Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Тақсимоти маъмурӣ
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Тақсимоти маъмурӣ

 Шаҳр аз 4 ноҳия иборат аст: Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур.

Мақомоти иҷроияро дар ноҳияҳои пойтахт раисони ноҳияҳо муаррифӣ мекунанд. Душанбе шаҳри аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта мебошад. Қонуни ҶТ «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шаҳри Душанбе шароити ҳуқуқӣ, ташкилотӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меоварад, ки уҳдадориҳои пойтахти Тоҷикистонро амалӣ созад.

Хароҷотҳои шаҳри Душанбе марбут ба амалӣ намудани уҳдадориҳои пойтахти Тоҷикистон, пурра аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.

 

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

САЛИМЗОДА Нусратулло Файзулло

 

08salimzoda.jpg

4 феврали соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои тиб.

Соли 1988 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури муолиҷавӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 5-и шаҳри Душанбе ҳамчун бародари шавқати шӯъбаи ҷарроҳӣ оғоз намудааст.

Солҳои 1988-2008 ҳамчун духтури беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, духтури беморхонаи вилояти Халон, муовини аввал ва сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А.М. Дяков, сардухтури Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои саратон ва директори Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон ва Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи январи соли 2008 то 12 январи соли 2017 Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардид.
Соли 2004 бо ордени «Шараф» дараҷаи I ва соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардонида шудааст.

 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Суроға: кӯчаи Маяковский, 13/1



 

 

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

САМӢ Шариф Ҳамид

   

09sami_sharif.jpg

22 апрели соли 1957 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1979 Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандиси барқ ва соли 2006 Академияи хизмати давлатии  Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1979 дар Идораи махсуси «Гидроспетсстрой» дар ноҳияи Данғара ҳамчун Челонгари барқи дараҷаи 1-ум оғоз намуд, то соли 1995 дар вазифаҳои механики азнақббарории ҳамин идора, муҳандис, муҳандиси калон, иҷрокунандаи вазифаи сардор, ҷонишини сардор, сардори Идораи сайёри махсуси механиконидашудаи № 42-и Ширкати «Тоҷик-ирмонтаж», ноҳияи Данғара фаъолият намудааст.

Солҳои 1995-1999 Муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа буд.

Солҳои 1999-2002 дар вазифаҳои Муовини Раиси Ширкати давлатии саҳҳомию ҳолдингии «Барқи Тоҷик» ва Муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2002-2005 Раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва солҳои 2005-2006 Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд.

Солҳои 2006-2009 дар вазифаҳои Раиси Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» ва солҳои 2009-2010 Директори Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев кор кардааст.

Аз соли 2010 то соли 2014 ба ҳайси Раиси шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон фаъолият намудааст.

Аз 21 феврали соли 2014 то 12 январи соли 2017 Директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардид.

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

 

 Суроға: кӯчаи Шотемур, 29

 

 

 


Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

ҲАКИМЗОДА Низом Ҳоҷӣ

 

10hakimzoda.jpg

4 октябри соли 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1983 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ, соли 2007 Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончии соҳаи роҳ хатм намудааст.

Соли 1983 фаъолияти меҳнатиашро дар Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгарди РСС Тоҷикистон ҳамчун иқтисодчии трест оғоз намуда, минбаъд то соли 2001 дар вазифаҳои муҳосиб-ревизори трести «Тоҷикдорстрой»-и идораи автомобилгард, Иқтисодчии пешбари Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, муовини сармуҳосиб, сармуҳосиб, муовини сардор, сардори трести «Тоҷикдорстрой»-и идораи автомобилгард, муовини директори корхонаи ДСП Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идораи иқтисоди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ширкати «Энтес» кор кардааст.

Аз соли 2001-2011 дар вазифаи Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи эҳёи роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб фаъолият намудааст.
Солҳои 2011-2013 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 17 январи соли 2014 то 12 январи соли 2017 дар вазифаи Муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид.

Соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардонида шудааст.

 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

 

Суроға: кӯчаи Айнӣ, 20




 


Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Табарзода Ҷамшед

 

raisTabarzoda.JPG

2 октябри соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1990 Институти политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси сохтмони саноатӣ ва гражданӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1990 ба ҳайси устои минтақавӣ, баъдан прораб, баъдан сардори участка, муовини сардор ва сардор оғоз намудааст. Соли 1999 дар вазифаҳои сардори Раёсати сохтмонии №23, сардори Ширкати сохтмони давлатии «Тоҷиксохтмон», шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз соли 1999 то соли 2004 дар вазифаи Директори Ҷамъияти саҳомии «Саноатсохтмон», шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз моҳи август то моҳи октябри соли 2004 ҳамчун ҷонишини директори Муассисаи мелиоративии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2004 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. То соли 2015 дар ин вазифа адои хизмат намуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2015 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва аз моҳи октябри соли 2015 Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин гардид.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар даъватҳои сеюму чорум ва панҷум мебошад.

 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

 

Суроға: кӯчаи Неъмат Карабоев, 40