Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Кино

Шиносоии Душанбе бо мӯъҷизаи а. 20 – кинематография ҳаматарафа буд. Душанбе ба шаҳре табдил ёфт, ки дар он кинои ба худ хос тавлид шуда, машҳури ҷаҳон гашт. Солҳои 30 дар пойтахт ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии марбут ба кинематография – «Тоҷиккино» (шабакаи кино ва кинопрокат), киностудияи «Тоҷикфилм», «Тоҷиккинотехника» ва 13 кинотеатр ташкил ёфтанд.
Аввалин кинотеатр дар пойтахт с. 1927 арзи ҳастӣ кардааст (кинотеатри хусусӣ буд). Нахустин филме, ки сокинони пойтахт тамошо карданд, «Нибелунг»-и Фритс Ланг (истеҳсоли с. 1924) мебошад. Кинотеатр ҳамагӣ ним сол фаъо-лият кард.
Ба ақидаи муҳаққиқ Л. Казакова аввалин кинотеатр дар Душанбе с. 1928 сохта шудааст (кинотеатри тобистонаи «Красная Звезда» дар назар аст, ки дар маркази шаҳр ҷойгир буд ва то с-ҳои 90 а. 20 фаъолият дошт).
Солҳои 20 – 30 а. 20 кино барҳақ сокинони пойтахтро дар рӯҳияи нав тарбия намуд, бо нури худ шуури халқро, ки зери таъсири ҳаёти асримиёнагӣ қарор дошт, мунаввар сохт ва зинае гардид барои гузариш аз як тамаддун ба тамаддуни дигар.
Даҳсолаи аввали ташаккули кинематографияи миллӣ дар Тоҷикистон ва пойтахти он ба душвориҳо гузашт. Тоҷикистон яке аз гӯшаҳои қафомондаи собиқ аморати Бухоро ба шумор мерафт. Вуҷуд надоштани алоқа, дар сатҳи паст қарор доштани иқтисодиёт ва набудани кадр-ҳои миллӣ – ҳамаи ин ба пешрафти ҳаёти нав ва ташаккули кинематографияи миллӣ таъсири манфӣ мерасонд. Бо вуҷуди ин дар натиҷаи чорабиниҳое, ки дар рафти инқилоби фарҳангӣ амалӣ гаштанд ва аз деҳаи хурд ба шаҳри замонавӣ табдил ёфтани пойтахт кинематографияи он низ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Кинотеатрҳои нав пайдо шуданд, намоиши киноҳои сайёр маъмул гашт, кадрҳои миллӣ сари кор омаданд, киностудияи касбӣ («Тоҷиккино», 1930) ташкил ёфт. Студия чун дигар муассисаҳои давлатӣ дар яке аз биноҳои похсадевори маркази Душанбе ҷойгир буд.
Кинои тоҷик, сарфи назар аз сиёсатмаобии худ, тадриҷан ба ҷузъи таркибии фарҳанги маънавии халқ табдил ёфт, дар офариниши он дар қатори кинематографистон ходимони адабиёт, театр, санъати тасвирӣ ва мусиқӣ иштирок доштанд.
Дар ибтидо кадрҳои миллӣ намерасиданд. Барои кӯмак К. Ёрматов, ки дар киностудияи Тошканд кор мекард, Ғ. Баҳор ва диг. мутахассисон аз Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои наздик ба Душанбе омаданд.
Таърихи кинои тоҷикро бе номи К. Ёрматов тасаввур кардан муҳол аст. Ӯ  нахустин режиссёри миллӣ буд, ки савияи кинои тоҷикро ба дараҷаи баланд бардоштааст.
Авв. с-ҳои 30 давраи тавлиди кинои ҳунарист. Дар ин солҳо дар киностудияи Душанбе чунин филмҳои беовоз офарида шуданд: «Ҳуқуқи фахрӣ» (коргардон К. Ёрматов, 1932), «Вақте ки амирон мемиранд» (коргардон Л. Печерина, 1932), «Муҳоҷир» (коргардон К. Ёрматов, 1934), «Худои зинда» (коргардон М. Вернер, 1935). Ин филмҳо мазмуни тарғиботӣ, сиёсӣ, атеистӣ доштанд. Филми «Муҳоҷир» бо вуҷуди соддагӣ ва якрангии тасвири хислатҳо тавонист, ки баъзе ҷиҳатҳои ҳаёти воқеии тоҷикони ҳамонвақтаро инъикос намояд. «Муҳоҷир» кинематографистони Тоҷикистонро ба дарки нерӯи бузурги кино водор намуд. Филм собит кард, ки санъати кино нафақат аз ҷиҳати шакл, балки аз ҷиҳати мазмун ҳам метавонад миллӣ бошад.
Таърихи ташаккули кинои ҳақиқатан ҳам миллиро маҳз аз давраҳое оғоз кардан лозим аст, ки аз ҷониби мутахассисони таҳҷоӣ нахустин филмҳои миллӣ офарида шуданд: К. Ёрматов (коргардон, филмноманавис ва актер), С. Туйбоева (аввалин актрисаи кино), Ғ. Баҳор (коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ, бастакор, ходими театр), М. Раҳимӣ (филмноманавис), Р. Қурбонов, Р. Пирмуҳаммадов, Д. Саидов (актерҳо), К. Олимов (коргардони дубляж) ва диг. Филми дигари К. Ёрматов – «Дӯстон аз нав вомехӯранд» (1939), ки яке аз аввалин филмҳои овоздор аст, дар кинои тоҷик саҳифаи тоза кушод.
Дар ташаккули санъати кинои тоҷик Ғуломризо Баҳор саҳми калон дорад. Ӯ  устоди санъати театрӣ, нависандаи болаёқат ва нозукбаён, мутриби хушадо буд. Сурудҳои машҳури «Гар намедонӣ бидон», «Ранҷида ёрам», «Ёри мастчоҳӣ» маҳсули эҷоди ӯ мебошанд. Фаъолияти Ғ. Баҳор дар кино бо он хотирмон аст, ки дар филмҳои ҳуҷҷатии ӯ «Душанбе – Сталинобод (1936), «Як рӯз дар колхоз» (1937), «Инженерони рӯҳи одамизод» (1937) бори аввал каломи тоҷикӣ ва оҳанги миллӣ садо доданд. Ғ. Баҳор дар филми ҳуҷҷатии «Душанбе – Сталинобод» бо роҳи муқоисаи гузаштаву имрӯза кӯшидааст, ки ба шаҳр – пойтахт табдил ёфтани деҳаи Душанберо ба тарзи бадеӣ нишон диҳад. Дар филми ҳуҷҷатии «Инженерони рӯҳи одамизод» Баҳор нахустин бор чеҳраи ду инсони бо мо азиз – устод Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутиро ба навор бардоштааст.
Он солҳо филмҳои ҳуҷҷатии бисёр ба навор гирифта шуданд. Умуман кинои тоҷик дар тӯли фаъолияти худ дар бораи Душанбе ва воқеаҳои дар он рухдода филмҳои зиёди ҳуҷҷатӣ ва ҳунарӣ бардоштааст.
Филми «Шаҳри мо» (филмнома ва монтажи Б. Акубҷонов, Н. Зелеранский, навобардорон Б. Синеоков, В. Шевченко, В. Бурсев), ки с. 1939 ба навор гирифта шудааст, дар бораи пойтахти ҷумҳурӣ ҳикоят мекунад. Дар он барои пайваст намудани ду усули банаворгирӣ –мушоҳида ва репортаж кӯшиш кардаанд. Филм аз ком-ёбиҳои пойтахт дар с. 1939 нақл мекунад. Филм-ро тамошо карда, мебинем, ки чӣ тавр дар кӯчаҳои марказии Душанбе автомобилҳо ҳаракат мекунанд, одамон аз мағозаҳо чизҳои барои рӯзгор заруриро мехаранд, дар беморхонаҳо амалиётҳои ҷарроҳӣ мегузаранд. Кадрҳои филм тавре ҷо ба ҷо гузошта шудаанд, ки ду-рустии сиёсати Советҳоро дар бобати тараққиёти ҷамъият ва баланд бардоштани некӯаҳволии халқ нишон диҳанд. Имрӯз ин кадрҳо барои мо аз он ҷиҳат гаронбаҳоянд, ки дар онҳо таърихи пойтахтамон ва зиндагии он давр тасвир ёфтаанд.
Аз сабаби нарасидани кадрҳои миллӣ, набудани филмномаҳои инъикоссозандаи ҳаёти тоҷикон, набудани таҷҳизоти зарурии кино Ҳукумати ҷумҳурӣ с. 1940 дар бораи муваққатан қатъ намудани истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ қарор қабул кард. Студияи Сталинобод минбаъд бояд фақат филмҳои хроникавӣ ва ҳуҷҷатӣ мегирифт. Ин қарор то ох. с-ҳои 50 давом кард [танҳо филмҳои «Пионери Тоҷикистон» – 1942 ва «Киноконсерти тоҷикӣ» – 1943, ки якҷоя бо «Союздетфилм» (солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Сталинобод кӯчида буд) ба навор гирифта шудаанд, истисно буданд].
Дар ин давра сехи дубляж ташкил карда шуд, ки ба он К. Олимӣ роҳбарӣ мекард. Ӯ  нависандагони тоҷик ва актёрони театрҳои тоҷикиро ба дубляж чалб намуда, бо ҳамин барои истеҳсо-ли филмҳои миллии ҳунарӣ замина омода сохт.
Солҳои ҷанг ҳамроҳи киностудияи «Союздетфилм»-и Москва кинематографистони машҳури рус низ ба Сталинобод омаданд. Онҳо барои коргарони техникӣ ва ҳам барои ҳайати эҷодӣ курсҳои такмили ихтисос ташкил карданд. Ин дар оянда барои офаридани филмҳои ҳуҷҷатӣ ва истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ дар киностудияи Сталинобод заминаи беҳамто гузошт.
Филмҳои «Тоҷикистон» (коргардонҳо Б. Кимёгаров, Л. Степанов, 1946; дар Кинофестивали VII байналхалқии Венетсия медали биринҷӣ ва Ифтихорнома гирифт) ва «Садриддин Айнӣ» (коргардон Б. Кимёгаров, 1949) аз ҷумлаи филмҳое мебошанд, ки баъди ҷанг истеҳсол шуданд.
Аз нимаи дуюми с-ҳои 50 киностудияи тоҷик дар мавзӯю жанрҳои мухталиф соле 3 – 4 филми ҳунарӣ истеҳсол мекард. «Дӯсти ман Наврӯзов» (коргардонҳо Ш. Қиёмов ва Н. Литус, 1957) драмаи замонавии иҷтимоӣ буда, ақида ва меъёрҳои ҳозиразамони хоҷагидориро тасвир мекунад, қаҳрамони дорои принсипҳои баланди ахлоқӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносиро ситоиш менамояд. Филмҳои «Мансаби баланд» (коргардон Б. Кимёгаров, 1958), «Чароғак дар кӯҳсор» (коргардон Б. Далинов, 1958), драмаи мусиқии «Ман бо духтаре вохӯрдам» (коргардон Р. Перелштейн, 1957), «Вақти зангирии писар расид» (коргардон Т. Собиров, 1959) ва «Зумрад» (коргардонҳо А. Раҳимов, А. Давидсон, 1962) низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд. Дар мавзӯи таъриӣ филми дусериягии «Одам пӯсташро иваз мекунад» (коргардон Р. Перелштейн, 1959) офарида шуд. Ҳамчунин филми детективии «Амалиёти Кобра» (коргардон Д. Василев, 1960), филм-балети «Лайлӣ ва Маҷнун» (коргардонҳо Т. Березансев, Ғ. Валаматзода, 1960), филми мазҳакавии «Насриддин дар Хуҷанд» (муалл. филмнома ва коргардон А. Бекназаров, 1959), дар мавзӯи таърих филмҳои «Қисмати шоир» (коргардон Б. Кимёгаров, Шоҳҷоизаи кинофестивали байналхалқӣ дар Қоҳираро гирифт, 1959) ва «Ливои оҳангар» (коргардон Б. Кимёгаров; аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 1961) ба навор гирифта шуданд. Баъзе аз ин филмҳо ба кинои тоҷик баҳри дарёфти минбаъдаи мавзӯъ ва воситаҳои бадеии тасвир кӯмаки беназир расонданд. Дар ин филмҳо Душанбе гоҳ чун шаҳри хомӯшу нисбати ҳодисаҳо бетафовут, гоҳ чун шаҳри пурҷӯшу хурӯше, ки аз ягон воқеа дар канор нест, тасвир шудааст. Мас., дар филми «Мансаби баланд» чандон фаъол нест. Дар мазҳакаи «Ман бо духтаре вохӯрдам» дар баробари кӯчаю биноҳои шинос шаҳрвандони зиндадилу фаъолро мебинем, ки нақши онҳоро актёрон хеле образнок офаридаанд. Дар филм камбудиҳои шаҳр ва баъзе аз сокинони он, ки аз рӯи меъёрҳои кӯҳна зиндагӣ мекунад, зери тозиёнаи ҳаҷв гирифта шудааст. Худи шаҳр бошад бо кӯчаю хиёбонҳои серодам, боғу гулгаштҳо, бо Кӯли комсомоли худ дар филм пурҷӯшу хурӯш, дилоро, шукуфон, саршор аз ғайрати ҷавонӣ тасвир ёфтааст.
Кӯшиши ба ҳамин тарз офаридани симои шаҳр дар диг. филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм» низ мушоҳида мегардад. Мас., дар филми «Зумрад» ба шарофати ҳунару истеъдоди наворбардор А. Панасюк кӯчаву хиёбонҳо ва сокинону биноҳои шаҳр бо ҳолати рӯҳии қаҳрамони асосии филм ҷӯр гардидаанд.
Солҳои 60 – 70 низ дар бораи Душанбешаҳр филмҳои ҳуҷҷатӣ офарида шудаанд. Дар филми «Шаҳри мо» (филмномаи А. Ҳасанов, А. Вишневский, коргардон ва навобардор Г. Никитин) ҳамоҳангии услуби ороишоти шарқӣ ва санъати меъмории ҳозиразамон – маҳсули кори меъморони боистеъдоди Душанбе инъикос ёфтааст. Филми «Тоҷикистон – 64» (коргардон Н. Сагуров) дар бораи дар Душанбе кушода шудани НКХХ ҳикоят мекунад. Филмҳои ҳуҷҷатии «Душанбе» (1971), «Набзи Душанбе» (1972) ва «Душанбе – пойтахт» (1978) аз бобати тараққиёту шукуфоии шаҳр нақл мекунанд. Дар филми Е. Кузин «Шаҳре, ки ёд дорам ва дӯсташ медорам» раванди аз деҳа ба шаҳр табдил ёфтани Душанбе инъикос ёфтааст.
Сужети филмҳои мусиқӣ-мазҳакавии М. Маҳмудов «Ҳикояҳои хурд дар бораи бачаҳое, ки …» (1962, ҳамроҳи А. Ҳамроев), «Шаби 1002-юм» (1965) ва «Рояли сафед» (1969) низ дар ш. Душанбе сурат мегирад. Филми «Муҳосира» (муалл. филмнома Ҳ. Назаров, Д. Булгаков, коргардон М. Орифов, наворбардор В. Мирзаянс, рассом Л. Шопко, бастакор Г. Александров) ба яке аз лаҳзаҳои Ҷанги граждании с-ҳои 20 а. 20 дар Тоҷикистон – мудофиаи Душанбе бахшида шудааст.
Солҳои 80 – 90 ба кинои тоҷик насли нав омад, ки нуқтаи назар, ақида ва тафаккури ҷадид дошт. Ва ин дар кинои тоҷик боиси гуногунандешӣ, озодфикрӣ, гуногунжанрӣ, интихоби дақиқи мавзӯъҳо гардид. Чунин навҷӯиҳо дар эҷодиёти кинематографистон М. Юсуфова, П. Аҳмадов, Сайф Раҳимзод, Г. Мирзоева, С. Ҳақдодов, Т. Ҳомидов, Ҷ. Мансуров ва бисёр дигарон ба мушоҳида мерасад.
Дар қатори филмҳои дар ин давра офаридашуда – «Душанбе – калиди шаҳр» (1981), «Шаҳри овозадори ман» (1985), «Душанбе: имрӯз ва фардо» (1987), «Чӣ ҳол дорӣ, Душанбе?» (1990) – филмҳое ҳам пайдо шуданд, ки дар онҳо обурангҳои пештара, тантанаҳои бардурӯғ ба назар намерасиданд. Дар ин ҷода Д. Худоназаров бо филмҳои «Тавлид» (иборат аз ду филм, 1984) ва «Устод» (иборат аз ду филм, 1988) қадами қатъӣ гузоштааст. Ӯ  дар ин филмҳо зарра-зарра ҳуҷҷату далел ҷамъ оварда, аз рӯи ҳикояти шоҳидон ва иштирокчиёни воқеаҳои таърихӣ, тавассути тақдири қаҳрамонони воқеӣ тақдири сахти Тоҷикистони с-ҳои 20 – 30 а. 20-ро тасвир мекунад. Ҷиддият ва ҳисси масъулият дар назди ҳақиқати таърих сабаб шуд, ки чунин филмҳо василаи худшиносии халқ гарданд. Дар ҳамин рӯҳия минбаъд филмҳои дигар, мас., «Мақсад» (1987) ва «Бовар дорам» (1988, коргардон М. Юсуфова), «Сталинободи соли 1937» (коргардон Г. Ортиқов, 1989), «Ғозӣ Ниёз» (коргардон О. Шарипов, 1992) ва ғ. низ офарида шуданд.
Қисми зиёди филмҳо дар мавзӯи ҳозиразамон буданд. Тасаввуроте пайдо мешуд, ки гӯё муаллифон кӯшиш кардаанд тақдири худу ояндаи шаҳри худро бинанд ё пешгӯӣ намоянд. Маҳз чунин филмҳо оҳанги пуризтироб доштанд: «Ақида» (коргардонҳо В. Аҳадов, С. Қурбонов, 1988), филмҳои ҳуҷҷатии «Сарманбаъ» (коргардон П. Аҳмадов, 1987), «Симо» (М. Юсуфова, 1989), «Ду нафар» (Б. Мирзоева, 1989), «Зиндагӣ чунин аст» (О. Ҳомидов, 1989), «Кулфат» (П. Аҳмадов, 1990), «Хоҳиш мекунам, хабар надиҳед» (Ҳ. Ҳасанова, 1988).
То ҳодисаҳои февралии с. 1990 ҳаёт саршори шодӣ, муҳаббат ва боварӣ ба ҳамдигар буд, баъд давраи сарсонию саргардонӣ, бегонагӣ, нобоварӣ ба фардо оғоз ёфт. Филмҳои ҳамонвақтаи «Душанберо иваз мекунам» (Г. Ортиқов, 1990), «Рӯзҳои моҳи коста» (коргардон Ё. Аралов, В. Максименков, 1991), «Сиёҳу сафед» (С. Солеҳов, 1990), «Чархофалак» (С. Солеҳов, 1992) дар ин хусус баҳс мекунанд. Чунин рӯҳия дар диг. филмҳои ҳунарӣ, мас., дар филми С. Ҳақдодов «Хоби ҳақиқӣ» (1990) низ эҳсос мешавад. Дар яке аз саҳнаҳои ин филм воқеаҳои февралӣ ҳамчун хоби даҳшатнок нишон дода шуданд. Филми швейсарии «Буфети тоҷикӣ» (коргардонҳо Эрик Строндал, Кнут Экстрон, 1993) низ аз боби воқеаҳои февралии с. 1990 нақл мекунад.
Ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти кинематографистонро маҳдуд кард. Киностудияи «Тоҷикфилм» аз фаъолият монд. Вале студияҳои ғайридавлатӣ фаъолият доштанд. Дар ин давра филмҳои «Хоки Ватан» (1994), «Кӯдакони давраи ҷанг» (О. Шарифов, «Тоҷикфилм», 1995), «Душанбе – шаҳри нон» (С. Ҳақдодов, «Тоҷикфилм», 1994), «Ҳузур» (Т. Ҳомидов, киностудияи «Синамо», 1995), «Бозгашт» (Ф. Абдуллоев, киностудияи «Ҳаома», 1999) офарида шуданд. Баъзе филмҳо аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзии мо таҳия гардиданд: «Қош ба қош» (1994) ва «Падари моҳтобӣ» (1999)-и Бахтиёр Худой-назаров (киноширкати «Вис», Германия), «Сафари хидматӣ» (1997) ва «Мардикор» (2002)-и Майрам Юсуфова (киноширкати «Навигатор», Россия), «Бозгашт ба Душанбе» (1998)-и Гулбаҳор Мирзоева (филми муаллифӣ, Фаронса). Соли 1997 коргардони машҳури эронӣ Мӯҳсин Махмалбоф бо иштироки киностудияи «Тоҷикфилм» филми «Сукут»-ро ба навор гирифт, ки дар он Душанбе чун шаҳри озодаву обод тасвир ёфтааст.
Дар Душанбе мунтазам рӯзҳо ва намоишҳои филмҳои хориҷӣ барпо мегарданд. Кинотеатри хурди «Айём», ки бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин шудааст, ба фаъолият сар кард. Видеофилмҳо низ ба навор гирифта мешаванд: «Дигаргуна» (коргардон Г. Дзалаев, 2002), «Арӯ-сак» (коргардон Р. Атоева) ва ғ. Дар видеофилми «Дигаргуна» аз боби фестивали «Аржанг» сухан меравад, ки онро ташкилоти швейсарии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мегузаронад. Филми ҳуҷҷатии «Арӯсак» мушоҳидаҳои муаллиф аз ҳаёти духтарону занони тоҷике мебошад, ки дар рӯзҳои барои худ, оила ва ҷамъият вазнин номусу шарафи хешро ҳифз мекунанд, дар бораи ҳаёт, қисмати зан ва муҳаббат фикр меронанд.
Дар ш. Душанбе ҳамчунин ҶММ «Киносервис» фаъолият дорад, ки дар он як гурӯҳ кинематографистони ташаббускор ҷамъ омадаанд. Дар киносинфи он донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахт берун аз дарс асосҳои санъати киною видеоро меомӯзанд. Мутахассисони тайёркардаи ин боргоҳи касб аз ӯҳдаи иҷрои ҳама гуна корҳои вобаста ба истеҳсоли видеофилм (наворбардорӣ ва зиёд кардани теъдоди он) мебароянд. Филмҳои ҳуҷҷатии киносинф – «Дар он тараф» (О. Макаров; дар бораи тақдири сахти тарбиятгирандагони мактаби махсуси Душанбе), «Зиндагӣ бебаҳост» (А. Примқулов; дар бораи марде, ки мақсади зиндагиаш саёҳат аст), филмҳои ҳунарии «Фариштаи ман» (Д. Бекетов; дар бораи тақдири навҷавоне) ва «Варта» (Н. Хидирова; аз рӯи мазмуни асар-ҳои Киссенҷер) – барои иштирок дар Кинофестивали III байналхалқии коргардонҳои ҷавон ва мактабҳои кинои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо номи «Ба тарзи нав нигар», ки с. 2001 дар ш. Алмаато баргузор гашт, пешниҳод шуда буданд. Баъзе филмҳо ҳамчунин ба Кинофестивали 11 байналхалқии Котбус (2001) даъват шуданд.