Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №410 АЗ 05.08.2022

05 Августи 2022, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон бахшида ба таҷлили ҷашни 31–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷил намудани ҷашни 31–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,

                                                          ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон бахшида ба таҷлили ҷашни 31–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 15 августи соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати Кумитаи тадорукот ва барномаи баргузории мусобиқа тибқи замимаҳои №1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри ҳушанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани чемпионати мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тамоми хароҷотҳои молиявии чемпионатро аз ҳисоби Федератсияи бадминтони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида, таъмин намояд.

5. Муовини Раиси шаҳри Душанбе–сарпарасти соҳа, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи ҷумҳуриявии бадминтони Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

6. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани Чемпионати мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

7. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», «Телевизиони Варзиш» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории чемпионати мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе -сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                 Рустами Эмомалӣ

Илова кунед