Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Варзиш

Душанбе – пойтахти Тоҷикистон марказу асоси рушди ҳаёти варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар иншоотҳои варзишии Душанбешаҳр мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ доир мегарданд. Таърихи рушди соҳа гувоҳ аз он аст, ки то интихоби аввалин Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои коргарон дар моҳи апрели соли 1925, дар шаҳри Душанбе ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба таври муташакилона ба ҷузъ гарнизони ҳарбӣ касе ба таври касбию ҳадафдор машғул набуд. Клуби варзишии ҳарбии гарнизони Душанбе мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир гардонида, дар онҳо варзишгарон-ҳарбиёни гарнизонҳои Кулоб, Термиз ва Қурғон-теппа даъват мешуданд. Ба барномаи мусобиқаҳои мазкур намудҳои аспсаворӣ ва навъҳои мухталифи варзиши ҳарбӣ-амалӣ дохил буданд. Дар клуби варзишии мазкур афсарону сарбозон дар намудҳои гимнастика, варзиши сабук ва аспсаворӣ машқу тамрин мекарданд. Мураббигӣ ва ташвиқу тарғиби варзиш миёни сарбозони сурх ва ҷавонони шаҳрро инструктороне, ки дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Хуҷанд ва Бухоро курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳамагониро хатм намуда буданд, ба ӯҳда доштанд.

Яке аз аввалин чорабиниҳо дар самти тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни аҳолӣ ин иди варзишӣ ба муносибати эълон гардидани Ҷумҳурии Автономии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд, ки 15 марти соли 1925 доир гардид. Баъди чанд муддат, ҷиҳати тайёр намудани инструкторҳои соҳибкасби соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш соли 1927 дар шаҳри Душанбе курсҳои чормоҳаи омӯзишӣ ташкил карда шуд, ки дар онҳо 25 нафар комсомолон (аъзоёни ташкилоти ҷавонони Душанбешаҳр) ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Дар ин давра дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 20 нафар инструкторҳои тарбияи ҷисмонӣ фаъолият менамуданд. Соли 1928 дар Душанбе пленуми Шӯрои олии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масоили рушди минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мавриди таҳлил қарор гирифт. Баррасии масъалаи мазкур ба иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ ба спартакиадаи дар пеш истодаи I умумишӯроӣ марбут буд. Дар арафаи тайёрӣ ба ин спартакиада дар Душанбе фаъолияти маҳфилҳои варзишӣ дар муассисаҳо аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш: футбол, волейбол, варзиши сабук, шоҳмот, шашка, шаҳрчаҳои варзишӣ ва тайёрии умумии варзишӣ дуруст ба роҳ монда шуда буд. Махсусан, миёни душанбегиҳо бозиҳои аз ҳама ҷолиб ва маъмул футбол ва волейбол маҳсуб меёфтанд. Дар шаҳр 10 дастаи футбол ва 15 дастаи волейбол фаъолият доштанд. Дар арафаи спартакиада 1 Умумииттиҳод гузаронидани иди варзишӣ дар ҳаёти сокинони шаҳр рӯйдоди хуш буд. Ид дар варзишгоҳи нав ба истифода дода шуда «Строитель» (то ҳол онро «Спартак» меноманд) гузаронида шуд.

Дар  беҳтар гардонидани фаъолияти   муассисаҳои варзишии пойтахт ҷалласаи Умумитоҷикии шӯроҳои касбӣ, ки дар соли 1928 гузаронида шуда буд, нақши арзанда дорад. Дар ҷаласа заррурати беҳтар гардонидани тайёрии варзишии аҳолӣ ва ҷалби оммаи васеи коллективҳои меҳнатӣ ба такмили муташаккилони ҷамъиятҳои шаҳрии варзишӣ зикр шуда буд.

Тобистони 1929 дар Душанбе намуди дигари варзиш – теннис рӯйи кор омад. Тибқи қарори Тоҷиксовпроф 8 майи соли 1931 дар Душанбе мусобиқаҳо аз рӯйи варзиши сабук миёни дастаҳои коллективҳои истеҳсолӣ , ки он замон зери ҷамъияти варзишии «Строитель» муттаҳид шуда буданд, гузаронида шуда буд.

Дар соли 1932 аз Ярослав ба Душанбе Борис Эрнестович Крейдтнер ба назди падараш, ки дар шаҳрамон умр ба сар мебурд, омад ва то охири умраш ба варзишу фаъолиятҳои инкишофи он дар Душанбе машғул гардид. Дар соли 1932 ба кори созмон додани шӯроҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии тарбияи ҷисмонӣ шурӯъ кард. Борис Крейдтнер яке аз аввалин ташаббускорон ва тарғиботчиёни комплекси ҳамонвақт бароҳмондашудаи  ГТО ба шумор мерафт. Ӯ инчунин ташкилкунандаи расми ботантана супоридани нишони ГТО ба аввалин гурӯҳи иҷрокунандагони меъёри ГТО дар шаҳри Душанбе буд. Нишонҳо ба 32 нафар варзишгарон моҳи июли соли 1932 дар иди варзишие, ки дар варзишгоҳи «Динамо» доир гардида буд, супорида шуд. Миёни аввалин нишондодҳои шаҳри Душанбе Владимир Марголин ва Анатолий Шуликовскии 60 сола буданд.

Қарори КИМ ва ШКХ ҶШС Тоҷикистон аз 17 июни соли 1934 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаҳои финалии аввалин спартакиадаи умумитоҷикӣ дар шаҳри Душанбе» дар беҳтар гардонидани кор дар самти тарбияи ҷисмонӣ миёни аҳолии шаҳр аҳамияти хоса дошт. 18 августи соли 1934 дар шаҳри Душанбе маросими ботантана кушодашавии Спартакиада дар шаҳри Душанбе доир гардид. Худи ҳамин сол дар Душанбе бори аввал  мусобиқа аз рӯйи гимнастика доир гардид, ки дар он 25 нафар аз рӯйи барномаи ГТО ширкат варзиданд. Дар комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ки калонтарин коллективи истеҳсолии он замон ба ҳисоб мерафт, сексияҳои варзиши сабук, волейбол, ва футбол созмон дода шуда буданд, ки дар онҳо 125 нафар машқ мекарданд.

Соли 1936 ШТҶ (Шӯроҳои тарбияи ҷисмонӣ) ба кумитаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш табдил дода шуда буданд. Аввалин раиси кумитаи республикавӣ Виктор Дмитревич Коршенко таин гардида буд. Дар кумитаи вилоятии Сталинобод дар ин давра хатмкунандаи донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Ленинград В. Шоҳназаров фаъолият мекард.

Аз соли 1937 дар шаҳри Душанбе ҳамсарон Михаил ва Нина Тсиклаури истиқомат мекарданд, ки дар шахси онҳо варзиши Душанбе ва умуман варзиши тоҷик дастоварди арзишманд ба даст овард. Солҳои 1936 – 1941 дар шаҳр чунин намудҳои варзиш – футбол, варзиши сабук, баскетбол, тирпарронӣ, шоҳмот, аспсаворӣ ва мотоспорт босуръат рушд кард. Дар барқарор ва рушди ин намудҳои варзиш саҳми мутахассисон ва варзишгарон Анатолий Мехетко, бародарон Константин ва Александр Болдиревҳо, Рустам Долтабоев, Ҳамид Фасиков, Константин Липинский, Андрей ва Екатерина Саревҳо ва дигарон хеле назаррас аст. Б.Э. Крейдтнер дар солҳои пешазҷангӣ ва баъдиҷангӣ дар рушди футбол дар шаҳри Душанбе ва дар ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз соли 1935 шурӯъ намуда Ҷоми ҷумҳурӣ оид ба футбол расман гузаронида мешавад. Ва ҳамасола онро динамочиёни Сталинобод соҳиб мегардиданд. Ин даста дар мусобиқаи ҷоми ИҶШС дар соли 1939 дастаҳои Узбекистон, Туркменистон ва Озарбойҷонро мағлуб намуда, ба 14 финал роҳхат гирифт.

Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар соли 1947 динамочиёни Сталинобод дар мусобиқаи ИҶШС ширкат варзида, дар минтақаи Осиёи Миёна ҷойи аввалро ишғол намуда, ва моҳи ноябри ҳамон сол дар шаҳри Москва дар бозиҳои финалӣ бо дастаи «Дзержинетс» -и Челябинск ҷойҳои 3-юму 4-умро ишғол мекунанд. Дар соли 1950 дастаи ҷумҳурӣ дар спартакиадаи Осиёи Миёна аз рӯйи намуди футбол дар шаҳри Алма-Ато ҷойи аввалро соҳиб мегардад.

Саҳифаҳои дурахшони футболи тоҷик бо дастаи асосии ҷумҳурӣ – «Помир»-и Душанбе алоқаманд аст. 11-уми апрели соли 1970 дастаи «Помир» нахустин бор дар чемпионати ИҶШС ширкат варзид. Рӯзи 28-уми октябри соли 1988 дар таърихи футболи тоҷик фаромӯшношуданист. Дар ин рӯз «Помир» бо сарварии сармуррабӣ Шариф Назаров дар майдони худ дастаи «Даугава» - и Ригаро қабул намуда, ба ин даста бо ҳисоби 2-0 ғолиб баромад ва бо ин ғалаба пеш аз мӯҳлат ғолиби мусобиқаи лигаи якум гардид. Мавсими 20-уми худро дар лигаи олии футболи Шӯравӣ оғоз намуд. Охирин чемпионати ИҶШС миёни дастаҳои лигаи Олӣ, ки соли 1991 доир гардид барои дастаи «Помир» бобарор буд. Душанбегиҳо дафъаи дуюм дар 10 дастаи беҳтарини дастаи ИҶШС шомил гардиданд.

Аз соли 1992 сар карда дастаи футболи «Помир» дар чемпионатҳои миллии ҷумҳурӣ ширкат меварзад. «Помир» аввалин чемпион ва аввалин дорандаи Ҷоми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст (1992). Дар соли 1995 «Помир» медалҳои тиллои мамлакатро соҳиб гардид.

Бешубҳа шоҳмот яке аз намудҳои маъмултарини варзиш дар шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад. Бори аввал соли 1931 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби шӯъбаи фарҳанги шӯроҳои касабаи Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмоту шашка доир гардид. Аз 5 то 11 октябри соли 1933 аввалин чемпионати ҷумҳурӣ оид ба шоҳмоту шашка доир гардид, ки он дар рушди тарбияи ҷисмонӣ воқеаи муҳиме буд. Дар ин мусобиқа 20 нафар шоҳмотбоз ва 10 нафар шашкабоз ширкат варзиданд. Дар рӯйхати Чемпиони аввалини Тоҷикистон оид ба шоҳмот номи Зикриё Исоев сабт гардидааст.

То барқарор гадидани ҳокимияти шуравӣ дар Душанбе ба гимнастика ва дигар намудҳои варзиш касе машғул набуд. Гарчанде ки дар шаҳр ҳунари дорбозӣ таърихи қадима дорад ва дорбозон фаъолият  менамуданд, аммо онҳо дар ҳисоби барномаҳои фарҳангиву масхарабозон мансуб буданд. Соли 1937 аввалин мактаби бачагонаи варзишӣ созмон дода шуд, ки минбаъда дар он гимнастҳои бомаҳорат  тамрин намуда, ҳамасола дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ иштирок мекарданд. Беҳтаринҳо миёни онҳо К. Каримов, А. Камолова, Н. Циклаури, Ҳ. Раупов, М. Мулоҷонов, Т. Суярқулов буданд, ки таҳти роҳбарии мураббиён М.А. Тсиклаури ва Е.И. Рижков машқ мекарданд. Солҳои тӯлонӣ Ҳамдам Рауфов ва Нина Тсиклаури чемпионҳои Тоҷикистон мансуб меёфтанд. Ҳамдам Рауфов аввалин шуда дар Тоҷикистон унвони «Устоди варзиши ИҶШС» соҳиб гардид.

Сол аз сол базаи варзишии пойтахти ҷумҳурӣ – Душанбе васеъ гардида истодааст. Агар дар солҳои авали ҳокимияти шӯравӣ ҳамагӣ якчанд иншоотҳои хурди варзишӣ мавҷӯд буданд, ҳоло бошад дар пойтахт комплексҳои калони варзишӣ, аз қабили Варзишгоҳи марказӣ,

Толори бозиҳои дастӣ, Ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ, Қасри теннис, комплекси варзишии иттифоқҳои касаба, варзишгоҳҳои «Динамо», «Спартак», «Авиатор», «Автомобилист», ССКА, бошгоҳи тирпаронии КМ ТММ ҶТ, комплексҳои варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Ипподром ва ғ. фаъолият мекунанд.

Аввалин иншооти калони  варзишӣ дар Душанбе варзишгоҳи «Спратак» мебошад, ки соли 1930 аз ҳисоби маблағҳои Тоҷикматлубот сохта шудааст.

Бо қарори КИМ ва ШКХ Тоҷикистон соли 1939 сохтмони варзишгоҳи марказии ба номи М.В. Фрунзе оғоз гардид. Аммо солҳои ҶБВ  корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот қатъ гардида, танҳо соли 1946 қисми ғарбии он барои 5 ҳазо ҷойи нишаст сохта шуд. Соли 1962 сохтмони варзишгоҳ бо 21400 ҷои нишаст пурра ба итмом расид.

Моҳи ноябри соли 1971 ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ сохта шуд. Айни ҳол масоҳати ин комплекси варзишӣ 20га буда, ба он ҳавзи шиноварӣ, толори бозиҳои дастӣ, қасри теннис шомил аст. Ба муносибати ҷашни 80 солагии Душанбе Зурхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба истифода дода шуд.

Тобистони соли 1972 комплекси варзишии ҶИВ «Меҳнат» сохта шуд.

Толори бозиҳои дастӣ соли 1974 сохта шудааст ва дар он мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои баскетбол, волейбол ва туби дастӣ гузаронида мешавад. Дар ин ҷо инчунин дастпарварони МҶВМОВ оид ба намудҳои гуштин машқ мекунанд.

Соли 1978 базаи қаиқронӣ ба истифода дода шуд, ки маркази тайёр намудани қаиқронони варзидаи ҷумҳурӣ гардид.

Соли 1982 комплекси тирпаронии ДОСААФ (ҳоло ТММ ҶТ) ба истифода дода шуд.

Соли 1986 Қасри теннис бо ду корти теннис ва 1000 ҷои нишаст сохта шуд.

Соли 1947 дар шаҳри Душанбе аввалин муассисаи таълимии варзишӣ – техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон кушода шуд. Дар солҳои фаъолияти худ техникум зиёда аз 10 мутахассисони соҳаро тайёр намуд. Техникуми мазкур зиёда аз 200 Устодони варзиши ИҶШС тарбия намудааст, ки шарафи варзиши ҷумҳурӣ ва ИҶШС дар мусобиқаҳои умумииттифоқи ва байналхалқӣ ҳимоя намудаанд. Дар техникуми мазкур варзишгарони машҳур, аз қабили чемпиони Аврупо оид ба вазнбардорӣ Александр Кидяев, рекордсмени чандкаратаи ҷаҳон оид ба намуди варзиши ҷаҳидан бо парашют Юрий Баранов, чемпиони ИҶШС оид ба бокс Сергей Ломакин, чемпиони Бозиҳои ХХ олимпӣ аз намуди қаиқронӣ дар каноэ Юрий Лобанов ва бисёр дигарон солҳои гуногун таҳсил намудаанд.

Дар тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олии варзишӣ ва омузиши масъалаҳои алоҳидаи ҳаракати варзишӣ Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон нақши босазое дорад. Бо Қарори Шӯрои ВАзирони ИҶШС аз 15 марти соли 1971 дар заминаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон созмон дода шуд ва моҳи сентябри ҳамин сол 277 ҷавонписарону духтарон дар соли аввали таҳсили донишкадаи мазкур таҳсилро оғоз намуданд. Маъмулан, варзишгарони номии ҷумҳурӣ дастовардҳои намоёни варзишии худро ҳангоми таҳсил дар ин донишгоҳ сазовор гардидаанд. Дар миёни онҳо чемпионҳои Бозиҳои олимпӣ Юрий Лобанов (қаиқронӣ дар каноэи дукаса), Анатолий Старостин (панҷҳарбаи муосир), Андрей Абдувалиев (гурзпартоӣ), дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва чемпионкаи ҷаҳон Зебунисо Рустамова (камонварӣ), чемпионҳои ҷаҳон Саидмумин Раҳимов (гуштини самбо), Михаил Лобанов (заврақронӣ), Ҳусейн Исмоилов (шамшербозӣ), Эрика Шиллер (гимнастикаи бадеӣ), ғолиби мусобиқаи ҷаҳонии велосипедронӣ Саид Гусейнов, чемпионкаи Аврупо Гавҳар Пулодова (камонварӣ), ғолибони мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва умумиҷаҳонӣ Валентина Степушина, Равиля Аглетдинова, Гулсара Додобоева, Дилшод Назаров (варзиши сабук), Сергей Никифоренко (ҷаҳиш дар об), Парвина Қодирова (гимнастикаи бадеӣ), футболбозони машҳур – чемпионҳои Бозиҳои ХХIV олимпӣ Алексей Чередник, Владимир Ғуломҳайдаров, Эдгар Гесс, Валерий Турсунов, Абдулло Муродов, Рашид Рахимов, Муҳсин Муҳаммадиев, Нуриддин Амриев ва бисёр дигарон буданд. Корҳои назаррасро оид ба баланд бардоштани маҳорати варзишии донишҷӯён клуби варзишии донишкада ба сомон расонидааст.

Айни замон дар донишкада 6 толори варзишӣ, толори тирпарронӣ, варзишгоҳ, толрҳои туби дастӣ, гуштин амал мекунанд.

Аввалин чемпиони ҷаҳон (с.1958) ва аврупо (1959) аз Тоҷикистон динамочӣ Анатолий Тилик (тирпарронӣ аз камон) ба ҳисоб меравад.

Аз соли 1958 сар карда дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттифоқи Шуравӣ Анатолий Арапенко ширкат варзида, дар минбаъда ғолиби мусобиқаи варзиши сабук дар шаҳри Будапешт мегардад. Соли 1960 А. Арапенко дар шаҳри София дар давидан ба масофаи 400 метр ҷои аввал ва дар шаҳри Берлин дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеаҳо ҷои дуюмро ишғол менамояд. Инчунин дар ин солҳо велосипедрон Станислав Шепел, паҳлавон Азалшо Олимов-аввалин чемпиони ИҶШС оид ба самбо, даванд Зулфия Раҳматуллоева ба натиҷаҳои назарраси варзишӣ ноил гардиданд.

Соли 1955 бори аввал дар таърихи варзиши тоҷик ба шаҳри Душанбе дастаи футболбозони Афғонистон ташриф оварданд. Вохӯрии рафиқона миёни ду дастаи миллати дӯсту бародар бо ғолибияти футболбозони тоҷик ба анҷом расида, дар пойдории муносибатҳои дӯстона дар риштаи варзиш миёни ду кишвар замина гузошт.

Соли 1958 ба Душанбе дастаи баскетболбозони Камбоҷа ва соли 1959 дастаи футболи Финляндия ба ҷумҳурии мо ташриф оварданд. Варзишгарони мо инчунин соли 1960 дар шаҳри Душанбе бо боксчиёни Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея вохӯрии рафиқона гузаронида, дар он варзишгарони ҷамъияти варзишии «Ҳосилот»-и ҶШС Тоҷикистон ғолиб баромаданд.

Қобили қайд аст, дар ин солҳо дар Душанбе 6 ҷамъияти варзишӣ – «Спартак»(1935), «Ҳосилот» («Колхозчӣ», 1951), «Тоҷикистон»  («Меҳнат», 1958), «Захираҳои меҳнатӣ» (1957), «Динамо» (1925), «Локомотив» (1955) амал мекарданд. Ҳоло ҷамъиятҳои варзишии «Динамо»,  «Захираҳои меҳнатӣ», ФҶВ иттифоқҳои касаба, «Ҳосилот» ва «Локомотив» фаъолият мекунанд.

Солҳои 1961-1963 равобити байналхалқии варзишии Тоҷикистон бо варзишгарони хориҷӣ боз ҳам густариш ёфтанд. Дар ин солҳо ба Душанбе волейболбозон аз ҶХДК, Муғулистон, паҳлавонон ва волейболбозон аз Афғонистон ташриф оварданд.

Чемпионҳои Бозиҳои олимпӣ, ҷаҳон, Аврупо, Осиё аз ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дастпарварони муассисаҳои варзишии пойтахт ба ҳисоб мераванд. Баъд аз аввалин олимпичии тоҷик Иброҳим Ҳасанов шогирдони ӯ эстафетаи олимпиро идома доданд. Дар Бозиҳои ХХ олимпӣ дар Мюнхен (Олмон) соли 1972 Юрий Лобанови душанбегӣ миёни варзишгорони ҷумҳурӣ аввалин шуда сазовори медали тиллои олимпӣ гардид. Ӯ дар якҷоягӣ бо варзишгар аз шаҳри Вилнюс Владас Чесюнас дар қаиқронии дукаса дар каноэ ба масофаи 1000 метр ғолиб омад. Юрий Лобанов инчунин аввалин варзишгарест, ки 8 маротиба медалҳои тиллои чемпионати ҷаҳонро соҳиб гардида, инчунин соли 1980 соҳиби медали биринҷии Бозиҳои ХХ11 олимпӣ дар шаҳри Москва гардид. Бародари ӯ Михаил Лобанов низ чемпиони дукаратаи ҷаҳон дар варзиши заврақронӣ мебошад.

Аввалин бор дар таърихи варзиши тоҷик миёни занҳо сокини пойтахт Зебинисо Рустамова чемпиони мутлақи ҷаҳон дар камонварӣ (июни соли 1975, Интерлакен, Шветсария) гардид. Дар бозиҳои олимпии ХХ1 дар Монреал (Канада) у соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Чемпиони ИҶШС (с.1973) ва ғолиби Спартакиадаи халқҳои ИҶШС (с.1975) Саидмумин Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Минск ба паҳлавонҳои муғул, Ҷопонӣ ва Амрико ғолиб баромада, дар вазни то 100 кг соҳиби медали тиллои чемпионат гардид.

Соли 1977 Ҳусейн Исмоилов (шамшербозӣ, Австрия) ва Эрика Шиллер (гимнастикаи бадеӣ, Шветсария) унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардиданд. Велосипедрон Саид Гусейнов ду маротиба (с. 1978, 1979) ғолиби мусобиқаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Қаҳрамони аслии Бозиҳои ХХ11 олимпӣ соли 1980 дар Москва Анатолий Старостини душанбегӣ гардид. Ӯ бар 42 варзишгари беҳтарини дунё аз рӯи намуди панҷҳарбаи варзишӣ ғолиб баромада, дар ҳисоби шахсӣ соҳиби медали тилло гардид.Номбурда инчунин бо Павел Леднёв ва Евгений Липеев дар ҳисоби даставӣ низ ғолиби бозиҳои олимпӣ дониста шуд. А. Старостин 6 маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардидааст.

Инчунин миёни ҳаводорони варзиш чемпион ва рекордсмени ҷаҳон Владимр Полосин (тирпарронӣ), чемпионҳои Аврупо Инна Коваленко (тенниси рӯи миз), Виталий Двигун (вазнбардорӣ), Гавҳар Пулодова (камонварӣ), Инна Белевева (ҷаҳиш дар об), ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, велосипедрон Александр Тихонов, қаиқронҳо Николай Суровитский, Владимир Панков, Ваҳҳоб Кабиров ва бисёр дигарон машҳуранд.

Қобили зикр аст, ки 7 нафар варзишгари тоҷик – душанбегиҳо Иброҳим Ҳасанов, Юрий ва Михаил Лобановҳо, Зебинисо Рустамова, Саид Гусейнов, Анатолий Старостин ва Андрей Абдувалиев бо унвони баланди варзишии даврони шӯравӣ «Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС» сазовор гардида буданд. Се нафар мураббиён -  Иброҳим Ҳасанов (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ), Владимир Илин (панҷҳарбаи муосир) ва Шариф Назаров бо унвони «Мураббии шоистаи ИҶШС» сарфароз гардидаанд.

Муддати 18 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол буда, дар рушди варзиши он Кумитаи Миллии Олимпӣ нақши босазое мегузорад. Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки Тоҷикистон иштирокчии комилҳуқуқ ва мустаъқили ҳаракати Олимпӣ бошад. Аввалин чемпиони ҳаракати олимпии Тоҷикистони соҳибистиқлол гурзандоз аз шаҳри Душанбе Андрей Абдувалиев гардид. Дар Бозиҳои XXV  олимпӣ дар Барселона (с. 1992) ӯ соҳиби медали тилло гардида, баъдан 2 маротиба чемпиони ҷаҳон дар Штутгард (с. 1993) ва Гётеборг (с. 1995) ва соҳиби Ҷоми ҷаҳон (с. 1994) дар Лондон гардид.

Иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ – 1996 (Атланта) 8 нафар варзишгарони тоҷик буданд. Аввалин бор дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Хайрулло Назриев, Саидаҳтам Раҳимов, Рустам Боқиев (дзю-до), Раул Дгварели (гуштини юнонӣ-римӣ), Хуршед Ҳасанов (бокс), Андрей Абдувалиев (варзиши сабук), Наталия Шлемова ва Сергей Орин (ҷаҳиш дар об) мустақиман баромад карданд. Нишондоди беҳтарини даста – ҷойи 9-ум  Р. Дгварели.

Дар Бозиҳои олимпӣ – 2000 (Сидней) 4 нафар варзишгар – Гулсара Додобоева ва Сергей Забавский (марафон) Катерина Измайлова ва Фарҳод Орипов (шиноварӣ) ширкат варзиданд.

Варзишгарони Тоҷикистон бори аввал дар Бозиҳои Зимистонаи олимпӣ (Солт - Лейк -  Сити, 2002) аз рӯйи намуди супер-гигант ва слалом-гигант ширкат варзиданд.    

Варзишгарони тоҷик сазовори 8 роҳхат ба бозиҳои олимпӣ – 2004 дар Афина гардиданд, ки миёни онҳо 5 нафар варзишгарон аз шаҳри Душанбе буданд. Инҳо Наргис Набиева (камонварӣ), Дилшод Назаров ва Гулсара Додобоева (варзиши сабук), Шералӣ Достиев (бокс) ва Сергей Бабиков (тирпарронӣ) мебошанд: нишондоди беҳтаринро дар ин Бозиҳо миёни варзишгарони тоҷик Сергей Бабиков (ҷойи 10) ба даст овард.

Солҳои охир натиҷаҳои назаррасро варзишгарони Душанбе аз рӯйи намуди тайкван-до (ИТФ) ба даст оварданд. Тайквандочиёни тоҷик Шаҳоб Баҳромов, Шӯҳрат Бердиев, Далер ва Дилшод Сайфиддиновҳо, Икром Ғафуров, Далер Тураев, Фирӯз Назирмадов, Анвар Азизов, Аҳмад Фазлиев зери сарпарастии сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи миллии тайкван-до (ИТФ) Мирсаид Яҳёев, чемпиони ҷаҳон ва Аврупо гардидаанд.   

Варзишгари пойтахт Толеъ Холназаров аз рӯйи намуди пауэрлифтинг чемпиони ҷаҳон ва Осиё гардида, номи худро дар сахифаҳои таърихи варзиши тоҷик сабт намудааст.

Хурсандиовар аст, ки насли ҳозираи варзишгарони тоҷик анъанаи падарону бобоёни машҳури худро идома медиҳанд. Ба унвони мисол Саидаҳтам Раҳимов – писари ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯмин Раҳимов 2 маротиба Ҷоми ҷаҳон ва медали нуқраи чемпионати ҷаҳонро дар риштаи гуштини самбо соҳиб гардидааст.

Варзишгарони Душанбе аз қабили: Нурулло Лоиқов, Ҷаҳогир Сулаймонов, Фарҳод Раҳматуллоев, Карим Мерганов, Давлатшо Бачабеков (самбо), Сергей Забавский, Василий Соков, Аҷмал Амиров (варзиши сабук), Магерам Магомедов, Фаррух Амонатов (шоҳмот), Исмоил Исроилов, Муҳаммад Бодаков, Ориёнфари Мастонзод (карате-до), Андрей Васильев, Сурайё Ҷумъаева (тирпарронӣ) дар мусобиқаҳои гуногуни байналхалқи сазовори ҷоизаҳо гардидаанд.

Аз 14 то 20 соли 2003 дар шаҳри Душанбе нахустин бор Бозиҳои 5-уми Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Кумитаи тадорукот, ки онро раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сарварӣ мекард, кӯшиши ҳамаҷонибаро баҳри дар сатҳи баланди ташкиливу техникӣ баргузор гардидани бозиҳои 5-уми Осиёи Марказӣ ба харҷ дод. Дар бозиҳо 639 варзишгар аз 5 ҷумҳурии минтақа – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар муддати 7 рӯз аз рӯйи 10 намуди варзиш: баскетбол, бокс, волейбол, дзю-до, гуштини юнонӣ-римӣ, гуштини тарзи озод, варзиши сабук: тирпарронӣ, тайкван-до ва теннис қувваозмоӣ намуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 118 варзишгар (93 нафар душанбегиҳо) мақоми 3-юмро бо 57 (40 – тояшро  душанбегиҳо соҳиб гардиданд: 14 тилло, 14 нуқра, 12 биринҷӣ) медал: 18 тилло, 22 нуқра, 17 биринҷ ба даст оварданд. Голибони Бозиҳои 5 – уми Осиёи Марказӣ аз шаҳри Душанбе инҳоянд: Рауф Ҳукуматов, Парвиз Собиров, Шералӣ Бозоров (дзю-до), Матин Бобоев, Ислом Фозилов, Даврон Назруллоев, Кристина Коробко, Лаура Рубаева, Саида Ҳазратова (таэкван-до ВТФ), Шералӣ Достиев, Хуршед Ҷӯраев (бокс), Дилшод Назаров, Евгений Стаканов (варзиши сабук), Мансур Яҳёев ва Сергей Макашин (теннис).

Раиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳо М. Убайдуллоев дар шароити тантанавӣ ба ғолибони Бозиҳо духтарони тайквандочӣ – Л. Рубаева, К. Коробко калиди хонаҳои истиқоматӣ; ба аввалин ғолиби бозиҳо – дзюдочӣ Рауф Ҳукуматов – калиди автомашинаи сабукрави НЕКСИ ва ба дигар ғолибон калиди автомашинаҳои сабукрави «Жигули 21-07» тақдим кард.

Солҳои охир дар Душанбе барои эҳёи варзиши наврасону кудакон, гузаронидани мусобиқаҳои гуногун миёни насли наврас корҳои назаррас бурда мешаванд. Ин фаъолият зери таваҷҷӯҳи хосаи Раиси шаҳри Душанбе қарор дошта, ҳамоҳангии фаъолият дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ӯҳдаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе вогузор шудааст. Мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш бо қаноатмандии душанбегиҳои синну соли гуногун пазируфта мешавад, ки гувоҳи хоҳиши дар муҳити орому осуда  кору фаъолият намудани сокинони пойтахт мебошанд.

Нақши муҳимро эҳёи футбол, ки дар шаҳри мо анъанаҳои некро дорост, касб мекунад. Мусобиқаҳои «Туби чармин» ва дарёфти Ҷоми шаҳрдорӣ аз рӯи намуди дӯстдоштаи ҳаводорон – футбол, ба ҳукми анъана даромаданд.

Ҳамасола, дар Душанбе миёни ҷавонон ва мактаббачагон кор дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беҳтар мегардад. Айни замон дар пойтахти ҷумҳурӣ 10 мактаби махсусгардонидашудаи варзишӣ фаъолият мекунад. Зиёда аз 100 мураббиён дар ин мактабҳо ба варзишгарони наврас машғуланд. Дастпарварони устодони варзидаи ин мактабҳо Шайдулло Исоев, Ғайрат Неъматов (варзиши сабук), Абдурашид Мамаҷонов (бокс), Исматулло Хоҷаев (таэквон-до), Рашид Ҳусайнов (шоҳмот), Михаил Шапоров (акробатикаи варзишӣ), Людмила Лященко (шиноварӣ), Евгений Шлемов (ҷаҳидан дар об), Анвар Алифбеков, Вила Очилдиев (баскетбол), Салимҷон Султонов (футбол), Махфират Алиева (камонварӣ), Тамара Аҷидҷемил (гимнастикаи бадеӣ),Юсупов Вафо ( оид ба намудҳои гуштин)ва ғайраҳо ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷумхӯриявӣ ва байналхалқӣ мебошанд.

Дар ба даст овардани муваффақиятҳои варзишии варзишгарони пойтахт хизмати устодони мактабҳои олии захираҳои олимпии ҷумҳуриявӣ Сулаймонов М, М. Абдулло, Раҳимов Д., Азимов Д. Обидов С.,(самбо), Бозоров Н. Абдусамадов С., Зикаев З.Раҷабов Р., (дзю-до), Олимов А., Миров У. (гуштини тарзи озод), Абдуллоев Р., Расулов Д., Назаров Д.,Нестерова Л., (варзиши сабук), Қурбонов К., Шарипов Х. (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ), Кирилленко Л., Курбонов Р, Муминов Т, Игамбердиев Б.,Ҳасанов Р (футбол), Ахёев Ш., Ахёев К., Ашуров А., (намудҳои зимистонаи варзишӣ), Раҷабалиев Б., Яҳёев М., Макашин С. (теннис) хеле назаррас аст.

Соли 1975 дар шаҳри Душанбе Мактаб-интернати ҷумҳуриявии маълумоти миёнаи тамоюли варзишӣ кушода шуд. Тули солҳои фаъолияти худ тарбиятгирандагони мактаб-интернати мазкур дастовардҳои назарраси варзиширо соҳиб гардидаанд. Миёни онҳо ситорагони варзиши тоҷик Андрей Абдуваллиев, Саидаҳтам Раҳимов, Эрика Шиллер, Владимир Соколаев, Мутилло Муллобоев, Дилшод Назаров, Парвиз Собиров ва дигарон мебошанд.

Чемпиони дукаратаи ҷаҳон, дорандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Бозиҳои олимпӣ, чемпиони чандкаратаи Аврупо ва Русия сокини Душанбе Раҳимқул Малахбеков низ дастпарвари МИҶТВ мебошад.

Солҳои охир дар шаҳри Душанбе намудҳои нави варзиш, ба монанди таэквон-до (ИТФ ва ВТФ), каратэ-до, ушу, айкидо ҳаводорони худро пайдо намуда, инчунин барои эҳёи намудҳои дар гузашта машҳури чумҳурӣ, аз қабили камонварӣ, вазнбардорӣ, баскетбол, волейбол, тенниси рӯи миз, чавгонбозӣ ва намудҳои шавқовару олимпии асдавони корҳои назаррас бурда шуда истодааст.

Аз соли 1992 инҷониб дар шаҳри Душанбе федератсияҳои миллӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш созмон дода шудаанд. Аксари онҳо аъзои федератсияҳои байналхалқӣ мебошанд.Ин омил имкон медиҳад, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналхалқӣ аз рӯи намудҳои футбол, бокс, таэквон-до, каратэ-до, варзиши сабук, тенниси рӯи миз, шоҳмот, камонварӣ, теннис, дзю-до, самбо, гуштини тарзи озод, гуштини юнонӣ-румӣ, вазнбардорӣ, тирпарронӣ, гуштини «Кураш» ва ғ. ширкат варзанд.

Дар нахустин Бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон (28.09-3.10.2004 с.) дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе аз руи 9 намуди варзиши ба барномаи Бозиҳо дохилкардашуда (баскетбол, бокс,волейбол, варзиши сабук, мини-футбол, тенниси рӯи миз, самбо, дзю-до, гуштини миллӣ) аз ҳама зиёд – 73 (43 тилли, 19 нуқра, 11 биринҷӣ) медал ба даст овард.

Дар 8 соли охир (1996-2004с.) зиёда аз 100 нафар унвони Устодони варзиши дараҷаи байналмилалӣ ва 250 нафар унвони Устодони варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардиданд. Ба 1 январи соли 2004 шумораи шахсони мунтазам ба варзиш машғулбуда ба 125 ҳазор нафар мерасид, аз онҳо 30 ҳазорашон дар сексияҳои варзишӣ машқ мекунанд.

Варзишгарони маъюбро Федератсияи варзишгарони маъюби ҶТ (с.1991) муттаҳид месозад. Варзишгарони маъюби шаҳри Душанбе дар Бозиҳои параолимпии Осиё (ҶМЧ, с.1994; Кореяи Ҷанубӣ, с.2002; Малайзия, с.2003 ) ширкат варзиданд. Варзишгари пойтахт Суҳроб Ҳамдамов миёни варзишгарони қувваи босираашон суст чемпиони ҷаҳон гардидааст. Парвиз Собиров дар қатори 9 нафар беҳтарин варзишгарони маъюб аз рӯи намуди пауерлифтинг дар Бозиҳои параолимпии Греци (2004) шомил гардид.

Президенти Федератсияи варзиши маъюбони ҶТ Сафар Боев иштирокчии супермарафон дар аробачаҳои маъюбон бо хатсайри Санкт-Петебург – Алма-Ато бо дарозии 9000 км (с.1994) мебошад. Ӯ инчунин ғолиби Спартакиадаи меҳнаткашони Федератсияи Русия (с.1997) гардидааст.

Соли 1996 дар пойтахт ТҒД «Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон» созмон дода шуд. Бори аввал варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпиадаи махсус дар шаҳри Санкт-Петербург (с. 1999) иштирок доштанд.ОМТ варзишгаронро аз рӯи намудҳои футбол, хоккей дар рӯи фарш, баскетбол, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шашка, волейбол, тенниси саҳроӣ ва шиноварӣ тайёр мекунад. Варзишгарони ОМТ дар Бозиҳои тобистонаи олимпиадаи махсус (солҳои 1991, 1995, 1999) ширкат варзида, дар Бозиҳои умумиҷаҳонии махсуси тобистона соли 2003 дар шаҳри Дублин (Ирландия) соҳиби 3 медали тилло гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки варзиш нисбати солҳои пеш дар шаҳри Душанбе хеле пеш рафтааст. Аз соли 2005 то 2009 варзишгарони шаҳри Душанбе аз намудҳои гуштини самбо, дзюдо, озод, таэквандо (ИТФ,ВТФ) футбол, варзиши сабук, шоҳмот, шиноварӣ, вазнбардорӣ, баскетбол, туби дастӣ, бокс каратэ-до, камонварӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, Чемпионатҳои Осиё, ҷавонӣ сазовори медалҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ гаштаанд.

Дар солҳои 2005-2006 варзишгарони шаҳри Душанбе аз намуди баскетбол байни мардҳо Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар спартакиадаи донишҷуён байни мардҳо ва занҳо сазовори ҷои аввал гардидаанд. Ҳамчунин дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба туби дасти байни мардҳо ва занҳо дастаи шаҳри Душанбе сазовори ҷои аввал гардидааст. Аз намуди камонварӣ бошад, дар мусобиқаи Бозиҳои ҳамбастагии давлатҳои Исломӣ варзишагрдухтари душанбегӣ Сайфуллоева Мадина сазовори ҷойи аввал гардид. Дар Чемпионату мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва байналмилӣ  варзишагарони пойтахт мақомҳои зеринро ишғол намудаанд.

Достиев Шералӣ мақоми сеюм дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тайванд,

Раҷабов Шокирҷон ҷои сеюм Бозиҳои XV –уми Осиёи  шаҳри Доҳаи давлати Қатар оид ба таэквадо (ВТФ),

Шерали Бозоров оид ба гуштини дзюдо дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар ҷои 2 ва Дилшод Назаров оид ба варзиши сабук дар шаҳри Доҳа давлати Қатар ҷойи 1 ноил шудаанд.

Дар солҳои 2007-2008 нашондодҳои варзишгарони шаҳри Душанбе нисбат ба нишондодҳои солҳои пешина бартарии бештар дорад. Қобили зикр аст, ки агар 5 варзишгари шаҳри Душанбе дар бозиҳои Олипии XXVIII - 2004 дар шаҳри Афина роҳхат гирифта бошанд, дар XXIХ  бозиҳои олимпи 2008 дар шаҳри Пекини Чумҳурии халқии Хитой 12 варзишгари ш.Душанбе аз намуди гуштини дзюдо, озод, камонварӣ, шиноварӣ, варзиши сабук, вазнбардорӣ, тирандозӣ, бокс роҳхат  гирифтаанд, ки дар он варзишгарони шаҳри Душанбе Юсуф Абдусаломов оид ба гуштини озод ҷои 2, Анвар Юнусов ҷои 5 оид ба бокс ва дар варзиши сабук бошад, Дилшод Назаров ҷои IX cазовор шудаанд.

Дар ин солҳо дастаи варзишгарони шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои ҷумҳурияви, байналмилалӣ ва Чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳонӣ ба комёбиҳои баланд ноил шудаанд. Ба ин мисол шуда метавонад Халилов Ҷамшед ва Саидов Саидҷалол, ки дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон оид ба гуштини дзюдо ҷои сеюмро дар кишвари Ҷопон ишғол намудаанд. Хоркашов Набимуҳаммад, Сарфарозов Санҷар, Нусратуллои Рамз, Худоёров Худоёр, Назаров Хушбахт ва Сулаймонов Собир бошад дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардида буд, аз рӯи намуди  гуштини самбо ҷои саввумро сарфароз гардиданд. Каримов Акмал сазовори ҷои аввал дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон аз руи намуди самбо, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон гардид. Трубицина Екатерина бошад дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Ветнам аз рӯи намуди таеквондо (ВТФ) ҷойи дуюм ва Коробко Кристина ҷои сеюмро сазовор шудаанд. Гулов Алишер, Саидов Шаҳоб сазовори ҷои сеюм дар Чемпионати кушоди  пойтахтони ҷаҳон дар ш.Москва аз рӯи намуди таеквондо (ВТФ) ва Неъматов Фарҳод ҷои дуюмро сазовор гардидаанд. Умедов Бадриддин дар Чемпионати Осиё  минтақаи уқёнуси Ором оид ба карате –до ҷои 1 ва дар Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Гонконг ҷои 1-ро сазовро гардидааст. Махсумов Икром дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканд ҷои 3-юмро аз руӣ намуди карте-до ишғол намудааст. Дастовардҳо дар соҳаи варзиши сабук аз ҷониби Дилшод Назаров назаррас мебошад. Вай дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Япония доир гардид, дар байни 10 нафар варзишгарони беҳтарин этироф гардид. Дастовардҳо вай дар Чемпионати Осиё шаҳри Иордания ҷои 2, ғолиби мусобиқаи байналмиллалии Гран - при дар шаҳри Славакия ҷои 3 сабт гардидааст. Герасимова Ольга дар Бозиҳои Исломӣ дар Арабистони Сауди ва дар Чемпионоти Осиё байни наврасон ҷоёҳои аввалро сазовор шудааст. Амиров Аджмал дар мусобиқаи Гран- При Осиё байни ҷавонон, ки дар шаҳри Алмаато доир гардид, ҷои сеюмро ишғол намудааст. Дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканд оид ба муҳорибаи тан ба тан Шарипов Сиёвуш ҷои аввал ва Каримов Бахтибек ҷои дуюмор ишғол намудаанд. Сайфиддинов Далер дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо ИТФ дар шаҳри  Славения ва дар Чемпионати Осиё дар Ҷумҳурии Казоқистон ҷойҳои аввалро ишғол намудааст. Бердиев Шуҳрат, Муҳаммадраҳимова Шаҳло, Сатторов Масрур, Улмасов Рустам, Насриддинов Умриддин, Ҳамидова Нигора, Муродов Парвиз ва Холова Зуҳро дар Чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон сазовори ҷойҳои аввал, дуюм ва саввум гардидаанд. Дар Чемпионати Осиё оид ба дастхобкунӣ байни маъюбон Хуҷамқулова Адолат сазовори ҷои 1, Юсупова Дилбар ҷои 2,Абдураҳимов Хайрулло ҷои 1 ва Зарипов Зокир ҷои дуюм гардидаанд. Дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон оид ба карате-до кёкушинкай дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Бозоров Маҳмадалӣ ҷои саввумро дарёфт намуд. Дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Душанбе аз рӯи намуди дастхобкунӣ Аминов Нуриддин ҷои 1, Гоибов Саид ҷои 2 – ро сарфароз гардиданд.

Дар нӯҳмоҳаи соли 2009 варзишгарони шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмиллалӣ, осиёгӣ ва ҷаҳонӣ ширкат варзида сазовори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ шуданд. Аз ҷумла, Дилшод Назаров сазовори ҷои аввали Чемпионати кушоди Ҷумҳурии Украина аз рӯи намуди варзиши сабук, Гран-При байни 10-варзишгарони беҳтарини ҷаҳон, дар шаҳри Уберландия ҷои1, Гран-При байни 10-варзишгарони беҳтарини ҷаҳон шаҳри Белеми Бразилия ҷои 2, Гран-При байни 10-варзишгарони беҳтарини ҷаҳон шаҳри Реода-Жанеро ҷои 2 ва Хоҷаев Суҳроб бошад дар Чемпионати кушоди Ҷумҳурии Украина ҷои 1,Мусобикаи кушоди вилояти Херсон ҷои 1, Чемпионати Ҷаҳон дар Италия ҷои 2-ро сазовор гардидаанд. Митяева Галина низ дар Мусобикаи кушоди вилояти Херсони Федератсияи Россия ҷои 1-ро аз рӯи намуди варзиши сабук дарёфт намудааст. Дар намуди варзишҳои бостонии зӯрхона бошад, Арабов Наврӯз дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳони шаҳри Боку ҷойҳои 1 ва ҷои 2 ва дар Мусобикаи байналмиллалии шаҳри Душанбе сазовори ҷои аввал гардидаанд. Ашрафҷони Раҳим, Раҳматуллои Собир, Машрабов Хусрав, Гуломов Комил, Анакулов Фарҳод, Арабов Ҷаҳонгир ҷойҳои аввалро дарёфт намудаанд. Ояҳмадов Шеравган, Саидов Фахриддин, Ҷобиров Орзу, Холниёзов Навруз, Азимов Эраҷ  ва Одинаев Сайфудин ҷойҳои саввумро дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар шаҳри Душанбе ноил гардиданд.

Ба ҳамин тариқ, дар давоми нӯҳмоҳаи соли 2009 варзишагрони пойтахт дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмиллалӣ ва ҷаҳонӣ, ки дар кишварҳои Беллоруссия, Украина, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Италия, Россия, Нидерландия ва Ҷопон аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ дар маҷмӯъ 43 медали тилло,  36 медали нуқра ва 45  медали биринҷӣ ба даст оварда, дар баланд бардоштани парчами Тоҷикистон саҳми беназири худро гузоштааанд. 

Фароҳам овардани имконияту шароити варзишӣ дар шаҳри Душанбе аз масъалаҳое ҳаст, ки шаҳрдорӣ таи солҳои охир ба он бо роҳҳои ҷалби соҳибкорони инфиродӣ ва ҷой додани сохтмони толору залҳои варзишӣ дар замонавитарин сохтмони иншоотҳои манзиливу истироҳатӣ-фарҳангиву иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ менамояд. Инчунин, дар нақшаҳои дурнамои созандагии шаҳрдорӣ бунёду сохтмони Маҷмааи варзишии «Пойтахт» бо фароҳам овардани имкониятҳои васеъи машғулиятҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Мутобиқ ба нақшаи корҳои сохтмониву созандагии шаҳрдорӣ то соли 2011 бояд муассисаи давлатии «Ипподром» барои дар сатҳи замонавию мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ омода карда шавад ва дар он бозиҳои шавқовари намудҳои аспдавонӣ ба монанди «Выездка», «Конкур», «Стипл-чейз», «Рысистые бега», «Скачки», «Драйвинг», «Байга (Пойга)», «Поло», «Дерби», «Джигитовка», «Чавгонбозӣ» ва «Бузкашӣ» гузаронида шавад. Барои ноил гардидан ба мақсадҳои мазкур таъсиси Мактаби махсуси захираҳои олимпии намудҳои аспдавонӣ ва Мактаби махсуси бозиҳои шавқовари аспдавонӣ, инчунин таъсиси Маркази ветеринарии табобатӣ - беҳдоштии солимии аспҳо ва Маркази иппотерапӣ (табобати бемориҳо бо усули аспсаворӣ) ба нақша гирифта шудааст.

Мутобиқ ба қарори Раиси шаҳри Душанбе №135-1 аз 17 марти соли 2009 барои нахустин бор дар кишварамон Марафони дав гузаронида шуд, ки мутобиқ ба тартиби баргузории он барои ғолибони ҷойи аввал 5000 сомонӣ, ҷойи дуввум 4000 сомонӣ, ҷойи саввум 3000 сомонӣ ва барои ҳавасмандгардонии 2 нафар варзишгардухтарон 3000 сомонӣ (ҳар кадом 1500 сомонӣ) пешбинӣ гардида буд. Чорабинии мазкур бо иштироки тамоми варзишгарони ин намуд аз қаламрави кишвар таърихи 18 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт дар сатҳи баланд гузаронида шуд ва аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ба ғолиби ҷои аввал Аҷмал Амиров 5000 сомонӣ, ба ғолиби ҷои дуюм Сотиболдӣ Ҳаитов 4000 сомонӣ, ба ғолиби ҷои сеюм Сергей Забавский 3000 сомонӣ ва барои ҳавасмандгардонии 2 ҷой барои варзишгардухтарон, хоҳарон Надима ва Мадина 3000 сомонӣ тақдим гардид. 

Тибқи барномаҳои фарҳангиву варзишӣ дар шаҳри Душанбе, ки ҳамасола ба муносибати Рӯзи пойтахт доир карда мешавад, гузаронидани Марафони мазкур дар сатҳу сифати баланд ва байналмиллалӣ бо даъват намудани варзишгарони ин намуд аз шаҳрҳои бузурги бо Душанбе аҳди бародаршаҳрӣ басташуда, дар назар дошта шудааст, ки ба рушди ин намуди варзиш дар пойтахтамон ва устувор гардидани муносибатҳои дӯстона бо ҷавонону варзишгарони кишварҳои гуногун мусоидати воқеӣ менамояд.

Кобили зикр аст, ки тули солҳои охир варзишгарони пойтахт дар ҳимоияи шарафи варзиши мамлакат чун ҳамасола ва рӯз аз рӯз бо масъулияту муваффаққиятҳои назаррастар саҳми таърихии худро гузошта истодааанд. Далели ин гуфтаҳо дастовардҳои варзишгарони пойтахт мебошанд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ 72 дарсади медалҳои дар Чемпионату мусобиқаҳои сатҳи байналмилаллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба дастовардаро ба худ ихтисос додаанд. Беш аз 80 дар сади узви дастаҳои мунтахаби варзишгарони мамлакатро варзигарони пойтахт ташкил медиҳад.

Иқтидори варзишгарони пойтахт дар намудҳои варзиши гуштини тарзи озод, дзюдо, юнонӣ-румӣ, самбо, варзиши бокс, таеквондо (ИТФ ва ВТФ), варзиши сабук, шиноварӣ, камонварӣ, футбол, баскетбол байни занону мардон, вазнбардорӣ, дастхобкунӣ, қаиқронӣ ва ғайраҳо назаррасанд ва умед аст, ки бо дастгириҳои боз ҳам бештар ва диққати асосӣ дар усулу методикаи нави машғулиятҳои таълимӣ-варзишӣ ба дастовардҳои ҳайратангези сатҳи ҷаҳонӣ комёбии варзиши пойтахт чашрас мегардад. 

 

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 142-10 аз 1 марти  соли 2011 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе»

 

НИЗОМНОМАИ

ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

 НИЗОМНОМАИ

ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН МУРАББИИ ВАРЗИШИ СОЛ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

 НИЗОМНОМАИ

ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН МАКТАБИ ВАРЗИШИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

 НИЗОМНОМАИ

ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ТОЛОРИ ВАРЗИШИИ СОЛ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

 НИЗОМНОМАИ

ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН СОҲИБКОР-ҲАВОДОРИ  ВАРЗИШИ СОЛ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

 НИЗОМНОМАИ

СТИПЕНДИЯИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӣ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ВАРЗИШГАРОНИ УМЕДБАХШИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ