Шаршара дар Душанбе
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Театрҳо

Раванди ташаккули санъати муосири театрии тоҷик ба ох. с-ҳои 20 садаи 20 рост меояд. Соли 1929 дар асоси дастаи худфаъолиятии ш. Душанбе театри нахустини касбии тоҷик таъсис дода шуд, ки ҳоло ҳамчун Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ машҳур аст.
Хусусияти муҳими театри ба номи А. Лоҳутӣ дар он буд, ки бо воқеияти таърихӣ ва ҳаёти халқ робита пайдо кард. Барномаи театр қаҳрамонии муборизаи инқилобӣ («Балво»-и Д. Фурманов ва С. Поливанов – 1931, 1939; «Ду коммунист»-и К. Яшин – 1931), романтикаи қаҳрамонии халқ («Мубориза»-и А. Усмонов – 1933; «Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода – 1941), пафоси сохтмони ҳаёти нав («Водии бахт»-и Ғ. Абдулло – 1936; «Тӯҳмат»-и С. Саидмуродов ва И. Исмоилов – 1938; «Шодмон»-и С. Улуғзода – 1939), олами ботинии қаҳрамонони миллатҳои гуногун («Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер – 1937; «Отелло»-и У. Шекспир – 1939, 1941, 1948, 1963)- ро таҷассум менамуд.
Соли 1935 дар ш. Душанбе театри мусиқии тоҷик таъсис ёфт, ки ба Театри опера ва балети тоҷик (ҳоло ба номи С. Айнӣ) мубаддал гардид. Дар асоси студияи Москва, ки таҳти роҳбарии А. Д. Дикий амал мекард с. 1937 театри драмаи русӣ таъсис дода шуд.
Соли 1938 дар ш. Сталинобод театри лӯхтак таъсис ёфт, ки аз сексияҳои русӣ ва тоҷикӣ иборат буд. Бо саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин ҳайатҳои эҷодӣ барҳам хӯрданд. Баъдтар театри лӯхтак аввал дар ш. Чкаловск ва сипас дар ш. Душанбе таъсис дода шуд.
Ох. с-ҳои 30 театрҳои Душанбе ба дараҷаи баланди маҳорат расиданд, ки ин аз рушди фар-ҳанги бадеии ҳайатҳои эҷодии онҳо ва ҳалли вазифаҳои мушкили эҷодӣ шаҳодат медиҳад. Асарҳои беҳтарини театри ба номи А. Лоҳутӣ – «Калтакдорони сурх», «Отелло», «Рустам ва Сӯҳроб» (асари А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн, 1941), Театри опера ва балети тоҷик – операҳои «Шӯриши Восеъ» ва «Коваи оҳангар»-и С. А. Баласанян, балети «Ду гул»-и А. С. Ленский мисоли ин мебошанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ театрҳои ҳарбии пойтахт аз рӯи асарҳои «Дили модар» (1942), «Хонаи Нодир»-и Ҷ. Икромӣ ва А. Файко (1943), «Дар оташ»-и С. Улуғзода (1944), «Розия»-и С. Баласанян ва З. Шаҳидӣ (асари С. Ёқубҷонов ва Н. Зелеранский, 1942), «Суруди ғазаб»-и С. А. Баласанян (1942), «Фронт»-и А. Корнейчук, «Ҳуҷум»-и Л. Монов, «Надежда Дурова»-и К. Липскеров ва А. Кочетов намоишномаҳо таҳия намуданд.
Оҳангҳои қаҳрамонӣ, нерӯи маънавии халқ ва қудрати ботинии он аз саҳнаи театрҳои пойтахт на танҳо дар намоишномаҳо оиди ватанпарастии муосирон, балка тавассути нишон додани воқеаҳои замонҳои пешин низ, садо медоданд. Ҳамин тавр, с. 1942 театри ба номи А. Лоҳутӣ драмаи халқию қаҳрамонии Лопе де Вега «Фуэнте Овехуна» («Чашмаи гӯсфандон»)-ро рӯи саҳна овард, ки намоиши таҳияшуда бо номи қаҳрамони асосӣ – «Лоуренсия» пешкаши тамошобинон гашт. Соли 1942 дар ш. Душанбе сохтмони театри опера ва балет (муаллифони лоиҳаи меъморӣ А. А. Юнгер, Д. И. Билибин, В. Д. Голли ва С. Е. Захаров) ба охир расид. 14 марти ҳамон сол мависми нави театрӣ дар бинои нав бо нахустнамоиши операи «Коваи оҳангар»-и С. А. Баласанян оғоз гардид.
Дек. с. 1943 дар ш. Душанбе бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси дастаи сайёри опереттаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон – Театри мусиқавии мазҳака таъсис дода шуд. Театр кори худро 1 янв. с. 1944 дар бинои Театри опера ва балети тоҷик оғоз намуда, ба забони русӣ намоиш таҳия мекард. Авг. с. 1944 бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқи (ШКХ) ҷумҳурӣ дар асоси студияи театрии назди КМ ИЛКҶ Тоҷ. ва Хонаи Артиши Сурх (студия с. 1943 таъсис ёфта, роҳбари он Р. А. Корох буд) Театр-студияи давлатии ҷавонон таъсис дода шуд. Тобистони с. 1947 дар асоси он Театри русии тамошобини наврас ташкил ёфт.
Солҳои ҷанг баъзе дастаҳои театрию мусиқии Федератсияи Русия ва Украина ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд. Аз ох. с. 1941 то миёнаи с. 1944 дар пойтахти ҷумҳурӣ театри мазҳакаи Ленинград, Театри опереттаи Воронеж, копеллаи Украинагии «Думка», Оркестри симфони ҶШС Украина баромад намуданд. Фаъо-лияти ҳайатҳои эҷодии кӯчонидашуда ба рушди маҳорати ҳунармандони тоҷик, аз худ намудани навъҳои нав, бо дастовардҳои услубӣ ғанӣ гардонидани театри миллӣ ва воситаҳои нишонрас мусоидат намуда, раванди аз худ намудани таҷрибаи пешқадами фарҳанги театрии аврупоиро тезонид.
Тирамоҳи с. 1942 Раёсати корҳои санъати ШКХ ҶШС Тоҷ. бригадаи фронтӣ таъсис дод (роҳбари бадеӣ Р. А. Корох), ки ба ҳайати он ҳунармандони театри ба номи А. Лоҳутӣ, овозхону мутрибони театри опера ва балет, раққосу мутрибони филармония, ҳунарпешаҳои театри драмаи русии ба номи Вл. Маяковский шомил буданд.
Майи с. 1943 таҳти роҳбарии Г. П. Менглет Театри фронтии Тоҷикистон таъсис шуд. Ҳунармандони русу тоҷик дар ҳамкорӣ намоиш – консерти «Салом, дӯстон»-ро таҳия намуданд. Театр якҷоя бо артиши ҳуҷумкунанда дар панҷ фронт буд ва қариб ҳазор консерт намоиш дод.
Аз солҳои 50-ум театрҳо намоишҳое рӯи саҳна меоварданд, ки бештар масъалаҳои иҷтимоиро дар бар гирифта, раванди ташаккули хислатҳои ҳамзамонони худро таҷассум менамуданд: «Саодат»-и С. Саидмуродов ва М. Рабиев (1948, 1953, 1957), «Ситора»-и Ҷ. Икромӣ (1954, 1961), «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ» (1958), «Ҳукми модар» (1962), «Мактубро ман навиштаам» (1973)-и Ф. Ансорӣ, «Иродаи зан» (1961) ва «Қарзи гражданин» (1967)-и А. Сидқӣ, «Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода (1962), «Суруди кӯҳсор»-и Ғ. Абдулло (1962), «Суханони соядор»-и М. Бахтӣ ва ғ. Дар онҳо ҳаёти замона, беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум, меҳнат ва тавлиди муносибатҳои нави байни одамон таҷассум ёфтаанд. Дар барномаи театри русӣ асар-ҳои муаллифони муосир ҷои асосиро ишғол менамуданд. Намоишномаҳои «Суоли русӣ», «Сояи бегона», «Қиссаи як муҳаббат»-и К. Симонов, «Дӯстони дерина»-и Л. Малюгин, «Барои онҳое, ки дар баҳранд»-и Б. Лавренёв, «Директор», «Якка»-и С. Алёшин, «Солҳои оворагӣ», «Таня», «Қиссаи Иркутск», «Интизорӣ»-и А. Арбузов, «Дӯстони ӯ», «Роҳи сафед», «Ҷамъомади анъанави»-и В. Розов, «Делои шахсӣ»-и А. Штейн шӯҳрати хоса касб карда буданд.
Солҳои 50 ва ибт с-ҳои 60 ба театрҳои пойтахт як қатор ҳунарпешаҳои болаёқат ба кор омаданд. Ба ҳайати дастаҳои ҳунарии театрҳои драмавӣ хатмкардагони мактабҳои олию миёнаи бадеии Душанбе, Москва, Ленинград ва Тошкент шомил гаштанд. Солҳои 60 – 70 студияи тоҷикии Донишгоҳи давлатии санъати театрии (ГИТИС) ба номи А. М. Луначарскийро ҷавонони тоҷик хатм намуданд. Дар асоси яке аз дастаҳои хатмкардагон с. 1971 Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов таъсис дода шуд. Аз с. 1973 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода низ ба тайёр намудани ҳунарпешаҳо машғул аст. Бо ворид шудани ҷавонон ба ҳаёти театрӣ самтҳои ҷустуҷӯйҳои ҳунарӣ тағйир ёфтанд. Онҳо дар хеш анъанаҳои бадеии миллӣ ва дастовардҳои санъати театрии дигар халқҳоро таҷассум менамуданд.
Барои рушди санъатҳои актёрӣ, таҳиягарӣ ва саҳнаороӣ ғанӣ гардонии барномаи театрҳо аҳамияти калон дошт. Солҳои 50 – 70 театри тоҷик ба мавзӯъҳои таърихӣ аҳамияти ҷиддӣ медод. Спектаклҳои театри ба номи А. Лоҳутӣ – «Дохунда» (1954, 1957, 1977), «Дилҳои сӯзон» (1967), «Гарнизон таслим намешавад» (1975)-и Ҷ. Икромӣ, «Корвони бахт»-и М. Миршакар (1970), «Достони Зайнаббибӣ»-и С. Саидмуродов (1965, 1967) дар бораи муборизаи халқи тоҷик барои ба даст овардани истиқлолият ва хушбахтӣ, сохтмони ҳокимияти шӯроҳо дар Тоҷикистон ҳикоят менамуданд. Он солҳо хусусан асарҳои «Тӯфон»-и Ғ. Абдулло ва Ш. Қиёмов (1957), «Шӯълаи озодӣ» (1964) ва «Сарбозони инқилоб» (1970)-и Ғ. Абдулло мавқеи муҳим пайдо намуда буданд. Дар ин спектакл-ҳо бори нахуст дар драматургияи тоҷик симои В. И. Ленин ва ҳамсафони ӯ – Н. К. Крупская, С. К. Орҷоникидзе, М. В. Фрунзе офарида шуданд. Барномаҳои театрҳои тоҷикро асарҳои классикони рус ва ғарб – Пушкин, Грибоедов, Гогол, Островский, Чехов, Горкий, Шекспир, Молер, Голдони, Готси, Шиллер, Балзак, Нушич, инчунин асарҳои драматургони муосири рус, ӯзбек, озарбойҷон, бошқирд, тотор, латиш, эстон, қирғиз, туркман, гурҷӣ, арман, осетин ғанӣ гардониданд. Бо намоишномаҳои беҳтарини классикӣ («Гунаҳгорони бегуноҳ», «Камбағалӣ айб нест», «Ромео ва Ҷулетта», «Шоҳ Лир», «Хизматгори ду хоҷа», «Табиби зӯракӣ», «Лауренсия», «Шоҳ-Гавазн») театри тоҷик кӯшиши худро ба таҳияи асарҳои безавол аз нигоҳи замони нав нишон дод.
Солҳои 70 – 80 театри ба номи А. Лоҳутӣ бори нахуст ба драмаҳои интеллектуалии атиқию замонавии хориҷӣ («Медея»-и Еврипид – 1977, «Шоҳ Эдип»-и Софокл – 1985, «Эзоп»-и Фигейреду – 1971, «Антигона»-и Ануй – 1971, «Ҳайвонотхонаи шишагин»-и Уилямс – 1988 ва ғ.) рӯ овард. Воқеаи муҳими театрии пойтахт таҳияи асарҳои М. Булгаков «Тӯдаи риёкорон» (1981) ва «Хонаи Зоя» (1990) ба шумор мерафт.
Як қатор асарҳо воқеаҳои ҳаёти гузаштаи халқи тоҷикро инъикос менамоянд («Восеъ»-и Ғ. Абдулло – 1937, «Соли 1916»-и Ҳ. Карим ва Дунган – 1940 ва ғ.). Нахустин асари тарҷумаиҳолии драматургияи тоҷик – асари «Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода с. 1958 дар рӯзҳои ҷашни 1100 солагии асосгузори адабиёти форс-тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ба саҳна гузошта шуд. Соли 1967 Театри ба номи А. Лоҳутӣ бори дигар аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба спектакли «Рустам ва Сӯҳроб» (намоишномаи Ғ. Абдулло) рӯ овард. Дар асоси «Шоҳнома» фоҷиаҳои «Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушкинобӣ (1968) ва «Баҳроми Чӯбина»-и Т. Аҳмадхонов (1993) офарида шуданд. Соли 1975 ба истиқболи 700-солагии классики адабиёти форс-тоҷик Амир Хусрави Деҳлавӣ, Театри ба номи А. Лоҳутӣ драмаи Ғ. Абдулло «Фарёди ишқ»-ро, ки аз рӯи яке аз шоҳкориҳои адабиёти классикӣ «Дувалронӣ ва Хизрхон» офарида шуда буд, ба саҳна гузошт. Соли 1980 бошад, ба истиқболи 1000-солагии мутафаккири бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ду театр аз рӯи асари С. Улуғзода намоиш рӯи саҳна оварданд: Театри русии ба номи Вл. Маяковский – «Ҳакими бузург» ва Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов – «Ҷавонии Сино».
Дар театри ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба 2700-солагии «Авесто» с. 2001 намоишномаи Н. Табаров «Паёми Зардушт» ба саҳна гузошта шуд. Нақши асосиро дар ин спектакл И. Машрабов иҷро намуд. Спектакли мазкур ба иштирокчиёни конфронси илмӣ бахшида ба тамаддуни зардуштӣ, ки сент. с. 2003 баргузор гардид, намоиш дода шуд. Ҳамин театр инчунин асари таърихии Б. Абдураҳмон «Спитамен ва Искандар»-ро (2001) рӯи саҳна овард. Барои спектакли аз рӯи асари Молер «Дон Жуан» ба саҳна гузоштааш театри ба номи А. Лоҳутӣ дар Фестивал-озмуни «Парасту-2003» сазовори ҷои 3-юм гардид.Намоишномаи «Исмоили Сомонӣ», ки ба қалами М. Бахтӣ тааллуқ дорад, с. 1999 ба саҳна гузашта шуд. Дар барномаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов асари А. Сайфуллоев «Хуршедсавор», ки рӯзҳои ҷашни 90-солагии М. Турсунзода (2001) ба саҳна гузашта шуд, мақоми хосаро касб намудааст. Спектакли «Алломаи Адҳам ва дигарон» (намоишномаи С. Улуғзода, 1976), ки аз ҳаёти маорифпарвари бузурги тоҷик, олим ва нависандаи а. 19 Аҳмади Дониш ҳикоят мекард, аз таваҷҷӯҳи театр ба шахсиятҳои эҷодӣ, ҳаёту фаъолияти онҳо дарак медиҳад. Мавзӯи эҷоду эҷодкоронро спектаклҳое идома доданд, ки қаҳрамонони онҳо шоираҳои а-ҳои 10, 17 ва 19 – «Робиаи Балхӣ» (А. Атобоев, 1973), «Зебуннисо» (Ш. Қиёмов, М. Шералӣ, 1977) ва «Дилшод» (А. Сидқӣ, 1976) буданд. Солҳои 70 раванди аз нигоҳи нав дида баромадани осори бадеӣ равнақ ёфт, дар азхудкунии классикаи миллӣ тамоюлҳои нав ба амал омаданд. Инҳо кӯшиши аз нигоҳи фалсафӣ ҳал намудани мушкилоти умумиинсонӣ, борикбинона кушодани ҷаҳони ботинии қаҳрамонони гузашта буданд. Равандҳои муроҷиат ба осори шоирони тоҷик ва сайқал додани маҳорти иҷроиши ҳунармандон баҳри дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадани театри як актёр заминаи хуб фароҳам оварданд. Асосгузори он М. Воҳидов гашт. Моноспектаклҳои лирикию фалсафии ба саҳна овардаи ӯ («Гуфтугӯ ба худ» – 1967, 1974, «Ватан ва фарзандон» – 1969, «Ишқи зиндагӣ» – 1971), нафақат қуллаи баланди эҷоди ҳунарманд ҳисоб мешаванд, балки онҳо ба хазинаи тиллоии санъати театрии тоҷикистон низ ворид гардиданд.
Аз нимаи дуюми с-ҳои 80 дар театри тоҷик ҳаракати студиявӣ оғоз гардид. Дар Душанбе таҳти роҳбарии таҳиягарони ҷавону лаёқатманд студияҳои театрӣ ба вуҷуд омаданд. Нас-ли нави таҳиягарон ва ҳунармандони с-ҳои 70 – 80 бо маърифати баланди худ фарқ мекарданд. Онҳо воситаҳои замонавии санъати театриро аз худ намуда, дар саҳнаи миллӣ олами ботинии ҳамзамононро кушоданд. Б. Тоҳиров студияи «Ҳилоли аҳмар», В. Аҳадов – «Нимҷазира», Ф. Қосимов – «Аҳорун»-ро таъсис доданд. Дар асоси студияи Ф. Қосимов 1 янв. с. 1990 Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» таъсис дода шуд.
Қосимов Ф. дар намоишномаҳои худ ҳамвора муаллиф, таҳиягар ва ороишгар мебошад. Ӯ  эстетикаи кӯҳнаи театриро шикаста, сабки театри маишӣ, айнан ҳаётиро рад намуда, ҳалли шартӣ, образнокию рамзӣ, шаклҳои кушоду равшани театриро афзалтар мешуморад ва тамошобинро бо бозёфтҳои ҷасуронаи хеш дар ҳайрат мегузорад. Спектаклҳои навҷӯёнаи ӯ («Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...» (1989), «Исфандиёр» (1992), «Шайх Санъон» (1996), «Шоҳ Фаридун» (1997), «Қиссаи ишқ» (2000) ва ғ.) дар ҳаёти театри ҷумҳурӣ равияи навро ба амал оварданд.
Ох. а. 20 дар барномаҳои театрии ш. Душанбе номи драматургони наве ворид гардид, ки асарҳои онҳо ба масъалаҳои мубрами ҳаёти муосир бахшида шудаанд. Спектакли театри ба номи А. Лоҳутӣ «Афсонаҳои мӯйсафед» (намоишномаи Н. Абдуллоев, 1993) – оиди ҳифзи маънавиёт, ки аз даст додани он ба марг баробар аст; Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов «Фиғон» (аз рӯи романи «Қиёмат»-и Ч. Айтматов) – дар шакли маишӣ оиди ҳифзи нангу номуси инсон, муносибат ба замину табиат; «Ҷазирбод» (намоишномаи Ҷ. Қуддус) – нақл дар бораи одамоне, ки фишори рӯзгор онҳоро шикаст додааст; Театри русии ба номи Вл. Маяковский «Вагони охирин» (намоишномаи Н. Табаров) – масъалаҳои қочоқи маводи мухаддар ва ғ.
Он замон дар барномаҳои театрҳои драмавии пойтахт асарҳои публисистӣ, ки дар мав-зӯи ҳуқуқҳои инсон, арзишҳои маънавии ӯ ва меҳнати осоишта ҳикоят менамуданд, пайдо гардиданд: «Драмаи миллат»-и С. Аюбӣ ва «Куҷо равонаем»-и Н. Абдуллоев дар Театри ба номи А. Лоҳутӣ; «Исёни майитҳои бекафан» ва «Ба пеш, холаҳо»-и Ш. Солеҳ дар Театри ба номи М. Ваҳидов; «Нардбон»-и А. Ҳамдам дар театри русии ба номи В. Маяковский ва ғ.
Дар рушди театри тоҷик таҳиягарону ҳунарпешаҳои мумтоз Ҳ. Маҳмудов, Ф. Умаров, М. Саидов, А. Саидов, С. Саидмуродов, В. В. Тихонович, Е. И. Мителман, В. Л. Виталйев, Ф. И. Александрин, В. Я. Ланге, Ҳ. Раҳматуллоев, Ш. Қиёмов, Х. Майбалиев, Д. Убайдуллоев, Ф. Нагорничних, Ф. Қосимов, С. Усмонов; ороишгарон Е. Г. Чемодуров, М. Н. Шипулин, М. М. Мухин, Я. Мамадқулов, Ш. Шобутолибов ва диг. саҳми босазо доранд.
Таҳкурсии театри касбии тоҷикро Ҳунармандони мардумии ИҶШС М. Қосимов, Т. Фозилова, А. Бурҳонов. Ҳ. Гадоев, Ҳунармандони мардумии ҶТ Г. Бақоева, С. Тӯйбоева, Ҳ. Раҳматуллоев, М. Халилов, Т. Ғаффорова, Г. Завқибеков, Х. Назарова, А. Муҳаммадҷонов, М. Воҳидов, М. Исоева, Р. Қосимова, Г. Абдуллоева, Ш. Солеҳ, Ҳунарпешаҳои шоистаи ҷумҳурӣ М. Саидов, А. Саидов, А. Сулаймонов ва диг. гузоштаанд.
Қосимов М. – намояндаи барҷастаи насли калони ҳунармандон, устоди саҳнаи тоҷик – бо иҷрои нақшҳои қаҳрамонони безаволи У. Шекс-пир (Отелло ва Шоҳ Лир) дар саҳнаи тоҷик шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуд. А. Бурҳонов устоди ҳақиқии саҳна ва ҳунарманди асил буд. Иҷрои нақши В. И. Ленин аз ҷониби ин ҳунарманд, дар замони хеш, воқеаи муҳими ҳаёти театрӣ ба шумор мерафт. Беҳтарин иҷрокунандаи нақшҳои лирикию драмавии с-ҳои 30 – 40 С. Тӯйбоева с-ҳои 50 – 60 ба диг. мавзӯъ рӯй оварда, дар ин солҳо як қатор нақшҳои занону модарони қавииродаро офарид. Т. Фозилова бо маҳорати хос, ҷиддият, лирикияти иҷрои нақшҳо аз дигарон фарқ мекард. Ӯ  с-ҳои 60 – 70 а. 20 як қатор нақшҳои занони мубориз ва айни замон ба ҳамдигар мухолифро офаридааст. Иҷрокунандаи нақшҳои занони оддӣ ва модарон – актрисаи театри тоҷик Г. Бақоева устоди ҳақиқии касби хеш гардида, нақшҳои намояндагони халқро ба самимият, зебоӣ ва шевогии хоса иҷро менамуд.
Солҳои 90 а. 20 ва ибт. а. 21 театри «Аҳорун» ба ш. Москва, Белгия, Полша, Ҳоландия, Фаронса, Эрон сафари ҳунарӣ дошт. Дар Эрон Театри ба номи А. Лоҳутӣ, Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов, Театри лӯхтаки ш. Душанбе, дар Олмон – Театри фолклории «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ карданд. Театри русии ба номи В. Маяковский ду маротиба ба ш. Санкт-Петербург сафари ҳунарӣ дошт.
Театрҳои пойтахт дар даҳаҳои адабиёту санъат (19 – 20 апр. с. 1941; апр. с. 1957 дар ш. Москва), Рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар ҷумҳуриҳои бародарӣ ва кишварҳои хориҷӣ, дар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявию умумииттифоқӣ фаъолона ширкат меварзиданд. Аз с. 1988 ҳамасола ва аз с. 1993 пас аз ҳар ду сол дар ш. Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии театрии «Парасту» баргузор мегардад. Дар ин озмуни бонуфуз барои спектакли беҳтарин Шоҳҷоиза (Гран-при) ва барои таҳия, нақшҳои беҳтарини мардонаю занона, ороиши хуби мусиқию тасвирӣ, барои татбиқи беҳтарини драматургияи миллӣ, авлотарин намоишҳои кӯдакона, опера, балет ва маданияти сухан мукофотҳои алоҳида дода мешаванд.
Дар ш. Душанбе ду маротиба Фестивалҳои байналмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ «Наврӯз – 1990» ва «Наврӯз – 2003» баргузор гаштанд. Дар фестивали охирин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон се театр (Театри ш. Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри ш. Хоруғ ба номи М. Назаров, Театри русии ба номи В. Маяковскийи ш. Душанбе), гурӯҳи рақсӣ аз Ҳиндустон, театри тамошобини навраси Ҷумҳурии Ӯ збекистон,Театри «Панҷара»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат варзиданд.
Ҳоло дар ш. Душанбе Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии драмаи русии ба номи Вл. Маяковский, Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов, Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун», Театри давлатии лӯхтак, Театри давлатию таҷрибавии миниатюраи «Оина», Театри шахсии «Падида», Театри кӯдаконаи «Гули умед» амал мекунанд.


ТЕАТРИ ДАВЛАТИИ АКАДЕМИИ ОПЕРА ВА БАЛЕТИ ТОҶИКИСТОН ба номи С. Айнӣ, муассисаи эҷодии касбӣ, театри калонтарини мусиқии Тоҷикистон. Дар гардиши кӯчабоғи акад.
Раҷабовҳо, ки ба майдони 800-солагии Москва мебарояд, қарор дорад. Дар намои асосии бино маҷмӯи дуқисмата – ошёна-пойдевор ва айвони сутундор (долони байни тоқи сернақш) ба назар мерасад. Қатори сутунҳои намо тоқи ба таври классикии европоӣ ородода (муаллифон А. Юнгер, В. Голдли ва Д. Билибина)-ро нигоҳ медоранд.
Театр фаъолияти худро с. 1929 оғоз кардааст. Тирамоҳи с. 1933 дар театр ансамбли мусиқӣ таъсис ёфт. Соли 1934 барои кор ба ансамбл ҳунармандони бомаҳорати театрҳои Хуҷанд, Самарқанд ва Бухоро – Т. Фозилова, Ғ. Валаматзода, Ш. Бобокалонов, З. Шаҳидӣ, Н. Пӯлодов, Х. Саидаҳмадов ҷалб шуданд. Роҳбари бадеии театр Ф. Умаров таъин гашт. Аз сабаби он ки театрҳои драма ва мусиқӣ дар як бино кор мекарданд, он Театри давлатии муттаҳидаи ба номи А. Лоҳутӣ номида мешуд. Намоиши аввалини гурӯҳи мусиқӣ спектакли «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков (с. 1934) мебошад. Солҳои аввал барномаи театр аз консерт-ҳо ва спектаклҳои якпардагии мусиқӣ иборат буд. Дар асоси қарори КМ ҲК (б) ва Шӯрои комиссариати халқии ҶШС Тоҷикистон аз 13 авг. с. 1937 дар Т. аввалин спектаклҳои мусиқавӣ («Восеъ»-и Ғ. Абдулло ва «Гулсара»-и К. Яшин ва М. Муҳаммадов) ба саҳна гузошта шуданд. Соли 1936 мураббии касбӣ Е. А. Прокофев ба овозхонони театр дарси суруд меомӯхт; дастаи навозандагони симфонӣ ташкил ёфт, ки дар таъсиси он дирежёр И. А. Гитгарс ва оҳанг-соз С. А. Баласанян иштироки фаъол доштанд. Соли 1937 дастаи сарояндагон (роҳбари даста П. С. Мирошниченко) ва гурӯҳи балет (муаллимаи рақс М. Файзибоева) таъсис ёфт. Баробари аз Москва даъват шудани устодони балет А. Н. Исломова ва А. И. Протсенко дар саҳнаи театр рақсҳои тоҷикӣ пайдо шуданд. Бо кӯшишу ғайрати роҳбарони собиқи театр – Р. А. Корох, Л. Г. Кауфман, А. Е. Прокофев, П. С. Мирошниченко, А. Н. Исломова, А. И. Протсенко, Ғ. Р. Валаматзода, С. А. Баласанян ва А. С. Ленский – театри мусиқӣ то ба зинаи театри опера расид. Яке аз спектаклҳои он давр намоиши мусиқии «Лола» мебошад. 16 окт. с. 1939 бахшида ба 10 солагии ҶШС Тоҷикистон нахустнамоиши операи миллии «Шӯриши Восеъ», ки либреттои онро М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ (мусиқии С. А. Баласанян) навишта буданд, баргузор гардид. Мавзӯи қаҳрамонони халқӣ дар операи «Коваи оҳангар»-и С. А. Баласанян (либреттои А. Лоҳутӣ) идома ёфт. Соли 1941 дар заминаи рақси миллӣ балети аввалини тоҷик – «Ду гул» (мусиқии А. С. Ленский, хореографияи К. Я. Голейзовский) ба вуҷуд омад. Худи ҳамон сол Т. дар Даҳаи санъати тоҷик дар ш. Москва иштирок карда, бо ордени Ленин мушарраф гардид. 17 фев. с. 1942 бинои нави театр ба истифода дода шуд. Дар солҳои ҶБВ дар Т. чунин намоишномаҳо ба саҳна гузошта шуданд: «Суруди ғазаб» (либреттои В. М. Крепс ва Г. А. Элрегистон, мусиқии С. А. Баласанян), «Розия» (мусиқии С. А. Баласанян ва З. Шаҳидӣ), операи лирикии «Тоҳир ва Зӯҳро»-и А. С. Ленский, балети «Эҳтиёткории беҳуда»-и И. Гартел. Солҳои баъди ҷанг театр ба операҳои «Евгений Онегин», «Модкаи қарамашшоқ», «Иоланта» ва «Мазепа»-и П. И. Чайковский, «Шаби май», «Афсона дар бораи шоҳ Султон» ва «Арӯси шоҳ»-и Н. А. Римский-Корсаков, «Княз Игор»-и А. П. Бородин, «Паримоҳӣ»-и А. С. Даргомижский, «Сартароши севилӣ»-и Ҷ. Россини, «Чио-Чио-сан», «Андӯҳ»-и Ч. Пуччини, «Риголетто», «Травиата», «Аида», «Луиза Миллер»-и Ҷ. Верди, «Фауст»-и Ш. Гуно, балетҳои «Кӯли қувон»-и П. И. Чайковский, «Дон Кихот»-и Л. Минкус, «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. В. Астафев, «Золушка»-и С. С. Прокофев ва ғ. рӯ овард.
Дар с-ҳои 40 – 50-ум дар Т. операҳои миллии: «Арӯс»-и А. С. Ленский, «Бахтиёр ва Нисо»-и С. А. Баласанян, «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов, балетҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян, «Дилбар»-и С. Ленский намоиш дода шуданд. Таҳти роҳбарии дастпарвари факултаи балетмейстрии Ин-ти давлатии санъати театрии ба номи Луначарский Ғ. Р. Валаматзода як идда ҳунармандони балет – Л. Зоҳидова, В. Кормилин, А. Полякова, Е. Параманова ва диг. тарбия ёфтанд. Соли 1954 ба театр номи С. Айнӣ гузошта шуд. Ба ҳайати театр хатмкардагони Консерваторияи Москва – овозхонон Л. Кабирова, А. Бобоқулов ва ду гурӯҳи (с.-ҳои 1958 – 61) шогирдони Омӯзишгоҳи хореографии ш. Ленинград ҳамроҳ шуданд. Миёни онҳо, бахусус Б. Исоева, М. Бурҳонов, К. Холов, С. Узоқова, Т. Ҷаводзода, Ш. Турдиева фарқ мекарданд. Шӯҳрати ҷаҳониро санъати М. Собирова пайдо кард. Ба шарофати ӯ барномаи театр аз ҳисоби осори классикӣ – «Сабукмағз», «Нозанини хуфта»-и П. И. Чайковский, «Баядерка»-и Л. Минкус, «Дафнис ва Хлоя»-и М. Равел, «Шурале»-и Ф. Ярулин, «Ромео ва Ҷулйета»-и С. Прокофйев, «Аз паи тундар»-и Қ. Қароев ғанӣ гардид. М. Собирова анъанаҳои миллиро ҷасурона дар балетҳои «Афсонаи кӯҳӣ» ва «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов, «Темурмалик»-и М. Ашрафӣ ворид намуд.
Солҳои 80-уми а. 20 барномаи театр бо балетҳои «Кармен-сюита»-и Р. Шедрин, «Макбет»-и К. Молчанов, «Ҳазору як шаб»-и Ф. Амиров, «Юсуф ва Зулайхо», «Сиёвуш»-и Т. Шаҳидӣ, «Рубоиёт»-и Ф. Баҳор пурра гардид. Дар ин давра ба гурӯҳи операи театр Б. Муҳаммадқулов, Р. Муллоҷонова, З. Аминова, О. Сабзалиева, Н. Ҳамробоев, В. Каримов, Ф. Зайдуллоев, А. Холиқов, Г. Зорина, А. Денисов шомил гаштанд. Дар таҳрири нав классикаи ҷаҳонӣ садо дод.
Т. як зумра роҳбарони бадеӣ (Э. Д. Айрапетянс, М. Э. Абдуллоев, И. Э. Ниёзмамадов, Б. Меробов), режиссёрон (С. Саидмуродов, Ш. Низомов), балетмейстрон (Х. М. Муллоқандов, Х. Маҷидов) ва рассомон (Е. Г. Чемодуров, В. И. Фуфигин, В. С. Суслов, Р. Сафоев ва З. Собиров)-ро тарбия намудааст.
Ҷустуҷӯи эҷодии Т. идома дорад, ки далели он рӯи саҳна овардани операҳои «Рустам ва Сӯҳроб» (либреттои Н. Қосим, Т. Сатторов) ва «Амир Исмоил» (либреттои Н. Қосим, мусиқии Т. Шаҳидӣ) мебошад.

ТЕАТРИ ДАВЛАТИИ АКАДЕМИИ ДРАМАИ ТОҶИКИСТОН ба номи Лоҳутӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 86), театри аввалини касбии тоҷик. 7 нояб. с. 1929 ҳамчун Театри давлатии Комиссариати маорифи халқи Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ҳайати эҷодии театр аз иштирокчиёни гурӯҳи ҳаваскорони қисми тирандозии кӯҳӣ ва ҳунармандони гурӯҳи консертии ш. Бухоро иборат буд. Театр аввал дар Хонаи деҳқон (бинои ҳозираи Театри драмаи русии ба номи В. В. Маяковский) қарор дошт. Нахустин намо-ишҳои худро дар заминаи анъанаҳои ташвиқотии театри с-ҳои 20-и а. 20 иҷро менамуд. Муаллифони намоишномаҳои аввалин – М. Юсуфбеков, А. Аминзода, Т. Самадӣ ва М. А. Мунзим – дар офаридаҳои худ зиндагии вазнини халқи тоҷикро дар оғози асри гузашта ва дигаргуниҳои дар давраи ҳокимияти нав рухдодаро инъикос намудаанд. Солҳои 1930 – 34 дар театр Ф. Умаров, М. Самадов, С. Тӯйбоева, А. Саидов, Ф. Исматов, М. Қосимов, Х. Шоҳимардонов, Х. Ӯ рунов, М. Халилов, М. Мирсалимов, С. Саидмуродов, А. Бурҳонов, О. Зиёев, Л. Латифов, С. Бақоева, Н. Ғиёсов, С. Ғозибекова ва диг. кор мекарданд. Намоишномаҳои бисёрпардаи театр – «Ду коммунист»-и К. Яшин, «Ҳалима»-и Г. Зафарӣ, «Амир Олимхон»-и Ҷ. Бағдодбеков, «Мубориза»-и А. Усмонов – маҳорати ҳунармандони театрро дар иҷрои вазифаҳои душвори давр, ки дар пеши театр гузошта шуда буд, ба исбот расониданд. Тағйироте, ки дар тафакур ва рӯзгори халқи тоҷик ба амал меомад, дар намоишномаҳои «Душман»-и Ҷ. Икромӣ ва «Водии муҳаббат»-и Ғ. Абдулло нишон дода шуда буд. Соли 1933 бахшида ба 45-солагии А. Лоҳутӣ театр ба номи ӯ гузошта шуд. Соли 1936 барои кор дар театр аз Москва режиссёр Е. И. Мителман даъват шуд. Бо ташабусси вай дар Т. студия ташкил ёфт. Дар он ҳунармандон асосҳои услуби назариявии К. С. Станиславский, маҳорати ҳунармандӣ, таърихи театр, адабиёт ва гримро меомӯхтанд. Ҳунарпешагон мавриди иҷрои нақшҳо дар спектакл-ҳои «Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер, «Бӯҳтон»-и С. Саидмуродов ва И. Исмоилов, «Шодмон»-и С. Улуғзода, «Алкаср»-и Г. Мдивани маҳорати баланд нишон доданд. Дек. с. 1939 ба Т. унвони театри академӣ дода шуд. Баҳри коллективи театр ба саҳна гузоштани намоишномаҳои «Отелло»-и У. Шекспир, «Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода, «Рустам ва Сӯҳ-роб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн як навъ мактаби маҳорат ба шумор мерафт.
Дар солҳои ҶБВ (1941 – 45) театр ба осори қаҳрамонӣ-ватандӯстӣ муроҷиат намуд. Спектаклҳои «Дар фронт»-и Ё. Яъқубҷонов, «Хонаи Надир»-и Ҷ. Икромӣ ва А. Файко, «Дар оташ»-и С. Улуғзода, «Сарчашмаи тарсуӣ»-и Лопе де Вега, «Таҳмоси Хуҷандӣ»-и С. Саидмуродов ва М. Қосимов ба саҳна гузошта шуданд. Солҳои баъди ҷанг театр кӯшиш ба харҷ медод, ки тағйиротҳои дар тафаккури мардум ва вазъи ҷаҳонӣ баамаломадаро ба тавассусти намоиш додани спектаклҳо («Ғолибон»-и Б. Чирсков, «Садои Америка»-и Б. Лавренев, «Сарбоз»-и С. Саидмуродов ва М. Рабиев, «Ситора»-и Ҷ. Икромӣ) нишон диҳад. Дар барномаи театр ба осори классикони рус ва ҷаҳон диққати асосӣ дода мешуд («Ревизор»-и Н. В. Гогол, «Беҷиҳоз», «Камбағалӣ айб нест», «Гуноҳгорони бегуноҳ»-и А. Н. Островский, «Хидматгори ду хоҷа»-и К. Голдони, «Ромео ва Ҷулетта», «Шоҳ Лир»-и У. Шекспир).
Аввали с-ҳои 60-и а. 20 театр ба масъалаҳои замона таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, ки дар спектаклҳои «Имтиҳон», «Зиндагӣ ва муҳаббат»-и Ф. Ансорӣ, «Иродаи зан»-и А. Сидқӣ ба назар мерасид. Батадриҷ ба саҳна мавзӯъҳои таърихӣ низ роҳ ёфтанд («Рӯдакӣ» ва «Аллома Адҳам»-и С. Улуғзода, «Рустам ва Сӯҳроб» ва «Даъвати ишқ»-и Ғ. Абдулло, «Бежан ва Манижа»-и Х. Хушкинобӣ, «Зебуннисо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ).
Авв. солҳои 50-уми а. 20 ба ҳайати эҷодии театр ҷавонони соҳибистеъдод – хатмкардагони Ин-ти театрии ш. Тошкент, студияи тоҷикии Омӯзишгоҳи театрии ба номи Шепкин, Ин-ти давлатии санъати театрии ба номи Луначарский, студияи тоҷикии Ин-ти кинематографияи ш. Москва, аз с. 1971 дастпарварони Ин-ти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода – Г. Завқибеков, М. Воҳидов, Ҳ. Гадоев, М. Исоева, Қ. Имматшоев, Б. Раҷабов, Ҳ. Абдураззоқов, Г. Сафаралиева, М. Камолова, Н. Ҳасанов, Ф. Қосимов, С. Қосимова, Қ. Чақалов, А. Улфатшоев, Н. Абдуллоев, Б. Миралибеков, С. Сабзалиева ва диг. ҷалб карда шуданд. Театр ҳамчунин аз гурӯҳҳои ҳаваскорони те-атрҳои маҳаллӣ ҷавонони соҳибистеъдодро ба кор ҷалб менамуд. А. Муҳаммадҷонов ва Х. Назарова дар муддати кӯтоҳ нозукиҳои маҳорати ҳунармандиро ёд гирифта, симоҳои нотакрор ва барҷастаро офариданд. Асарҳои «Кӯпрук»-и Ф. Ниёзӣ, «Корвони бахт»-и М. Миршакар, «Фармони Кадушоҳ»-и А. Баҳорӣ, «Зистан мехост»-и М. Ҳакимова, «Мактубро ман навишта будам»-и Ф. Ансорӣ, «Лаҳзаҳои ҷовидонӣ»-и М. Бахтӣ ва «Дар чорсӯ»-и Н. Табаров барномаи с-ҳои 70 - 80-уми театрро ташкил медиҳанд. Дар ин солҳо театр зуд-зуд ба драматургияи ғарб муроҷиат менамуд: «Оилаи Бернарда Алба»-и Г. Лорка, «Эзоп»-и Ф. Фигейреду, «Антигона»-и Ж. Ануй, «Ишқи ман Электра»-и А. Дюрко. Ба ҳайати театр таҳияи фоҷиаҳои «Медея»-и Еврипид ва «Эдип»-и Софокл муваффақияти калон оварданд. Солҳои 80 – 90-ум театр дар мавзӯъҳои таърихӣ ва масъалаҳои рӯз як силсила намоишномаҳои хотирнишонро ба саҳна гузошт, ки дар байни онҳо «Кӯҳистонӣ», «Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев ва «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и М. Бахтӣ ба мубрамии худ фарқ мекунанд.
Саррежиссёрони театр: Х. Махмудов (1929 – 34), В. В. Тихонович (1934 – 36), Е. И. Мителман (1937 – 61), В. Я. Ланге (1961 – 64), Ф. О. Александрин (1964 – 68), К. Раҳматуллоев (1968 – 71), Х. Майбалиев (1971 – 77), Н. К. Детсик (1977 – 81). Солҳои 90-ум саррежиссёрони театр М. Миров ва Ф. Қосимов буданд. Саррежиссёри кунунӣ – Д. Убайдуллоев. Рассомони беҳтарини театр – Е. Чемодуров, М. Шипулин, Н. Қурбонқулов, М. Мухин ва Ш. Шобутолибов. Т. с. 1941 бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

 
ТЕАТРИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ба номи М. Воҳидов (хиёбони Н. Қаробоев, 23). Соли 1971 таъсис ёфтааст. Ҳайати эҷодии театр хатмкардагони ГИТИС ба номи А. Луначарский мебошанд. Т. фаъолияти худро бо намоишномаи «Васса Железнова» (аз рӯи пйесаи М. Горкий) оғоз намудааст (онро дар саҳнаи Театри ба номи А. Лоҳутӣ ба намоиш гузошта буд). Репертуари театр дар солҳои аввали ташкилёбии он аз намоишномаҳои зерин иборат буд: «Табиби зӯракӣ» -и Ж. Б. Молйер, «Тангои ҷиноятӣ»-и Э. Реннет, «Робиаи Балхӣ» -и А. Атобоев. Нахустин роҳбари бадеӣ – Ҳ. Абдураззоқов. Муҳимтарин воқеаҳои давру замон дар намоишномаҳои театр инъикос ёфтаанд: «Баҳори понздаҳум» -и А. Зак ва И. Кузнетсов, «Сафар Амиршоев»-и Т. Аҳмадхонов ва Р. Сафаров, «Модар»-и К. Чапек, «Латифаҳои деҳотӣ»-и А. Вампилов, «Торҳои муҳаббат»-и Қ. Киром. Театр ба драматургияи миллӣ аҳамияти махсус медиҳад. Аз ҷумлаи ҳунармандон ва режиссёрҳои театр драматургҳое ба монанди Ш. Солеҳов, Х. Нуров, М. Хаёлов ба воя расидаанд. Дар репертуари театр классикаи русӣ ва ҷаҳонӣ мавқеи махсус доранд: «Муаллими рақс»-и Лопе де Вег (1975), «Дон Жуан»-и Ж. Б. Молйер (1987) ва ғ. Т. солҳои 1980 – 2000 спектаклҳоро аз рӯи намоишномаҳои «Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ, «Сафар-Махсум»-и А. Ҳамдам, «Рудакӣ»-и С. Улуғзода ва ғ. ба саҳна гузоштааст. Дар театр режиссёрҳои боистеъдод ба монанди З. Ҷаводов, М. Ҷаводов, А. Қодиров, Н. Ҷалолов ба камол расидаанд. Ҳунармандони Т. – Г. Абдуллоева, Р. Қосимов, А. Қодиров, Т. Холиқов, А. Саодатова, И. Ғуломов, Ғ. Исломов, Б. Мингбоев, З. Хушвахтов ифтихори санъати театрии тоҷик ба шумор мераванд.

ТЕАТРИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИЯВИИ ЛӮХТАК (кӯчаи Ш. Шотемур, 54).  Соли 1985 дар назди Вазорати фарҳанги ҶТ ташкил шудааст. Ҳайати эҷодии театрро хатмкардагони Ин-ти давлатии санъати ба номи М. Турсунзода ташкил медиҳанд. Лоиҳаи бинои театрро меъмор А. И. Макуха тартиб додааст. Толори тамошобинони театр дорои 242 ҷои нишаст мебошад. Спектаклҳо бо забонҳои русӣ ва тоҷикианд. Беҳтарин намоишномаҳои Т.: «Саргузашти Нанук»-и Ш. Қиёмов, «Табассуми масхарабоз»-и С. Чеповеский, «Чӯҷаи заррин»-и В. Орлов, «Бозёфти гунҷишк»-и Ю. Харламов ва ғ. Т. иртиботи эҷодии худро бо театрҳои лӯхтаки ш.-ҳои Маскав, Таллин, Боку ва Тошкент барқарор кардааст. Дар ташаккули театр ва тарбияи кадрҳои босалиқаи ҷавон саҳми саррежисёр ва роҳбари бадеии театр З. Ҷаводов, рассом А. Гейвандов ва лӯхтакбоз А. С. Якобсонов бузург аст. Ходимони аввалини театр ва поягузорони ҳақиқии он В. Слепокуров, И. Иброҳимов ва М. Риков ҳисоб мешаванд. Дар заминаи таҷрибаи онҳо дар Т. ҷавонони болаёқат тарбия гирифтанд, ки ҳоло ифтихори театранд: У. Давронов, М. Ҳасанова, З. Муродова, Р. Бузруков, И. Сафаров, Б. Салимов, Н. Узоқова, Г. Масумбекова, Р. Тилабов, С. Крестянинов ва диг. Ҳайати театр бо сафарҳои эҷодӣ дар Олмон, Швейтсария, Эрон ва Покистон буд.


«ОИНА» (кӯчаи Парвин, 13а), театри таҷрибавии миниатюра. Бо ташаббуси У. Раҷабов 8.06.1991 дар назди Ҳукумати ш. Душанбе ташкил ёфтааст. Мақсади О. эҳё, муҳофизат ва инкишофи мероси бои халқи тоҷик, санъати театрии он мебошад. Коллективи театр асосан ба масъалаҳои мазмунан таърихӣ, фолклор, эҷодиёти халқ ва адабиёти хаттӣ рӯ меорад. Таҳлили усулҳои бадеии гӯяндагон ва ширинкорон, баромадҳои оммавии устодони ханда ва ҳаҷв, нозукиҳои алоҳидаи театри анъанавии тоҷикон водор месозад, ки масъалаҳои театри имрӯза бо назардошти расму оинҳои нав дида баромада шавад. «О.» дар ошкор сохтани қобилияти ҳаҷвнигории баъзе нависандагон ва рӯи саҳна овардани асарҳои онҳо саҳми арзанда дорад. Мас., намоишҳои «Ҷазираи беодам», «Тафтиш», «Вохӯрӣ», «Ватан – модар», «Забоншинос», «Дар таваллудхона» аз он қабил аст. Ҳамкории доимӣ бо муаллифон асарҳои ҳаҷвии «Тарҷумон» ва «Барқия»-и И. Раҳимиро ба вуҷуд овард. Дар гуногунрангии барномаи театр хидмати муаллиф ва иҷрокунандаи нақшҳо У. Раҷабов калон мебошад. Асарҳои ӯ – «Дузд», «Нома», «Кворум» ва «Рӯзи таваллуд» ба репертуари доимии театр дохил шудаанд. Дар репертуари театр ҷои намоёнро асарҳои ҳаҷвнигорони рус Владимир Поляков, Михаил Задорнов, Леон Измайлов ва Аркадий Инин ишғол мекунанд.
Гурӯҳи эҷодии театр аз устодони саҳнаи тоҷик У. Раҷабов, С. Мардонов, Р. Қурбониён, А. Раҳматуллоев, Т. Саидова, А. Муродов ва диг. иборат аст. Дар асоси асарҳои саҳнавии театр филм ва спектаклҳои телевизионӣ офарида шудаанд.

«АҲОРУН» (хиёбони Исмоили Сомонӣ, 8), театри тамошобини ҷавон дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе. Соли 1990 дар асоси студияе, ки роҳбари он Ф. Қосимов буд, ташкил шудааст. Гурӯҳи эҷодии «А.» аз актёрҳои Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов иборат аст. Намоиши аввалини театр – спектакли «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» аз рӯи асарҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ҷалолуддини Рӯмӣ, Фаридуддини Аттор ва Ҳофизи Шерозӣ (муаллифи намоишнома ва басаҳнагузор Ф. Қосимов). Намоишҳои минбаъдаи театр дар асоси асарҳои адабиёти классикии форс-тоҷик таҳия шудаанд: «Исфандиёр» ва «Шоҳ Фаридун» аз рӯи «Шоҳнома»-и Абул-қосими Фирдавсӣ (1992, 1997), «Даҷҷол» (1994), «Шайхи Санъон» (1996), «Қиссаи муҳаббат» (2000). «А.» с. 2002 спектакли «Зардушт»-и Р. Некдинро ба саҳна гузошт; с. 2003 дар фестивал-конкурси ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ бо фоҷиаи У. Шекспир «Шоҳ Лир» баромад кард.
«А.» чун театри режиссёрӣ ба вуҷуд омадааст. Ф. Қосимов ҳамчун роҳбари бадеии театр эстетикаи дар театри тоҷик вуҷуддоштаро тағйир дода, ба ҷои сабки маъмулӣ ҷасурона хулосаҳои хушобуранг ва воситаҳои муассири театриро ворид намуд. «А.» аз намоиш ба намоиш шӯҳрати хосса касб мекард, ба тамошобинон таассуроти ҷолиб мебахшид. Дар қатори С. Қосимова, Қ. Собирова, К. Ҳамидов, Х. Солеҳов инчунин артистони ҷавони театр К. Мирзоев, Х Мустафоев, Х. Чиллаев, С. Ҷанҷолов, Н. Абдуллоев ва рассом Х. Пиров шӯҳрат ба даст оварданд. Коллективи театр дар ш. Москва, ҳамчунин Ӯ збекистон, Эрон, Белгия, Полша ва Фаронса баромад кардааст.