Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №433 АЗ 09.08.2022

09 Августи 2022, Сешанбе

    Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба футболи хурд миёни наврасони пойтахт барои дарёфти «Ҷоми шаҳри Душанбе»    

   Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 31 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» 

                                                        ҚА Р О Р   М Е К У Н А М :

     1. Мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба футболи хурд миёни наврасони пойтахт барои дарёфти «Ҷоми шаҳри Душанбе» дар майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдаконаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

  1. Ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои № 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
  2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида бо дарназардошти андоз маблағи 65 400 (шасту панҷ ҳазору чорсад) сомонӣ ҷудо намояд.
  3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, Муассисаи давлатии «Раёсати кор  бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ», Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо Кумитаи тадорукот, Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, раисони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт барои даъват ва ҷалби дастаҳои наврасони пойтахт тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир гардидани мусобиқаи мазкур чораҷӯӣ намоянд.
  4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ» ва бехатарӣ аз сухтор чораҳои зарурӣ андешанд.
  5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  6.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                                                                                                  Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед