«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Соҳаи иҷтимоӣ / Тандурустӣ
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Тандурустӣ

Фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии шаҳр, беҳтар намудани кори муассисаҳои табобатию профилактикӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муолиҷаи беморон, дастрас намудани таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола равона карда шудааст.

Дар шаҳри Душанбе 60 муассисаҳои табобатию профилактикии зертобеи Раёсати тандурустӣ ва 52 муассисаҳои табобатию профилактикии сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолият доранд.

Аз 60 адад муассисаҳои зертобеи Раёсати тандурустӣ: 17 адад сохтори беморхонагӣ, 14 адад марказҳои саломатии шаҳрӣ, 4 адад дармонгоҳҳои стоматологӣ, 12 адад марказҳои соҳавӣ, 8 адад марказҳои назорати давлатии санитарию-эпидемиологӣ ва стансияҳои дезинфексионӣ, 2 адад хонаи кӯдакон ва 3 адад сохтори ёрирасонро ташкил медиҳанд.

Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе аз тарафи 26 муассиса расонида мешавад.

Муассисаҳои бистарикунонӣ аз 17 беморхона ва 2 хонаи кӯдакон иборат мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар сохтори Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ вуҷуд дорад, ки ба аҳолии шаҳри Душанбе кӯмаки аввалияи тиббии тобистарикунониро мерасонад.

РӮЙХАТИ

КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИЮ ПРОФИЛАКТИКИИ ЗЕРТОБЕИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ