳдадоранд, ки дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавии сохтмон роҷеъ ба шишабандии якхела кардани балконҳо, бо панҷараҳои ороишии якхела ҷиҳозонидани ошёнаи 1-ум, сохтмони болопӯш дар ҳавлӣ барои гузаронидани маъракаҳои ҷамъиятию оилавӣ нақшагири намоянд. Ҳангоми корҳои сохтмониву таъмирӣ майдончаҳои сохтмонӣ бояд тоза нигоҳ дошта шуда, дорои гузаргоҳҳои махсус барои шустани мошинҳо ва нам намудани хоку партовҳои сохтмонӣ бошанд, то ки ба ифлосшавии фазои шаҳру кӯчаҳо роҳ надиҳанд. Роҳбарони ташкилотҳои сохтмонӣ, таъмириву сохтмонӣ ҳангоми сохтмон, таъмири асосии роҳҳо ва пиёдароҳҳо, иваз намудани паҳмии роҳ ё гузаронидани хати муҳандисии ҳавоӣ ё обёрӣ, корҳои заминӣ, ба вайроншавии (осебдиҳӣ) дигар иншоотҳо ва мавзеи кабудизор роҳ надиҳанд. Ҳамаи корҳо бояд дар мувофиқаю назорати хадамотҳои истифодабарандаи ин иншоотҳо ва баъди гирифтани иҷозатномаи махсус амалӣ гарданд.

18. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ӯҳдадоранд, ки мавзеъҳои таъмири асосӣ, таҷдиди роҳ ва дигар корҳое, ки дар шаффати роҳи автомобилгард мегузаранд, бехатарии ҳаракати нақлиёт, пиёдагард ва сохтмончиёнро таъмин намоянд.

19. Номгӯи рақами кӯчаву хиёбонҳо, ороиши равшанӣ, чароғҳо, навиштаҷотҳои рекламавию овезаҳо бояд дар ҳолати хубу коршоям қарор гиранд. Масъулият оид ба ҳифз, ҳолати хуб ва коршоямии маснуотҳои ороишии берунӣ ба сохторҳои зерин гузошта мешавад:

а) лавҳаҳо (тахтачаҳо), номгӯю рақами кӯчаю хиёбонҳо, гузаргоҳҳо, корхонаю ташкилотҳо ва идораву муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон ба Раёсатҳои хоҷагиву манзилии коммуналӣ;

б) намоишгоҳҳо (витрина) реклама ва навиштаҷотҳои электрониву банерӣ (ё дигар намуд) ба соҳибоне, ки онхоро гузоштаанд;

в) тахталавҳаҳои хотиравӣ, муҷассамаҳо, пайкараву нимпайкараҳои дар кӯчаву хиёбонҳо мавчудбуда ба макомоту сохторхое, ки амволхои мазкур дар мувозина ё ихтиёрдориашон карор дорад; 

г) чоҳҳо, сарпӯши чоҳбунҳо, ки дар қисмати роҳи автомобилгард, пиёдароҳҳо, мавзеъи кабудизори назди роҳ, ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ҷойгиранд ба КВД «Обу корези Душанбе», ҶСШК «Душанбегаз», Шабакаи барқию гармидиҳии шаҳри Душанбе, Тоҷиктелеком ва дигар  сохторҳое ки дар тавозунашон чоҳу сарпӯшҳо карор доранд.

20. Манъ карда шавад:

а) иваз ва нобуд кардани хати ҷӯйбори (канал) обёрӣ, кам кардани бурриши кӯндалангии ҷӯйбору канал, ифлос ва партофтани партовҳо ба ҷӯйбору канали обёрӣ ва иншоотҳои гидротехникӣ;

б) ороиш ва намоии лавҳаҳо, эълонномаҳо, овезаҳо ва лавҳаҳои электронӣ бо акси зану марди урён ва нимурён;

в)  поймол кардани мавзеъи сабзазор, гулгашт, канда партофта ё бо худ гирифта бурдани гулу сабзаҳо;

г) кандан, шикастани воситаҳои муҳандисӣ (қубуру воситаҳои барқӣ, ороишӣ, шаклҳои хурди меъморӣ);

  д) бе иҷозати дахлдор ғайримақсаднок истифода бурдани ҳудуди объектҳои сохтмонашон нотамом;

е) бе иҷозат кофтани ҳудуди биноҳо, кӯчаҳо ва майдонҳо, наандешидани чора бобати ба ҳолати дахлдор овардани ҷойҳои кандашуда, инчунин майдончаҳои сохтмон баъди ба анҷом расидани сохтмон ва корҳои таъмирӣ.