Душанбе
Асосӣ / ҚОИДАҲОИ ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТӢ, ОБОДОНИ ВА САНИТАРӢ ДАР Ш. ДУШАНБЕ / Фасли 5. Риояи тартиботи санитарӣ ва ҳифзи муҳити зист
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт

Қоидаҳои мазкур асосҳои ҳуқукии таъмини тартиботи чамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян намуда, ҷавобгариро ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои вайрон намудани онҳо муқаррар менамояд.

 

 

Фасли 5. Риояи тартиботи санитарӣ ва ҳифзи муҳити зист

 

20. Дар ҷойҳои ҷамъияти шаҳрвандон ӯҳдадоранд тозагиро риоя намоянд.

21. Маъмурияти корхонаҳо, ташкилотҳо, раёсатхои манзиливу коммуналӣ, дигар сохторҳо новобаста аз мансубияти  идоравиашон, иҷорагирон ва соҳибмулкон ӯҳдадоранд:

      а) биноҳо ва иншоотҳои ҳудуди онхо, аз ҷумла, ҷӯйборҳои обёриву обгузар, пиёдароҳҳо, мавзеи кабудизор ва истгоҳҳои нақлиётиро дар ҳолати хубу тоза  нигох доранд;

      б) дар назди бинохо партовқуттиҳои хушнамуд гузошта, саривақт тоза кардани онхоро таъмин намоянд;

      в) мутобиқи меъёри масоҳати барои рӯбучин муқарраршуда  ҳавлирӯбҳои бо либоси махсуси хушнамуд таъминбударо вобаста намоянд; 

      г) хар рӯз то соати 615   пурра  тоза кардани  ҳудуди иншоотҳои дар зербанди «а» зикргардидаро анҷом дода, онҳоро  дар давоми рӯз  дар ҳолати хубу  тоза нигоҳ доранд;

      д) дар мавсими тирамоҳу зимистон пиёдароҳҳо, майдону истгоҳҳои нақлиётиро  аз барфу ях ва ифлоси тоза карда, ин худудхоро дар рӯзҳои яхбанди  омехтаи қуму намак ё тарошаҳои чӯб пошанд;

      е) вобаста аз аз имкониятҳои мавчуда барои тоза кардани ҳудуд  аз таҷҳизотҳои  техникии  чангкашӣ  истифода намоянд.

22.Раёсатҳои хоҷагии манзиливу коммуналӣ, комендантҳои хобгоҳҳо  вазифадоранд, ки ҷамъоварӣ ва баровардани саривақтии партовҳои маиширо  таъмин намуда, қуттиҳои партовҳоро  тоза ва шустушӯй намоянд.

23. Ҳавлӣ, майдончаҳои партовҷамкунӣ  ва чуқуриҳои пуршаванда  бо ихроҷ бояд ҳаррӯза аз чониби шахсони зерин иҷро гардида, дар хар 3 руз на кам аз як маротиба безарар гардонида шаванд:

      а) дар хонаҳои истиқомати ва шаҳракҳо  аз тарафи  Раёсатҳои хоҷагии  манзили ва коммуналӣ, сохторхои марбута ва сохибмулкони манзил бо корхонаи  махсуси партовбарорӣ;

      б) дар корхонаву ташкилотҳо аз тарафи маъмурият;

      в) дар майдончаҳо аз тарафи  корхонаи  махсуси партовбарорӣ;

      г) дар назди кӯчаҳо аз тарафи Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои  ноҳияҳои пойтахт,ки ба он вобаста шудааст.

24.Истиқоматкунандагон ӯҳдадоранд:

      а) партовҳои маиширо бо сатилҳои пластмасии сарпушакдор  ҷамъ карда  аз соати 1800 то соати 600 ба партовгохи махсус бароварда  партоянд; 

      б) чораҳои ҳатмиро ҷиҳати  нест кардани  пашшаву ҳашаротҳо ва мушу каламушҳо амалӣ намуда дар ин самт ба хадамотҳои несткунандаи ҳашаротҳои зараррасон мусоидат намоянд.

25.Корхонаҳои дорои нақлиётҳои барқӣ, ташкилотҳо ва шахсони алоҳида бояд воситаҳои нақлиётро дар ҳолати тоза ба кӯча бароварда, муҳаррики онҳоро дар ҳолати коршояму ҷавобгуй ба талаботҳои техникӣ  нигоҳ доранд.

26.Маводу масолеҳи реза (қум, хок, партовҳои сохтмонӣ ва ғайра), ки  боиси ифлосшавии кӯча мегарданд бояд дар қуттиву воситаҳои махсус ва нам кардашуда бароварда шаванд. Борҳои мазкур набояд аз бордони мошин баланд бошад ва он бо болопуши резинӣ пурра пӯшидаву маҳкам бошад.

27.Манъ карда шавад:

      а) партофтани партовҳо, барф, ҳаргуна ифлоси ва дигар намуди партовҳо ба кӯчаҳои шаҳр, гулзору чаманзор, дарёю каналу селпартовҳо ва ҷӯйборҳои обраву обёрӣ, назди сутунҳои барқию телефонӣ, зернеругоҳҳо ва трансформаторҳо, кабинаҳои телефонҳо; 

      б) дар ҷойҳои таъиннагардида шустани мошинҳо; 

      в) рехтани ҳар гунна моеъҳои кимиёвӣ (кислотаҳо, бензину сузишвории дизелӣ, равғанҳои мошинию молиданӣ, ишқорҳо ва дигар моеъҳо, ки ба роҳ осеб дода фазоро вайрон мекунанд), дар хати (зери) ноқилҳои барқӣ захира ва ҷамъ кардани маводу масолеҳ;

      г) ғайримақсаднок истифода бурдани оби нушокӣ;

      д) бе иҷозат ва худсарона  ба чоҳбунҳои обихроҷӣ рехтани обҳои  техникӣ;

      е) сохтан ва истифода намудани танурҳо дар чойҳои муайяннашуда;

    ж) хушк кардан, тоза ва сафед кардани либосу анҷоми хона ва гилемҳо дар ҷойҳои барои ин мақсадҳо пешбининагардида;

      з) часпонидани эълонҳо дар девору шафати биноҳо, дарахтон, сутунҳо, истгоҳҳо ва ғайра;

      и) сӯхтани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту ҳавлиҳо;

      л) гирифтани хок барои тайёр кардани хишт;

      м) худсарона ишғол намудани қитъаҳои озоди каналу селпартовҳо, дар ҳудуди қитъаҳои озод сохтани ҳар гуна бинову иншоотҳо (ҳавлӣ, гараж, ташноб, оғил, кат, девор ва ғайра), кам (танг) кардани маҷрои ҷӯйбор ва каналу селпартовҳо;

      н) бе иҷозати сохторҳои коммуналӣ (Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе, Раёсатҳои хоҷагии манзиливу комуналӣ, Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт) ва Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобили шаҳри Душанбе гузоштани купрукчаҳо дар болои каналу обгузарҳо ва селпартовхо барои гузаштани воситаҳои нақлиёт;

      о) аз ҷониби Раёсати хадамоти танзим дар соҳаи наклиёт дар шаҳри Душанбе додани иҷозат ба ронандагони воситаҳои нақлиёти  мусофиркаш  барои мусофиркашони дар роҳҳои протоколӣ ва дигар роҳҳои пойтахт, ки дар онҳо тибқи талаботи санадҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе мусофиркашони   манъ карда шудааст.

      п) дар шароити хона тайёр намудан ва дар ҷойҳои махсуснагардонидашуда ба фурӯш баровардани таомҳо, ки ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ  ҷавобгӯ намебошанд;

      р) дар ҷойҳои номуносиб, аз ҷумла ҷойҳое, ки шароити нигоҳ дошта шудани таоми пухташуда ва дуруст тоза намудани зарфҳои истифоданашударо надоранд;

      с) дар бозорҳо ва дигар нуқтаҳои савдо бидуни либоси махсуси якхела ва нишони сарисинагӣ, ки ному насабашонро нишон медиҳад ба савдо машғул шудани савдогарон

      т) дар ҷойҳои мукаррарнашуда фурухтани ҳама намуди мол

          Шаҳрвандоне, ки талаботи зербандҳои «о», «п», «р» ва «т»-ро вайрон мекунанд тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷмҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби макомоти ваколатдор ба чавобгарии маъмури кашида мешаванд.

           Барои вайрон намудани талаботи зербанди «о» тибки муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда нисбати роҳбари Раёсати хадамоти танзим дар соҳаи наклиёт дар шахри Душанбе ва ронандагоне, ки ин талаботро вайрон намудаанд чораҳои қонунӣ татбиқ карда мешавад.

28. Соҳибони манзилҳои истиқоматӣ вазифадоранд  барои хизмати баровардани партовҳо ба воситаи кассаҳои шуъбаҳои Амонатбонк ба суратҳисоби хоҷагиҳои коммуналӣ на дертар аз санаи 10-ми моҳ маблағ пардохт намоянд. Андозаи маблағро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе муайян намуда онро сохторхои коммуналӣ амалӣ менамоянд. 

29. Раёсати обёрӣ, Раёсатҳои хоҷагии манзиливу коммуналии ноҳияҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо дар ҳудуди худ ва шахсоне, ки аз ҳавлии онҳо ҷӯйбору канал ё селпарто мегузарад, вазифадоранд онҳоро ҳамеша аз партову гилу лой тоза карда дар ҳолати хуби санитари нигоҳ доранд. Муқаррар карда шавад, ки Раёсати обёрии Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе танҳо барои аз гил тоза кардани каналу селпартовҳо ва сохторҳои дигари марбутаи Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар нохияхои шаҳри Душанбе барои баровардани партовҳои аҳоли масъуланд. Дар ҳудуде, ки каналу селпартовҳо аз байни ҳавлии аҳолӣ мегузаранд, онҳо бояд аз гилу партов аз тарафи соҳибони ҳавлӣ тоза карда шаванд.

30. Мавзеъҳои кабудизор новобаста аз мансубияти идоравиашон, хазинаи кабудизори шаҳрӣ ба ҳисоб меравад. Тоза, нигоҳубин ва ғамхорӣ нисбати мавзеи кабудизор вазифаи ҳар як шаҳрванд аст.

31. Масъулият барои нигоҳубин ва ҳифзи мавзеи кабудизор ба зимаи сохторҳои зерин  гузошта шудааст (дар асоси шартнома):

      а) гулгаштҳо, роҳҳои магистралӣ, кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо ба Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт;

      б) боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба роҳбарони онҳо (директор, сардори муассиса ва ғайра);

      в) шаҳраку роҳҳо ва ҳавлиҳо ба Раёсатҳои хоҷагиву манзилӣ (агар квартираҳо шахсӣ бошанд ба сохибмулкон ва  истиқоматкунандагони биноҳои истиқоматӣ);

      г) назди хобгоҳҳо ба маъмурият (соҳибмулк) ва комендант, роҳбари маъмурият;

      д) дар ҳавлиҳои назди мактабӣ, беморхонаҳо, донишгоҳҳо ва дигар ташкилотҳо ба маъмурияти онхо.

32. Роҳбарони корхонаҳо, ташкилотҳо, идораву корхонаҳои таъмириву сохтмонӣ ҳангоми корҳои заминӣ (шудгор ё ҳамвор, кофтан ва ғайра) ӯҳдадоранд, ки дарахтонро бо маводҳои муҳофизатӣ иҳота намуда, бо луч шудан аз пустлох роҳ надиҳанд, ба партофтани партовҳо ва хоки нолозима дар мавзеъҳои кабудизор роҳ надиҳанд. Ҳангоми бунёди пиёдараҳа ва роҳи автомобилгард барои гарди дарахтони сари роҳ ҷойгирбуда мавзеъи озоди хокӣ дар андозаи диаметраш 1,5 м ҷой монанд.

33. Роҳбарон ва шахсони масъули таъмини ҳифзи мавзеи кабудизор  вазифадоранд, ки мунтазам обёрӣ намоянд, миқдори онҳоро ба ҳисоб гиранд, бо нуриҳо таъмин намоянд, бо ҳашароту кирмҳои зараррасон мубориза баранд, аз навдаҳои хушк тоза намоянд, чаману буттаҳоро сари вақт қайчи ва дарав кунанд, аз алафҳои бегона тоза кунанд.

34. Манъ карда шавад:

      а) шикастан ва буридани дарахтону буттаҳо, кандан ва буридани барги гулҳо, бо корду асбобҳои тез буридани навиштаҷот дар танаи дарахтон, ба дарахтон задани мех ва овехтани сим барои либосу анҷоми хушккунӣ;

      б) аз як ҷой ба дигар ҷой кӯчонидани дарахтону буттаҳо (гарчанде хушкшуда ё зич парвариш ёфта бошанд) бе иҷозат ва санади дахлдори бо Сарраёсати меъмори ва шаҳрсози, Раёсати ҳифзи муҳити зист ва мувофиқаи бевосита бо сохторе, ки дар мувозинааш мавзеъи кабудизор карор дорад;

      в) ба мавзеи кабудизор ё назди он партофтани маҳсулоти кимиёвӣ, обҳои саноатӣ ва дигар моеъҳои зараррасон, ташкил намудани бозиҳо (футбол, валейбол, теннис ва ғайра), аз болои он ҳаракат ва идора намудани воситаҳои нақлиётӣ (велосипед, мотосикл, мошин) ва ташкил намудани тавақкуфгоҳи нақлиётӣ.

35. Бо мақсади таъмини тозаги ва ҷорӣ намудани тартибот дар шаҳр ҳар рӯзи шанбеи якум ва сеюми моҳ рӯзҳои санитарӣ муқаррар карда шавад.

36. Шахрвандоне, ки талаботхои банди 34-ро вайрон мекунанд, тибки Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон аз тарафи  макомоти ваколатдор ба чавобгарии маъмури кашида мешаванд.