Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Маориф

Дар пойтахт 267 муассисаҳои таълимӣ фаъолият дорад, ки аз инҳо:

- 140 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ,

- 119 адад  кӯдакистонҳо

- 8 адад муассисаи таҳсилоти иловагӣ

198  муассисаи таълимӣ (100 мактаб, 90 кӯдакистон, 8 маркази таҳсилоти иловагӣ) аз буҷети  шаҳри Душанбе  маблағгузорӣ мешаванд. Дар пойтахт намудҳои зерини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд:

- 7 муассисаи ибтидоӣ

- 9 муассисаи асосӣ

- 120 муассисаи миёнаи умумӣ

ва 4 – муассисаи ғоибона

Аз шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  27 муассисаи типпи нав мавҷуд аст. Аз ҷумла:

- 13 адад  гимназия:

- 14 адад литсейҳо

 Шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 1 сентябри соли 2014-ум 175996 нафар ташкил медод.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  дар 2 баст таҳсил мекунанд.  Аз ҷумла:

-   дар як баст  бо фарогирии 101200 нафар хонандагон

-   дар ду баст бо фарогирии 74796  нафар хонанда гон

 

Забони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумии  пойтахт:

- тоҷикӣ -146429 нафар 83,33 %;

- ӯзбекӣ – 1895 нафар – 1,07%;

- русӣ -26646 нафар – 15,1 %;

- англисӣ -1026  нафар -0,5%;

 

Дар пойтахт 7 муассисаи хусусӣ амал мекунанд:

- Гимназияи « Ҳилол»

- Гимназияи «Тоҷикистон»

- Гимназияи «Хотам ва ПВ»

- Гимназияи  « Кафолат»

- Гимназияи « Ҳиммат»

- Мактаби ибтидоии рӯзаш бардавом

- Гимназияи « Сомонӣ»

 

     Дар 119 муассисаҳои томактабии пойтахт  ( 90 адад  муассисаҳои  буҷетӣ ва 29 адад муассисаҳои ғайрибуҷети)  аз шумораи умумии 25895 нафар 22048 нафар ( дар муассисаҳо томактабии  буҷетӣ ( 3847 нафар дар муассисаҳо ғайрибуҷетӣ) кӯдакони синнӣ томактабӣ ба тарбия фаро гирифта шудааст. Аз шумораи умумии муассисаҳои томактабӣ 13 муассиса ҳамчун муассисаи томактабии хусусӣ ба қайд гирифта шудааст.

         Аз шумораи умуми хонадагони муассисаҳои таълимӣ соли хониши 2013-2014-ро  бо баҳои аъло – 18165 нафар ; бо баҳои хубу аъло – 58201  нафар; 1465 нафар ба тирамоҳ  мононда  шудаанд- 376  нафар; - дар синфашон  мононда шуданд. Хонандагоне, ки соли таҳсили  2013-2014 –ро бо баҳои хубу аъло ба итмом расониданд 46,7% –ро  ташкил медиҳанд. Ин нишондод дар соли таҳсили 2012-2013 аз 46,4 % иборат буд. Синфи 11-ро 10432  нафар ( дар соли хониши 2012- 2013 ин нишондод аз 9818  нафар иборат буд)  хонандагон хатм намуданд. Инчунин 206  нафар хатмкунандагони мактаби асосии ( дар соли 2013-2014  ин шумора 208 нафарро ташкил мекард) мактабҳои шаҳр сазовори шаҳодатномаи аълои муассисаи асосӣ дониста шудаанд.

     Дар давраи ҷумҳуриявии олимпиадаи  мактаббачагон аз фанҳои таълимӣ 379  нафар хонандагони шаҳри  Душанбе  ширкат варзида, 19  нафар сазовори ҷойи якум, 31 нафар ҷойи дуюм ва 29 нафар ҷойи сеюм гаштанд. Дар ҷамъбасти соли хониши 2013-2014 ( 5 нафар хатмкунандагони мактабҳои пойтахт сазовори 2 медали  тиллову  3 нуқра гаштанд.

         Бо максади беҳтар намудани шароити фаъолияти кӯдакистонҳо, сифати тарбияву таълими кӯдакони синни томактабӣ ва ба низом даровардани системаи тарбияи томактабӣ аз ҷониби « Барномаи рушди  муассисаҳои томактабии пойтахт таҳия  гашта, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе № 164 аз 11апрели соли 2008 маъқул дониста шуда, 17 апрели соли 2008 бо Қарори  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  қабул  карда шудааст, ки амалӣ гардидани он 84 млн. сомониро  пешбинӣ менамояд.  Раёсати маориф бо кӯмаки Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои  қарорҳои Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон  № 502 аз 2 декабри соли 2003  « Оид ба тасдиқи Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014  » ва № 502 аз 31 декабри соли 2002 « Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии  мактабҳои асосӣ ва миёнаи умумии Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2000-2015 » корҳои назаррасро ба анҷом расонд. Имрӯз мактабҳо 3945 адад компютер доранд, ки ба як компютер 16 хонанда рост меояд. 90 мактабҳои шаҳри Душанбе  ба шабакаи  « Интернет » пайваст  буда, омӯзгорону шогирдон  аз имконияти  он барои сайқал  додани донишҳои худ истифода мебаранд. Баҳри бехтар намудани таълими фанҳои забонҳои русию англисӣ тибқи Барномаи инкишофи соҳаи маорифи пойтахт дар мактабҳо ҷихозонидани синфҳои лингафонӣ оғоз гашта, то ин дам Маркази такмили ихтисоси муаллимони шаҳр, Марказа рушди истеъдодҳо ва аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт бо чунин синфхонаҳо таъмин шудаанд.

 

                                              Ҳамкории мактаб ва ҷомеа

 

     Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 140 аз 27 феврали соли 2007  « Дар бораи тақвият бахшидани ҳамкории мактаб ва ҷомеа» ҳамкории мактабу оила ва умуман ҷомеа ба низом дароварда шудааст, ки дар хубтар гаштани сифати таълиму тарбияи хонандагон  аҳамияти калон дорад. Аз ин лиҳоз баҳри тақвияти ҷалби бештари падару модарон ба раванди таълим ва корҳои тарбиявӣ, инчунин ба низом даровардани ҷалбу сарфи маблағҳои ғайрибуҷетӣ, барои фаъолияти мӯътадили муассисаҳои таълимӣ, аҳамияти калон дорад. Дар асоси талаботи ин қарор дар ҳамаи муассисаҳои таълимии  пойтахт  Иттиҳодияҳои ҷамъиятии падару модарон таъсис гашта, оинномаҳои худро, тахия намуда, онро аз қайди Вазорати адлия гузаронида, дар муассисаҳои бонкӣ ё дар назди хазинадории  Раёсати молияи ноҳия суратхисоби махсуси худро кушодаанд, ки шаффофияти сарфи маблағҳои волидонро таъмин мегардонад.                                

 

      Ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии моддии кормандони

соҳаи маорифи пойтахт

           Ҳамзамон мувофиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе  аз 22 ноябри соли 2007, № 639 « Дар бораи дастгирӣ  ва ҳавасмандгардонии  кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе  ҳамасола хатмкунандагон – барандагони медалҳои тиллову нуқра  аз ҳисоби Мақомоти ҷроияи маҳалии  ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мукофотпулӣ қадр карда мешаванд. « Дар бораи таъсиси Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе ба синфи беҳтарини  муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии  пойтахт дар соли хониш»  озмуни синфи бехтарин гузаронида мешавад, ки дар он хонадагони синфҳои 8-10 мактабҳо ширкат варзида, байни худ аз рӯи 9 нишондод қувваозмоӣ менамоянд. Синфи ғолиб ва роҳбари синф дар хузури кормандони соҳа аз тарафаи Раиси шаҳри Душанбе бо Парчами сайёр ва мукофотпулии  Мақомоти иҷроияи маҳалии хокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қадр карда мешаванд. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамасола баҳри муайян намудани беҳтарин омӯзгорону кормандони роҳбарикунандаи соҳаи маорифи пойтахт тибқи низомномаҳои мавҷуда озмунҳои  касбии  кормандони соҳа:  «Муаллими сол», «Мураббии сол», «Директори сол», « Мудири кӯдакистон» ва озмунҳои «Волидайни беҳтарин», «Синфи беҳтарин», гузаронида шуда, аз тарафи Раиси шаҳр дар Рӯзи пойтахт ҷамъбаст мегардад. Ғолиби озмуни «Мактаби сол» бо хонаи истиқоматии сехуҷрадор сарфароз мегардад. Чунин мукофотро мактабҳои № 15,21,28,53,88,49, аллакай соҳиб гардиданд.

 

                            Маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи пойтахт

     Маблағгузории соҳаи маориф  дар соли 2015  246,5 млн.   сомониро ташкил медиҳад.

                             Маълумот оид ба кадрҳои соҳаи маориф

  Дар шаҳри Душанбе то 20 сентябри соли 2014  7357 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарбия машғуланд. Аз ин шумора:

- 6409 нафар  бо маълумоти олӣ (87 %)

- 946 нафар бо маълумоти миёнаи махсус (13%)

Дар муассисаҳои томактабӣ 1359 нафар мураббиҳо фаъолият доранд. Аз инҳо:

-794 нафар (59 %) дорои маълумоти олӣ

- 88 нафар дорои маълумоти олии  нопурра (0,7%)

- 414 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус (30 %)

- 73 нафар дорои маълумоти миёнаи умумӣ мебошанд. 0,5%

-  Мутобиқ ба нишондодҳои Барномаи рушди соҳаи маорифи пойтахт 48 нафар кормандони соҳа баҳри омӯзиши таҷрибаи ибратбахш берун аз марзи  Тоҷикистон ( Федератсияи Россия, Туркия,Чин ва Украина ) сафари хизматӣ намуданд.

- Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба Раёсати маорифи шаҳр соли 2007 3,8 га замин барои бунёд намудани « Боғи маориф» ҷудо гардида, дар давоми мухлати сипаришуда, 1500 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонда шудааст.

                                       Идоракунии соҳаи маорифи пойтахт

         Идоракунии соҳаи маорифи пойтахт дар сатҳи Раёсати маориф , шуъбаҳои  маорифи ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои  таълимӣ сурат мегирад. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои иҷрои сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи  маорифи пойахт муаззаф  аст.  Раёсат дорои панҷ  шуъба   ва муҳосиботи марказонидашуда  мебошад. Ба сохтори Раёсати маорифи шаҳр муассисаҳои зерин шомил мебошанд:

   - мактаб - интернати №1

   - мактаб - интернати №2

   - мактаб- интернати №3

   - мактаб- интернати № 4

   - хонаи кӯдакистони синни томактабии №1

  - гимназияи №№ 1,2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

  - литсейи №№ 1,2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

  - гимназияи иқтисодӣ

  - Маркази такмили ихтисоси муаллимон

  - Маркази рушди истеъдодҳо

  - Маркази кӯдакон ва наврсон

  - Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия

  - Кӯдакистони №50

  - «Боғи маориф»

Мактаб - интернати №1 соли 1987 барои кӯдакони ятиму бепарастор таъсис ёфта, ҳоло дар он 484 нафар хонандагон аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ таълиму тарбия мегиранд. Аз шумораи  умумии хонадагон 27 нафар хонандагон падару модар надоранд,  200  нафар падар ва 98 нафар  модар надоранд, ва 159 нафар аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Ба хонандагон 4 маротиба хӯрок ва ба кӯдакони ятим либоси мавсимӣ дода мешавад.Бо амри Президенти мамлакат Вазорати корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон ва бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди « Захира» ва Раёсати андози шаҳри Душанбе сарпараст таъин шудаанд. Мактаб –интернат дорои хобгоҳ, ошхонаи замонавӣ, зали варзишӣ, майдончаҳои таҷрибавӣ мебошад. Дастпарварони мактаб – интернат дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа, тандрустӣ ва фаранҳангу маориф кор мекунанд. 4 нафар дастпарварони мактаб –интернат ҳоло пас аз хатми донишгоҳи омӯзгорӣ дар ин муассиса ба сифати омӯзгор кор мекунанд.

Мактаб – интернати махсуси № 2 соли 1978 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таъсис ёфтааст. Ҳоло дар он 117 нафар хонандагон аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ таълиму тарбия мегиранд. Аз шумораи  умумии  хонандагон    44  нафар падар ва 6 нафар  модар надоранд ва 7 нафар ятими кул ва 60 нафар аз оилаҳои кабизоат мебошанд. Хонандагон 9 сол  хонда  маълумоти миёнаи умумии асосӣ мегиранд. Сарпарастони муассиса Бонки « Эсхата» ва  Хадмоти назорати давлатӣ ва мубориза бар зиддӣ коррупсия дар шаҳри  Душанбе мебошанд. Тамоми хароҷотҳои мактаб – интернат аз хисоби буҷети шаҳри Душанбе пардохт карда  мешаванд.

Мактаб- интернати махсуси № 3 соли 1968 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таъсис ёфта, ҳоло дар он 99 нафар хонандагон ба таълиму тарбия  фаро гирифта шудаанд 7  нафар падар ва 6 нафар  модар надоранд  ва 86 нафар аз оилаҳои камбизоат мебошанд.  Сарпарастони муассиса Бонки « Эсхата» ва  бозори «Шохмансур» мебошанд. Тамоми хароҷотҳои мактаб – интернат аз хисоби буҷети шаҳри Душанбе пардохт карда  мешаванд. Кӯдакони имконияташон маҳдуд  дар баробари таълим,  бо ҷойи хоб, 4 вақт хӯроки гарм ва сару либос таъмин карда мешаванд. Тамоми  хароҷотҳои мактаб – интернат аз хисоби буҷети шаҳри Душанбе пардохт карда  мешаванд.

Мактаб – интернати № 4 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе № 137 соли 1998 барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат таъсис ёфтааст. Ҳоло дар он 328 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар мактаб – интернат хобгоҳ, ошхона, толори фарҳангӣ мавчуд аст. Бо амри Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷӣ ва бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Хадамоти гумруки шаҳри Душанбе сарпараст тасдиқ шудаанд. Махсусан Вазорати корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон ба мактаб – интернат ёрии моддию маънавӣ мерасонад. Ҳар сол Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон 3-4 маротиба ба мактаб  ташриф оварда, аз таҳсил ва шароити зисти онҳо боздид менамояд ва тибқи дархости кӯдакону омӯзгорон  ёрии моддию маънавӣ мерасонад. Синфхонаи таҷхизонидашудаи  компютерии (20 компютер) мактаб бо дастгирии  бевоситаи Вазири корҳои хориҷӣ  ташкил шудааст.  Мактаб –интернат соҳиби 42 адад компютер аст.Тамоми хароҷотҳои  муассиса аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе пардохт мешаванд.

Хонаи кӯдакони синни томактабии № 1 соли 1967 таъсис ёфта, дар он кӯдакони аз 3 то 7 сола, ки бесаробон мондаанд, ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Ҳоло дар муассисаи мазкур 130  нафар кӯдакон  таълиму тарбия  гирифта мешаванд. Муассиса пурра аз буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешавад. Дар Хонаи кӯдакони синни томактабии № 1 шароитҳои мӯътадил фароҳам оварда шуда, дорои хобгоҳ, толори варзиш, толори фарҳанг, майдончаҳои варзишӣ, боғу гулгаштҳо ва ҳаммому ошхона иборат аст.

 Маркази такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе

Марказ бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 100 аз 30 августи соли 2000 таъсис дода шудааст, ҳамасола зиёда аз 1000 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, сатҳи дониш ва маҳорати касбии худро сайқал медиҳанд.Инчунии Маркази мазкур дар ташкилу баргузории семинару конференсияҳои илмию амалӣ, ҳисоботҳои эҷодии омӯзгорон ва коллективҳои меҳнатии муассисаҳои таълимии алоҳида,аттастатсияи кормандони соҳа, саҳми арзанда дорад. Аз соли 2015 ба филиали Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф табдил дода шудааст.