ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №327 АЗ 30.06.2022
Дар бораи ташкил намудани ҷойҳои муваққатии забҳи чорво дар арафаи иди Қурбон дар соли 2022
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 январи соли 2022, № 39 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2022» ва таҷлил намудани иди Қурбон дар соли 2022, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ҷойҳои муваққатии забҳи чорво дар арафаи Иди Қурбон дар ҷойҳои муайяншуда тибқи замима ташкил карда шавад.
2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Раёсати Кумитаи бехатарии озуќаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати пешгирии забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешанд.
3. Шуъбаи иттилооти дастгоњи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси њамаҷонибаи муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монанд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ